БЕ МУРАББӢ ЗЕРИ ГАРДУН МУЪТАБАР НАТВОН ШУДАН
Сухани табрикотии
раиси шаҳри Кӯлоб
Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида ба Рӯзи омӯзгорон
Устодону омӯзгорони арҷманд!
Дар мамлакати соҳибистиқлоли мо якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми омӯзгорон ва аҳли илму маорифи шаҳри Кӯлобро ба муносибати иди касбӣ — Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатӣ, саодату сарбаландӣ, зиндагии шоиста, ва расидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмиву омӯзгорӣ ва эҷодиро таманно дорам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: "Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф - сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад".
Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман, рушди ҳиҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия вобаста аст.
Рушди босуботи илму маориф ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳамрадиф намудани низоми таҳсилот омӯзгорони шаҳри Кӯлобро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати самаранок гардонидани сифати таълиму тарбия кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Воқеан дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар таваҷҷуҳ ба бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст. Ба андешаи созандаи Роҳбари давлат, бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбати маориф сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободу босаодати ватан мебошад.
Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: “Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст”. Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли созандаву шоистаи миллат дар замони пурҳаводиси ҷаҳонишавӣ масъул аст.
Боварии комил дорам, ки устодону омӯзгорони шаҳри бостонии Кӯлоб бо масъулияти баланди касбии хеш минбаъд низ барои дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намудани насли ояндасози миллатату давлат саъю талош меварзанд.
Бори дигар Иди касбӣ муборак, устодону омӯзгорони азиз!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP