Санаи 1 августи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид.
Нахуст, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ҷаласаро оғоз намуда, иброз дошт, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба пешравиҳои назаррасу арзанда бояд аз тамоми имкониятҳо самаранок истфода намоем, то дар ободониву созандагии шаҳрамон ҳиссагузор бошем.
Сипас, аз рӯи рӯзномаи маҷлис роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Абдуллоев Файзулло оид ба таъмини иҷрои супоришҳое, ки дар маҷлиси назоратии қаблӣ дода шуда буд ҳисобот пешниҳод намуд.
164
Аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис оид ба фаъолияти гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати гузаронидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо суханронӣ намуд.
Дар идомаи баррасии масъалаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулони соҳаи кишоварзӣ ва гуруҳҳои таъсисдодашуда дастур доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар маҳаллаҳо ҷоннок карда то дар иҷрои нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ пешрафтиҳо ба назар расад.
 
Ҳамчунин дар кори ҷаласа муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ва эктремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баромад намуд.
Қайд гардид, ки татбиқи Стратегияи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳи 2021-2025 ҳуҷҷати муҳим дар самти рушди маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз татбиқи Стратегияи мазкур боис гардид, ки шиддати рушди амалҳои эктремистиву террористӣ коҳиш ёфта, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои амнтарини сайёра табдил ёфт.
Тибқи банди рӯзномаи маҷлис сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр Амирҷон Гулмадов оид ба пешниҳодҳои Прократураи шаҳри Кӯлоб баромад намуд.
Дар кори ҷаласаи муовини раис шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу оид ба таъсиси гуруҳи корӣ ҷиҳати иҷрои қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 25 июни соли 2022, №297 “Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2022 оид ба хизмати ҳарбии шаҳрвандони солҳи таваллудашон 1995-2004 гузориш пешниҳод намуд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни маҷлиси назоратии назди Раиси шаҳри Кӯлоб, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, оид ба таъмину либосҳои мактабӣ ба таълимгирандагон, ҷиҳати кишти такрорӣ ва самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавалигӣ, баҳри рушди соҳаи саноат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистода, кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, корҳои ободонию созандагӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ, ба масъулин дастуру супоришҳои махсус дод.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP