Таҳти ин унвон дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Нозимзода Фариштамо, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, декани факултети филологияи рус, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Шарипова Одинамо, номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, Холмуродзода Меҳрафрӯз, саромӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, Кенҷаева Озодамо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат доштанд.

Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ дотсент Шарофат Худойдодова суханронӣ намуда ҳозиринро ба ин санаи фархунда,  31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Қайд намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози Истиқлолият вобаста ба тахкими макому манзалат ва таъмини риояи хукуки конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, мутобиқи меъёрҳои чомеаи демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Нозимзода Фариштамо тамоми занони шаҳри Кӯлобро ба ин ҷашни бузурги миллии халқи тоҷик самимона табрик намуд. Изҳор дошт, ки занону бонувон дар ҷомеа қувваи бузург буда, бо шукргузорӣ аз ваҳдату якдилӣ, сулҳу субот ва фазои тинҷу ороми кишвар дар тамоми соҳаҳои хоҷагиҳои халқи мамлаат фаъолияти босамар доранд.

Дар идомаи конференсия дотсент Шарипова Одинамо дар мавзӯи “Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар замони сиҳибистиқлолии кишвар”, дотсент Холмуродзода Меҳрафрӯз дар мавзӯи “Зан ва Истиқлолият”, саромӯзгор Кенҷаева Озодамо дар мавзӯи “Нақши зан дар замони Истиқлол” маърузаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир, конференсияи мазкур бо саволу ҷавоб ва музокираҳои омӯзгорону донишҷӯён ҳусни анҷом ёфт.

Шамсия Наврӯзова, мутахассиси пешбари бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP