Ҳамдиёрони азиз!

 Ҳамагонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон аз самими дил табрику муборакбод гуфта,  пеш аз ҳама саломатӣ, рӯзгори хурраму осуда, сулҳи абадӣ ва осмони софу беғубор таманно менамоям. .

Ҳамчунон ки ҳамагон дар хотир дорем ин ҷашни миллӣ то вақтҳои наздик ҳамасола дар санаи дигар, яъне рӯзи 22 июл ҷашн гирифта мешуд ва ин сабаби воқеӣ дошт. Мебояд тазаккур дод, ки дар замони Шӯравӣ, бинобар сабаби мақоми давлати доштани забони русӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам, ки қисми таркибии ҳамон давлат буд, аксарияти чорабиниҳо (маҷлису машваратҳо, семинарҳо, конференсияҳо ва ғайра) бо забони давлатӣ созмон дода мешуданд. Насли калонсол  ин ҳолатро ба хубӣ дар ёд доранд. Истифодаи забони тоҷикӣ асосан дар гуфтугузори кучаву дохили оилавӣ ба назар мерасид. Дар натиҷаи ин гуна сиёсати якҷониба мавқеи забони тоҷикӣ хеле маҳдуд гардида буд.

Вале дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа, дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷунбишу созмонҳои демократӣ ба миён омаданд. Бахусус ҳиссимиллии мардуми тоҷик бедор гардида, дар ҳама гушаву канори мамлакат мардум дар маҷлисҳо, инчунин тавассути васоити ахбори омма изҳори назар ва талаб менамуданд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Гурӯҳҳои ташаббускор барои расидан ба ин мақсад имзои мардумро ҷамъоварӣ намуда, варақаҳои имзоҷамкуниро баста-баста ба мақомотҳои марбутаи ҷумҳурӣ пешниҳод мекарданд. Зери ана ҳамин фишорҳо рӯзи 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул гардид ва тибқи он забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатиро касб кард. Аз ҳамон рӯз то соли 2009 санаи 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд.

Аммо соҳибихтиёру соҳибистиқлол шудани кишвар имконият фароҳам оварданд, ки қонунгузорӣ такмил ва қонунҳо ба талаботи давру замон мутобиқ гардонида шаванд. Бахусус Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Забони давлатии Тоҷикистон» қабул намуд. Рӯзи 5 октябри соли 2009 ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд. Пас аз ин Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот даровард ва рӯзи 5 октябр  Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон эълон гардид. Инак соли 13-ум аст, ки халқи Тоҷикистон ин санаи муҳимро ҳамчун Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба муносибати Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз  намояд.

Забони миллӣ оинаи пурҷиллои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад».

Ба маврид аст зикр кунем, ки нақш ва ҷойгоҳи Пешвои муаззами миллат дар баланд бардоштану бартарӣ додани рукнҳои давлатӣ, бахусус забон ниҳоят бузург аст. Зеро ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои доимии Ҷаноби Олӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, забони давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид. Пеш аз ҳама дар ин давра ба сифати як унсури миллатсоз ҳусну қубҳи худро дигар ва дар ҷомеа мавқеи худро устувор намуд.

«Барои ман – мегуянд Сарвари тоҷикони дунё – забони тоҷикӣ натанҳо воситаи гуфтугую муошират, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонамон ва оиннаи осори ниёконамон мебошад». Ин гуфтаҳо далели онанд, ки забони давлатӣ зери пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат ва давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки бо забони тоҷики тули асрҳо адибони машҳури олам, аз қабили Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдиву Ҳофизу Хайём, Ҷомиву Бедилу Мавлавӣ асарҳои безаволи худро эҷод карданд ва онро беолоиш нигоҳ доштанд.

Дигар бузургони ҷаҳон ҳам умуман забонро васф карда, онро яке аз шартҳои мавҷудияти қавму миллатҳо донистаанд. Аз ҷумла адиби машҳури доғистонӣ Расул Ғамзатов мегуяд: «Агар донам, ки фардо забони ман мемирад, розиам, ки ман имрӯз бимирам».

Модоме чунин аст, биёед ҳамагон ба қадри забони давлатии худ расем. Онро ҳамаҷониба эҳтиром кунем, барои ҳифз ва рушду такомуллаш заминаҳои мусоидро ҳарчӣ зиёдтар фароҳам оварем. Зеро миллате, ки забонашро тавоно намесозад, пос намедорад, азиз намешуморад, оқибаташ заволу нестист.

Бори дигар Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!     

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP