Имрӯз, 6 феврали соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини якум ва муовинон, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирко доштанд.
Дар оғози ҷаласа раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъкиду супоришҳои дигаре, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дода шуда буд суханронӣ намуданд. вобаста ба ин масъала ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дода шуд.
Дар идомаи ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 бармеояд назару андешаи худро бо факту далелҳо ва таҳлилҳои амиқу дақиқ ба аҳли толор изҳор доштанд.
Ҳамчунин дар идомаи ҷаласа намояндаи шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар идома мудири бахши иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон бобати қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб дар бораи озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Тоҷикистон-Ватани азизи ман, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ба саҳми ҳамагон расонид.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу вобаста ба омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди раиси шаҳр муфассал ҳисобот дод.
Зимни баррасӣ ва муҳокимаронии масъалаи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати саривақт иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охир, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, таъмини иҷрои дурнамои кишти маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, бо оби нушокӣ наъмин намудани аҳолие, ки аз об танқисӣ мекашанд, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, иҷрои нақшаи андоз ва пардохт намудани бақияпулиҳои он, саривақт пардохт намудани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, назорат аз рафти амаликунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, шинонидани дарахтон ва гулу буттаҳо дар назди ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъалаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP