Дар шаҳри Кӯлоб дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди саноат ва роҳҳои обод пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Бо мақсади амалӣ намудани чунин нақшаҳои созанда танҳо дар давоми соли 2022 роҳи алтернативӣ дар кӯчаи Чармгари поён ва роҳҳои маҳҳаллаҳои Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Сино, ки дар маҳаллаҳои охирон номбаршуда сокинонаш ҳатто роҳи сангфарш надоштанд, асфалтпуш карда шуд. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зиракӣ низ миқдорӣ муайяни роҳ, ки ба роҳи хусусияти ҷумҳуриявидошта ворид буд, асфалтпуш гардид. Ҳамзамон, Роҳи оромгоҳи деҳаи Сангпар низ қариб ду километр асфалтпуш шуд. Ғайр аз ин, беш аз даҳ километр пиёдароҳҳо бунёд, таъмир ва ё азанавсозӣ карда шуданд. Инсофан бигӯем, чунин суръати ободонии роҳҳои маҳаллӣ, ки бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроя сурат гирифта бошад, дар гузашта собиқаи кам дошт. Зимнан, шояд муаллиф дида бошад, намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз тариқи барномаҳои шабакаҳои телевизионии "Тоҷикистон" ва "Хатлон" низ гуфта буд, ки дар баробари роҳҳои дохилишаҳрӣ ба ободии роҳҳои дохилии ҳудуди деҳаҳо низ вусъати тоза мебахшем. Яъне масъалаи ободии роҳҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур набуд. Боварӣ дорем, муаллиф низ аз ҳамин гуфтаҳо илҳом гирифта, ба ободии роҳҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳот боварии бештар ҳосил карда, чунин маводи хуби таҳлилиро (бигзор то андозае эҳсосотӣ ҳам намояд) таҳия намудааст. Бо арзи сипос баро ҷалби бештари таваҷҷуҳ ба ин масъала, иброз медорем, ки минбаъд низ бо истифода аз ҳама гуна имкониятҳои буҷаи маҳаллӣ ва тавре муаллиф қайд кардаанд, соҳибкорони бонангу номуси Кӯлоб кор дар самти таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгарду пиёдароҳҳои ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб вусъат дода мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP