Санаи 6 июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Ҷаласаро ба сухани муқаддимавӣ раиси шаҳр ифтитоҳ бахшида, изҳор намуданд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебояд корбарию коргузориро дар ҳама самтҳо ҳамарӯза ҷоннок намоем, то дар пешрафти шаҳрамон ҳиссагузор бошем.
Дар идомаи ҷаласа роҳбари дастгоҳи шаҳр Файзулло Абдуллоев оид ба рафти иҷрои супоришҳои протоколии дар маҷлиси қаблӣ додашуда ҳисобот пешниҳод намуд.
Сипас, тибқи банди 2-и рӯзномаи маҷлис оид ба фаъолияти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб Марям Саймуминзода баромад намуда, изҳор доштанд, ки бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қайди давлатӣ гирифтани асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқии кормандони САҲШ ва аҳолӣ, фарҳанги оиладории ҷавонон, танзими муносибатҳои оилавӣ, тарбияи маънавӣ ва ахлоқии фарзандон дар оила, қабул ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва нақша чорабиниҳои мақомоти дахлдор нақши муносиб гузошта истодааст.
Баъдан, мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту комуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Абдуразоқ Хуҷамқулов оид ба рафти духти либосҳои мактабӣ дар корхонаҳои дузандагии шаҳр ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо либосҳои мактабӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар маҷлиси назоратӣ сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр Амирҷон Гулмадов оид ба пешниҳодҳои Прокуратураи шаҳри Кӯлоб ва муовини сардори қисми 33-юми ҳарбикунонидашудашудаи хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Кӯлоб Иброҳимзода Бобоҷон Хайримад оид ба ҷамъбасти машқи тактикии Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Кӯлоб дар бозори “Саховат баромад намуданд.
Дар идомаи кори ҷаласаи имрӯза инчунин, масъалаҳои вобаста ба гузоштани номҳои тоҷикӣ, ҷиҳати пешгирӣ намудани пошхӯрии оилаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро аз ҷониби шахсони масъул зиёдтар ба роҳ мондан, ҳамчунин таъмини хонандагон бо либосҳои мактабӣ, оид ба иҷроиши андозҳо, рафти кишти пахта ва ғалладонагиҳо, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сохтмону бунёди иншоотҳо ва назорати қатъии он аз ҷониби сармеъмори шаҳр, таъмини об ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баъди баррасии масъалаҳои ҷаласаи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, иҷрои супоришҳои қаблии раиси шаҳр, дастурҳои маҷлиси навбатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб