Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии кишвар бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  ба ифтихори 25 –умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 8-ум то 11-уми июни соли равон  дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон    корвони «Модарони ваҳдатсаро»  баргузор гардид.

   Имрӯз, 11 июни соли 2022 даври ҷамъбастии корвони «Модарони ваҳдатсаро» ва даври вилоятии фестивал озмуни ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳим-и шаҳри Кӯлоб доир шуд.

118

   Ин чорабинии бошукӯҳ  бо иштироки   раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ ва занону духтарони фаъоли кишвар, инчунин дигар шахсони расмӣ доир шуд. 

   Нахуст, меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва санъати рассомӣ, ки дар саҳни Қасри фарҳангии шаҳр ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда, ба санъату ҳунари волои сокинони шарафманди  Кӯлобшаҳри бостонӣ баҳои баланд доданд.

  Сипас,  муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо бо шарофати шахсиятҳои муборизу ҷассур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки бо ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад.

   Дар идомаи баргузории  чорабинии Фестивали “Сад ранги чакан” раиси шаҳри Кӯлоб  Назарзода Бахтиёр Худоёр аз дастоварду комёбиҳои тамоми сокинони  Кӯлобшаҳри бостонӣ ёдовар гардида, бо қаноатмандӣ зикр кард, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки ҳунари гулдӯзии тоҷикон- Чакан аз зумраи онҳо мебошад.

 Ҳамчунин,  раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ  дар назди ҳозирин низ баромад намуда, изҳор дошт, ки калимаи модар вожаи гӯшнавоз ва хеле самимӣ буда, дар баёну шуниданаш писанди ҳамагон аст ва ибораи Ваҳдат низ дар радифи калимаи модар ифодакунандаи меҳру муҳаббат, боҳамоӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ифода ёфтааст.

   Инчунин, занону модарони фаъол аз манотиқи гуногуни кишвар бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ бобати Ваҳдати сартосарии кишвар, талошу ҷонбозиҳои фарзонафарзандони шуҷои Ватан, истиқлолияти комили кишвар, фаъолияти занону модарони муввафақи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо факту далелҳои амиқу дақиқ баромадҳо намуданд.

 Дар қисмати дигари чорабинии корвони «Модарони ваҳдатсаро» , даври вилоятии фестивал озмуни ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” сурат гирифт, ки дар он намоиши либосҳои қадимаи чакан, либосҳои кӯдакона, либосҳои муосир,   либосҳои маросимӣ ва идона, инчунин намоиши либосҳои расмӣ, либосҳои гуногуни сӯзандӯзии  тарроҳон ва бонувони муваффақи шаҳри бостонии Кӯлоб пешниҳоди ҳозирин гардид.

119

  Барномаи театрикунонидашудаи  бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва  аҳли  санъату ҳунари маъруфи кишвар, ки таҷассумгари ваҳдату ҳамбастагӣ, истиқлолияти сартосарӣ ва ҳамчунин аз ҷаҳонишавии  чакан омода гардида буд то дергоҳ пешниҳоди аҳли толор карда  шуд.  

  Дар охир аз баргузории корвони “Модарони ваҳдатсаро”  , ки      бахшида ба  25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  натиҷагирӣ гардида, ба як қатор  намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, иштирокчиёни фаъол, тарроҳон, ҳунармандон ва бонувони фаъоли шаҳру навоҳӣ  Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии   Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб қадрнонӣ карда шуд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP