Санаи 20 августи соли равон бо мақсади шиносоӣ аз корҳои созандагию ободонӣ ва ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр пешвоз гирифта, нахуст аз рафти корҳои сохтмонии муҷассамаи “Дуои модар” , ки дар назди даромадгоҳи шаҳр сохта ба истифода дода мешавад аз наздик шинос шуданд.
darvoza
Ҳамчунин дар ин руз бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар меҳмонон санги асоси бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб гузошта шуд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки лоиҳакашии иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулити “Аркон” мебошад.
Гуфта шуд, ки сохтмони бинои навӣ Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб дар доираи ҷашни таърихии миллат 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда он аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат бо харҷи 18,0 млн сомонӣ бунёд карда мешавад.
ekalogia
Бино аз 5 ошёна иборат буда, он аз таҳхона, ҳуҷраҳои техникӣ, лабаратория барои обу ҳавосанҷӣ, осорхона, утоқҳои корӣ, китобхона, ҳуҷраҳои посбон ва ҳамчунин барои кормандони бахши ҳифзи муҳити ҳисти шаҳри Кӯлоб бунёд карда мешаванд.
Ҳоло бо ҷалби мутахассисони варзида соҳаи сохтмон корҳои бунёдии Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб оғоз ёфта, он бояд моҳи сентиябри соли 2023 дар арафаи ҷашни истиқлолияти кишвар маврди истифода қарор дода мешавад.
Соҳибов Қурбон сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб зимни суҳбат изҳор дошт, ки бунёди бинои нав орзуву омоли кулли экологони минтақа мебошад ва умедворем, ки пас аз сохта ба истифода додани он дар шароиту хубу созгор кору фаъолият хоҳем кард.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP