Санаи 1 августи соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ифтитоҳи намоиши сайёри “Тоҷикистон- кишварҳои дарёҳои тиллоӣ” бо ташаббусиМуассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, Директори генералииМуассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” Асозода Ҳотамшо роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ва маъмурияти Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин намоиш хайра мақдам хонд.
Сипас, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр дар ифтитоҳи намоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ” суханронӣ намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар шаҳри Париж бо ифтихору шодмонӣ изҳор намуда буданд: “Бузургии силсила чорабиниҳои фарҳангии дирӯзу имрӯз, аз ҷумла намоишгоҳи “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар маркази фарҳангии аврупоӣ-шаҳри Париж барои мо рӯйдоди муҳим ва хотирмон мебошад”. Пешвои азизи мо Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон то ба имрӯз ба масъалаи донишу фарҳанг диққати хос зоҳир менамоянд.
165
Дар идомаи ифтитоҳи намоиши “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ” директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода баромад намуда, изҳор дошт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ошно намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо таъриху фарҳанги пурғановати ниёгон, шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”-ро бо тарзи намоишҳои сайёр баргузор намудем.
Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёҳои таърихии марбут ба миллати тоҷик аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ гардида, муддати 3 моҳ идома ёфт.
Зимнан, дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” баъд аз бозгашт аз Ҷумҳурии Фаронса рӯзи 25.02.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид, ки он то рӯзи 25.08.2022 идома меёбад.
Намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии 2700–солагии Кӯлоб то рӯзи 5 август идома намуда, тибқи нақша кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳри Кӯлоб бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос мегарданд.
Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз намоишгоҳи мазкур боздид намуда ба ташкилкунандагонии чунин чорабиниҳо баҳои баланд доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP