Дар толори Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шӯрои кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Руъё Сафарӣ, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила Нурзода Парвина, аъзои Шӯрои занон, раисони шӯроҳои занони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Сараввал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолона кор ва роҳбарӣ мекунанд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб низ занону бонувони соҳибкасбу соҳибмаърифат зиёданд, ки боиси ифтихор аст.
Дар идома мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Руъё Сафарӣ оид ба фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар соли 2022 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Зимни баромад иброз гардид, ки ҳадафҳои асосии фаъолияти шӯъбаи кор бо занон ва оила таъмин намудани кафолатҳои баробарҳуқуқии мардон ва занон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, таъмин намудани фаъолияти соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии занон, иштирок дар ҳалли мушкилоти оилавӣ ва дар маҷмуъ риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сипас, намояндаи шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Саидова Мамлакат, аъзои Шурои занони соҳаи тандурустӣ Раъно Ғафурова, шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода ва дигарон баромад намуданд.
Дар кори Шӯро пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, хусусан бегонапарастӣ, ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар анҷоми ҷаласа нақшаи кории ҳайати нави Шӯро ва нақшаи корӣ барои соли 2023 тасдиқ карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP