Санаи 3 июни соли 2022 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамошои дастаҷамъонаи филми «Шикасти фитна» бо иштироки муовини раиси шаҳр Ҳамидиён Орзу ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатӣ баргузор гардид.
Ҳадафи тамошои филми мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони мақомот аз ҳодисаҳои нанговар дар ВМКБ, пешниҳоди далели ҳуҷҷатӣ ва дарки ҳақиқат мебошад.
Дар якҷоягӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рафтор ва амалҳои нопоки душманони миллатро маҳкум намуда, тасмим гирифтаанд, ки далелҳои дар филми “Шикасти фитна” қайд гардидаро ҳамчун асос барои баланд бардоштани худогоҳии мардум истифода мебаранд.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд, ки «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».
Вале бисёре аз шаҳрвандон махсусан нафароне ҳастанд, ки пайваста ба вартаи мафкураи нопоки сохташудаи афроди нохалаф ворид шуда, дар ин гирдоби нангин ба ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки хатари ҷиддиро ба давлатдории миллӣ эҷод мекунад, даст мезананд.
Филми ҳуҷҷатии «Шикасти фитна» ин ошкоркунандаи ҳақиқати нооромиҳои рӯзҳои 14 -18 майи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки дар пайравӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат зиракии сиёсиро аз даст надода, сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб