Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми сокинони шаҳр хусусан, варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро ба фарорасии Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон табрик менамояд! Дар ин санаи фархунда ба ҳамаи Шумо саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно менамоем.

Боиси фараҳмандист, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол варзиш новобаста аз синну сол ва мавқеи иҷтимоии шаҳрвандон оммавӣ гардида, ҳамчун қосиди сулҳ, рамзи дӯстиву рафоқат ва шарафу эътибори миллат шинохта шудааст! Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Варзиш омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқу давлатҳо мебошад. Миллати тоҷик ҳанӯз дар замонҳои қадим бо ойинҳои ҷавонмардиву паҳлавонӣ маъруф буд...

Имрӯз ҳам бо ифтихор изҳор менамоям, ки варзишгарони тоҷик бо иштироки фаъолонаи худ нуфуз ва эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда истодаанд”. Эълон гардидани 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин худ беҳтарин нишонаи дастгирӣ ва қадршиносии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ варзиш ҳамчун муаррифгари миллати рӯҳану ҷисман солим рушду нумӯъ карда, вобаста ба пешрафти соҳа тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодааст. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳавасмандии варзишгарон гувоҳи гуфтаҳои боло буда, таваҷҷуҳи хосу ғамхории беназири Пешвои муаззами миллатро нисбати парчамбардорони кишвар нишон медиҳад.

Мо эҳсос менамоем, ки варзиш барои инсоният ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди тарафайн хидмат мекунад.

Ҳамчунин, яке аз омилҳои манфиатовари варзиш пешгирии зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои ғайриқонунӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро миёни наврасону ҷавонон буда, онҳоро аз ин хатарҳо наҷот мебахшад. Дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат зикр гардидааст, ки: «Мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бозҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалин дараҷа медиҳем».

Дар воқеъ, барои миллати тамаддунсози тоҷик варзиш бо гузашти ҳазорсолаҳо ба як бахши зиндагии маъмулӣ табдил ёфта, дар ин муддат садҳо намуди варзиш аз ҷониби ниёгони мо ихтироъ ва роҳандозӣ гардидаанд. Аз ҷумла, камонвариву аспдавонӣ, шамшерзаниву найзаандозӣ, гуштину ҳарбҳои тан ба тан, чавгонбозиву гурзандозӣ, давидан ба масофаҳои дуру наздик, оббозиву қаиқронӣ, нардбозиву камандпартоӣ ва ғайраҳо аз зумраи он намудҳои варзиши миллӣ ҳастанд, ки бо гузашти замон хусусияти ҷаҳонӣ касб кардаанд.

Айни замон дар шаҳри Кӯлоб 5 мактаби варзишӣ фаъолият дошта, насли ҷавонро аз рӯи 14 намуди варзиш таълим дода истодаанд. Инчунин, дар шаҳри Кӯлоб 185 майдончаи варзишӣ, 23 иншооти махсуси варзишӣ, 75 толори варзишӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмааи варзишӣ ва 1 варзишгоҳи марказӣ барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳо фаъолият доранд. Боиси тазаккур аст, ки қисмати зиёди иншооти мазкур маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бахусус дар 10-солаи охир бунёду барқарор гардида, шумораи варзишгарони касбӣ рӯ ба афзоиш дорад. Танҳо дар давоми 6 моҳи соли 2022 варзишгарони шаҳри Кӯлоб 81 медал дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ба даст овардаанд, ки беҳтарин натиҷа дар сатҳи вилояти хатлон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, боиси ифтихор аст, ки соли равон варзишгари шаҳри Кӯлоб Абдуллоев Суннатулло Наврӯзович дар Чемпионати байналмиллалии Осиё аз рӯи намуди «Гуштини тарзи юнониву румӣ» фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқраи чемпионат гардида, ба Чемпионати Ҷаҳон роҳхат гирифт. Дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бошад варзишгари шаҳри Кӯлоб Қурбонов Асламҷон аз рӯи намуди варши «Бокс» сазовори ҷойи аввал гардида, ба Чемпионати ҷаҳон, ки дар Ҷумҳурии Испания баргузор мегардад, роҳхат гирифтааст.

 Боварӣ дорем, ки минбаъд низ варзишгарони шаҳри Кӯлоб дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии варзишӣ фаъолона иштирок карда, номбардори ватани маҳбубамон мегарданд. Барои расидан ба ин мақсадҳои созанда тамоми шароитҳои зарурӣ барои варзишгарони шаҳри Кӯлоб фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, дар шаҳри Кӯлоб давоми нимсолаи аввал 15 мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки 780 нафар ҷавонони шаҳру деҳот баргузор гардида, то охири сол ният дорем бо ташкили мусобиқаҳо бо усули «деҳа ба деҳа» теъдоди чорабиниҳои варзишӣ ва шумораи иштирокчиёнро ба маротиб зиёд намоем. Бо инобати он, ки зебогӣ ва солимии ҷисму рӯҳи инсон аз варзиш аст, дар Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон аз пиру ҷавони шаҳри Кӯлоб даъват ба амал меорем, ки ҳамарӯза барои варзишкорӣ вақт ҷудо намоянд ва ҳамзамон фарзандон ва дӯстону наздиконро ба варзиш ҷалб намоянд. Зеро маҳз аз ин роҳ мо метавонем дар ташаккули миллати рӯҳану ҷисман солим саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар охир, бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлобро ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳар кадоми Шумо саломативу комёбӣ ва рӯзгори нек таманно менамоем.

Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муборак бошад!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP