Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давалату Ҳукумат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва ҳамчунин бо мақсади амалигардии ҳадафи чоруми старатегии кишвар- саноатикунонии босуръати мамлакат ҳар ҳафта вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор карда мешавад.
Ин навбат санаи 3 феврали соли 2023 бо мақсади бартараф намудани мушкилиҳои дар самти саноат мавҷудбуда, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, вусъат бахшидан ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар корхонаи ҶСК “Сомон Кӯлоб Таҷҳизот” вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои сохташаванда баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба шароит ва рафти фаъолияти кории корхонаи ҶСК “Сомон Кӯлоб Таҷҳизот” шинос гардида, бо кормандони корхона суҳбат намуд.
Сипас дар толори маҷлисгоҳи корхонаи мазкур бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ машварат баргузор гардид.
Зимни машварат қайд гардид, ки бо дастгирию ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Кӯлоб низ ҳамчун яке аз шаҳрҳои пешрафта дар самти саноат рушд ёфта истодааст. Бо ин мақсад, ҳар як соҳибкорро мебояд фаъолияти корхонаҳои саноатиро беҳтар намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсиси дода шавад, дар ин замина сатҳи зиндагии аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб беҳтар хоҳад шуд.
Дар охир роҳбарияти шаҳр ҳар як масъулинро вазифадор намуд, ки фаъолияти корхонаҳои саноатиро хуб ба роҳ монанд то сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар гардида, ҷойҳои кории нав барои сокинон фароҳам оварда шавад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP