Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро ба иди касбӣ - Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ табрику муборакбод мегӯяд.
Боиси рӯҳбаландист, ки касби пуршарафи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қадрдонӣ гардида, рӯзи муайяне ба ҳайси иди касбӣ дар ин самт ихтисос дода шудааст.
Дар ин росто, "Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ", ки яке аз ҳадафҳои стратегияи давлатӣ ба ҳисоб меравад, аҳамияти рушди соҳаро дучанд месозад. Бо мақсади расидан ба ин ҳадафи муҳимму стратегӣ тули солҳои соҳибистиқлолӣ бунёди нақбу роҳҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯ роҳи нақлиёти автомобилиро ба тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон боз намуд. Маҳз бо шарофати дастовардҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ рушди бемайлони иқтисодиёти кишвар таъмин гардида, сатҳи некӯаҳволии мардум баланд гардида истодааст.
Бояд қайд намоем, ки дарозии роҳҳои автомобилгарди шаҳру деҳот 344 км –ро ташкил карда, дар давоми нимсолаи аввали соли 2022 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 60 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро таъмири ҷорӣ намуд. Ҳамзамон, дар ин муддат аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ 79,3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар шаҳри Кӯлоб тули нимсолаи аввали соли равон 1 612 400 тонна бор ва 16 598 900 нафар мусофиронро ба ҷойҳои зарурӣ интиқол додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 116 ҳазор тонна ё 122,9 фоиз ва мусофиркашонӣ 164,2 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Бо шукргузорӣ аз ин муваффақиятҳо боварии комил дорем, ки минбаъд низ соҳаи нақлиёти автомобилӣ таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд карда, кормандони шарафманди соҳаи нақлиёт ба дастовардҳои беназир ноил мегарданд.
Дар ин кори пурифтихор ба ҳамаи кормандони соҳа сарбаландӣ ва комёбиҳои нав ба нав таманно менамоем.
Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ муборак бошад!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP