Дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 ноябри соли равон ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар фаъолони шаҳр самимона истиқбол гирифтанд.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябр то 6 ноябр дар назар дошта шудааст.
Дар ин замина бо мақсади густариш додани робитаҳои фарҳангии ин ду кишвар ва дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва таҷлил аз рӯзи таъсисёбии театри тоҷик дар театри мусиқӣ- мазҳакавии Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбарияти шаҳр ва ҳайати меҳмонон ҷамъомад баргузор гардид.
Нахуст, дар ҷамъомади мазкур раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, ҳузури меҳмононро ба Кӯлобшаҳри бостонӣ хайрамақдам хонд.
Қайд кард, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола рӯзи театри тоҷик дар мамлакат бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад ва дар даврони истиқлолият таҷлили ин рӯз ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Изҳор гардид, ки театр дар ҳақиқат муаррифгари симои миллат буда, дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум саҳми созгор дорад.
Сипас, намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон баромад намуда оид ба робитаҳои муштараки илмиу адабии миёни Тоҷикистон Эрон изҳори назар намуд.
Дар идомаи ҷамъомад намоиши театрӣ дар иҷрои ҳунармандони театри шаҳри Кӯлоб вохӯрии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо Амир Темур аз рӯи асари Ашӯр Сафар “Солори Аҷам”, дар таҳияи Мирзоватан Миров баргузор гардид.
Дар охир ба як қатор ҳунармандони театри шаҳр бахшида ба Рӯзи театри тоҷик Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
 
Матлаби бештар дар сомонаи ичтимоии facebook
Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP