27 декабри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибон, намояндагони васоити ахбори омма ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.

Ҳамчунин дар иҷлосияи мазкур намояндаи вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон ширкат доштанд.

Дар иҷлосияи понздаҳуми даъвати шашум раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр масъалаҳои ҷаласаро ба ҳозирин хотиррасон намуда рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардид.

Тибқи рӯзномаи тасдиқгардида раиси шаҳри Кӯлоб доир ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб дар соли 2022 гузориш пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ руйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зиёд буданд. Аз ҷумла ҷашни бузург ва муқаддаси миллиамон 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 солагии Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, корҳои зиёди ободонию созандагӣ амалӣ карда шуданд.

Рўзи 14 декабри Маҷмааи Созмони Милали Мутаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, бо қатъномаи худ соли 2025-ро «Соли ҳифзи пиряхҳо» эълон намуд. Ин руйдоди сатҳи ҷаҳонӣ панҷумин ташаббуси пазируфташудаи Тоҷикистон буда, ифтихори мардуми тоҷик аст.

Зимни баромад изҳор доштанд, ки Пешвои муаззами миллат санаи 23 декабр Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд ва ин ҳуҷчати қутнаморо ҳамагон бояд барномаи фаъолияти минбаъдаи худ қарор диҳем.

Соли 2022 барои сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб низ аз ҳар ҷиҳат бобарор буд. Бахусус сафари кории Ҷаноби Олӣ рӯзҳои 23-24 октябр ба шаҳр ва аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мавриди истифода қарор дода шудани чанд иншооти таъиноти гуногун ба сокинон рўҳу илҳоми тоза бахшид.

Ҳамин тариқ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону раиси вилояти Хатлон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, дар зарфи моҳхои январ-ноябри соли 2022 бобати пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Ҳамин тавр роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳисоботи ҷамъбастиро дар давоми фаъолити соли 2022 ба саҳми ҳозирин расонид.

Дар идомаи муҳокимаи масъалаи мазкур вакил аз ҳавзаи интихоботии №3 Асозода Ҳотамшо, вакил аз ҳавзаи интихоботии №7, Худойдодова Шарофат ва Неъматзода Рустам вакил аз ҳавзаи интихоботии№15 баромад намуданд.

Сипас аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Ҳабибулло Раҳимов “Дар бораи иҷрои буҷети маҳалии шаҳри Кӯлоб дар соли 2022 ва қабули буҷети маҳаллӣ барои соли 2023” ҳисобот пешниҳод намуд.

Зимни баррасии масъалаи мазкур хулосаҳои комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб “Оид ба иқтисод, буҷет, молия, андоз, савдо ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” аз ҷониби Исмоилзода Саймурод пешниҳоди ҳозирин гардид.

Ҳамчунин аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис “Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саймурод “Оид ба иқтисод, буҷет, молия, андоз, савдо ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” ҳисобот пешниҳод намуд.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис лоиҳаи қарор “Оид ба тасдиқи нақшаи даромади андози иҷтимоӣ барои соли 2023” ва “Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои соли 2023, аз ҷониби вакилон тасдиқ гардида лииҳаи қарор қабул гардид.

Бо ҳамин тартиб муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён лоиҳаи қарори номгузорӣ кардани маҳаллаи 8-ум ба номи Асадулло Қурбонов ва Муассиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и шаҳри Кӯлоб ба номи Файзалӣ Ҷабборро ба иштирокдорон пешниҳод намуд.

Бояд гуфт, ки Қурбонов Асадулло яке аз шахсони ватандӯст буда умри бобракати хешро дар ҳамин шаҳри Кӯлоби бостонӣ гузаронидааст.

Файзаллӣ Ҷаббор низ яке аз шахсони ватандӯст ва корнамоиҳояш баҳри ҳимояи Ватан барои дигар ҷавонон намунаи ибрат мебошад.

Ҳамин тавр лоиҳаи қарор дар ин мавзуъ лоиҳатасдиқ гардида аз ҷониби вакилон қабул карда шуд.

Сипас аз рӯи масъалаи ҳафтуми рӯзномаи маҷлис лоиҳаи қарор “Дар бораи буҷети иловагии шаҳри Кӯлоб барои семоҳаи чоруми соли 2022 тасдиқ гардид.

Аз рӯи масъалаи ҳаштуми рӯзномаи маҷлис роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Абдуллоев Файзулло “Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр” дар назди ҳозирин баромад намуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳошияи иҷлосияи понздаҳум, даъвати шашуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон баромад намуда, нуқтаҳои муҳимии суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин ироа намуд.

Баъди муҳокимарониҳои масъалаҳои иҷлосия раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос буда, баҳри беҳбудии рӯзгори мардум саъюу талоши бештар дошта ҷиҳати вусъат додани корҳои ободониву созандагии шаҳри Кӯлоб саҳмгузор бошем.

Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP