Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 июли соли ҷорӣ роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр нахуст аз раванди корҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, истифодаи оқилонаи ҳарваҷаби заминҳои назди ҳавлиги ба роҳбарони хоҷаги тавсияву маслиҳатҳо дода шуд.
162
Ҳамчунин дар ин рӯз бо раванди корҳои сохтмони бинои Бахши муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва аз рафти корҳои сохтмонии Кумитаи идораи замин, Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб дидан ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлону шаҳри Кӯлоб роҳандозӣ шуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Дар идома роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр бо раванди корҳои сохтмонии Коллеҷи ғайридавлатии электронӣ (алоқа), ки дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, шинос гардиданд.
 
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP