Ҳамасола санаи 5-июн ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар саросари кишвар қайд карда мешавад.

  Бо ин мақсад  санаи 4 июни соли 2022 бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист  дар шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода,  роҳбарияти ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Қурбон Соҳибов инчунин, дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

  Нахуст, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои хонандагои ташкилоту муассисаҳои шаҳр оид ба тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист дидан намуданд.

104

  Сипас, дар чорабинӣ мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода суханронӣ намуда, табрикоти роҳбарияти шаҳри Кӯлобро ба   бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист ба ҳозирин расонид.

  Зимни суханронӣ изҳор дошт, ки бодастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини сарварии хеш дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар қатори тақвият додани соҳаҳои иқтисодии мамлакат ба масълаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист аҳамияти хоса дода, барои таъмини амнияти санитарию экологии шаҳру кишвари азизамон ғамхории доимӣ зоҳир менамоянд.

Дар идома роҳбарияти ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Қурбон Соҳибов баромад намуда қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари дорои сарватҳои пурғановати табиӣ,  чашмаҳои мусаффову обҳои шифобахш ва кўҳҳои ба монанди мардумаш сарбаланд мебошад. Ватандўстии мо дар он зоҳир мегардад, ки ба қадри ин ҳама неъматҳои дар табиати диёрамон мавҷудбуда, бирасем.

Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза ба як қатор фаъолони шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифат ва тарғиби экологии аҳолӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Дар охир,  барномаи омоданамудаи бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалти шаҳри Кӯлоб   хешро пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP