Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои   миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмиллалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” баргузор гардид.

      Ҳамоиши мазкур нахуст бо пазирої ва истиќболи гарму самимии меҳмонону иштирокчиён сурат гирифт.

      Сипас иштирокчиёни чорабинӣ   аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, номгӯ ва иқтидори истеҳсолии онҳо, намунаи масолеҳи сохтмонӣ,  ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ,  гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар захираҳои табии шаҳру минтақаи Кӯлоб   дидан карданд.

     Тазаккур бояд дод, ки дар  Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давалатӣ, сармоягузорон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Арабистони Саудӣ, Туркия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок доштанд.

forum 2

      Форум бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориии байналмиллалӣ дар Тоҷикистон, Мунео Такасака, сармоягузорони хориҷӣ, соҳибкорони ватанӣ ва дигарон оғоз гардид.

     Зимни суханронии худ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода, доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби сармояи ватанву хориҷӣ ба иқтисодиёти минтақаи Кӯлоб, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон, инчунин самтҳои ояндадори ҳамкорӣ ибрози назар намуд.

     Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилоят, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб ҷалб намуда, оид ба самтҳо ва имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар вилоят суханронӣ намуд.

      Дар идома Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар самти тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи сармараноку оқилонаи имконоти ҳамкориҳои байналмиллалӣ изҳори андеша кард.

      Маврид ба зикр аст, ки дар чорабинии мазкур Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориии байналмиллалӣ дар Тоҷикистон, Мунео Такасака, барои пазироии сатҳи баланд, изҳори сипос намуда, таъкид дошт,  ки ин баҳамоӣ аз иродаи қавӣ ва сиёсии роҳбарони кишварҳоямон сарчашма мегирад.

     Ҳамчунин дар Форуми мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, изҳор доштанд, ки давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон, бахусус Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба соњибкорї диќќати хосса медињанд ва барои рушди он љињати фароњам овардани фазои муносиб њамеша чораандешї мекунанд.

    Дар Форум навори видеоии имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуда, иштирокчиён аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ ва МОИ “Кӯлоб” боздид ва шиносоӣ пайдо намуданд.

     Дар рафти  Форуми мазкур ва доираи  мулоқоти В2В (соҳибкорон бо соҳибкорон ) имконотиятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта, дар он беш аз 15 санади ҳамкорӣ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расонида шуд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP