Боиси зикр аст, ки сатҳу сифати хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ рӯз то рӯз баланд гардида дар ин самт хизматрасониҳои мобилӣ беҳтару хубтар гардидаа истодааст.

Бояд гуфт, ки  дар асоси нақша- чорабиниҳои Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои хизматрасонии мобилӣ баҳри осон гардидани мушкилоти сокинон фаъолият намуда истодаанд.

O mobile 1

Дар ин замина дар маркази шаҳри Кӯлоб воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ нуқтаи хизматрасонии O mobile  дари худро барои муштариён боз намуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки  дар нуқтаи фаъолгардида айни ҳол зиёда аз 4-нафар ҷавонон ба ҷои кори доимӣ таъмин гардида, утоқхои корӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизотҳои лозима муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.  

Соҳибкорон ният доранд, ки дар оянда низ баҳри фаъолияти хуби хизматрасонии  симкортҳои мобилӣ ва алоқаи сокинон  дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ таъсис диҳанд, то  ки ҷавононро ба ҷои кори доимӣ таъмин намоянд.

Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP