1 ноябри соли равон дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Пеш аз оғози чорабинӣ дар назди майдони марказӣ Маросими қадрдонии ғолибони Озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳру минтақаи Кӯлоб, сарварони муассисаҳои оливу касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар меҳмонону зиёиёни шаҳри бостонии Кӯлоб баргузор гардида ба ғолибон Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Сипас, чорабинии идона бо роҳпаймоии ҳазорон нафар фаъолону собиқадорони меҳнат ва кормандони касбу кори гуногун бо шиору овезаҳои тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз майдони марказӣ то Қасри Фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб идома ёфт.

313441582 637291408037730 7957051820502052350 n

Маросими расмӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар идома роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар қатори дигар хизматҳои бузурги худ, инчунин баҳри эҷоди конститутсияи нав заминагузорӣ кард. Зеро ғояи меҳварие, ки дар ҳамин Иҷлосия баён гардид, баъдан аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ворид карда шуд. 6 ноябри соли 1994 ҷиҳати қабул онро дар раъйпурсии умумихалқӣ ба мардум пешниҳод карданд ва бо аксарияти овозҳои шаҳрвандони мамлакат пазируфта шуд.

Қайд гардид, ки Конститутсия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳоро ба зиндагӣ, дахлнопазирии шахсият, ҳимояи судӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, доштани моликият ва мерос, ташкили оила, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва ғайраҳо дод. Ин санади муҳим заминаҳоро барои давлатдорӣ ба вуҷуд оварда, чаҳорчӯбаи фаъолияти онро муайян намуд, ки бо назардошти шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва миллии ҳаёти мамлакат онҳо рушду такмил дода мешаванд.

Маҳз ба туфайли ҳамин ҳуҷҷати муҳим ҳоло дар кишвар системаи муташаккилу устувори сиёсӣ ташкил карда шудааст. Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки коршиносони ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ Конститутсияи кишвари моро яке аз Конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон донистанд-изҳор намуд раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр.

Дар чорабинӣ ҳамчунин, Раҳмонзода Шарифхон раиси Суди шаҳри Кӯлоб баромад намуда қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад.

Ҳамчунин профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулло Маҳмуд зимни суханронии хеш иброз дошт, ки бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он мардуми кишварро ба созандагиву бунёдкорӣ, дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ кард.

Дар идомаи маросими идона бахшида ба Рӯзи Конститутсия аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб як қатор фаъолони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои давлатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва минтақаи Кӯлоб барои фаъолияти пурсамар дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯло сарфароз гардонида шуданд.

Баъдан, гузориши телевизионӣ аз лаҳзаҳои фараҳбахши сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардид.

Дар қисмати охири чорабинӣ барномаи омоданамудаи иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” ва ҳамчунин барномаи консертии бахши фарҳанги шаҳр ва ҳунармандони маъруфи кишвар манзури иштирокчиён гардид.

Бахши матуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP