Кӯлоб: 10.11.2022с. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола санаи 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар толори қисми минтақавии раёсати ВКД ҶТ оид ба гуруҳҳои ноҳияҳои Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади идона раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати кормандони милитсия ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр суханронӣ тамоми Кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуд.

Изҳор гардид, ки дар раванди таъмини суботи сиёсӣ ва Ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон, талошу ҷонисориҳои ҳар фарди огоҳи ин миллат, хосатан қишри равшанфикрони ҷомеаи Тоҷикистон, ки роҳбарии онҳоро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доштанд аҳамияти бориз дорад.Маҳз таавассути чунин хизматҳои бемисл Тоҷикистони биҳиштосо аз вартаи нобудӣ ва ҳалокати сиёсӣ наҷот ёфт.

militsiya

Саҳифаҳои аввалин таърихи фаъолияти миллитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондустиву ватандӯстӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фалаҷ гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани ноумеди ва умуман бесуботи сиёсӣ, милитсияи тоҷик аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳояш, ки миллату давлат дар назди он гузошта буданд усулан сарпечӣ накард ва дар ин раванди ниҳоят душвор баҳри таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти комили ҷомеаи Тоҷикистон ҷонисориҳои бемисл анҷом додааст. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин ҷода чунин зикр намудаанд. «Ҷасорат ва мардонагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар солҳои барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ аз худ нишон доданд, ҳеҷгоҳ аз хотири халқ зудуда нахоҳад шуд».

Дар идомаи ҷамъомад сардори ШВКД-и шаҳри Кӯлоб, генерал-майёри милитсия Қунғуротзода Фотеҳ баромад намуда афзуд, ки мақомоти милитсия яке аз сохторҳои бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкилёбӣ то имрӯз ҳамчун нерӯи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузор мебошад. Мақомоти мазкур дар лаҳзаҳои сангини таърихи кишвар аз имтиҳоноти ҷиддӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст.

Таъкид шуд, ки имрӯз бо дастгирию пуштибонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохила ба сохтори тавонои ҳифзи тартибот табдил ёфтааст ва барои кормандони он тамоми шароити зиндагӣ ва хизматӣ аз қабили таъминот бо манзили истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ, таҷҳизоти муосир, хизматрасонии тиббӣ ва таълиму фароғат муҳайё карда шудаанд.

Дар охир ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик роҳбарияти шаҳр ба роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳр барои саҳми арзанда гузоштан дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

Шамсия Наврӯзова, мутахассиси пешбари бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP