Имрӯз, 25 майи соли равон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” инчунин омодагӣ ба имтиҳоноти давлатӣ дар муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Сафармуҳаммад Аюбии шаҳри Кӯлоб    семинар-машварат баргузор гардид.

maorif

   Дар семинар- машварати муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, Ғаффорзода Давлатҷон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб,  масъулину кормандони соҳаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.

baroi glavni

    Нахуст, муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Орзу Ҳамидиён суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки маориф яке аз самти муҳимми ҷомеа ба шумор рафта, пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Роҳбарияти Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва имрӯз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои маҳбуби миллат дар саросари кишвар, озмунҳои ҷумҳуриявии Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”  ташкил гардида, шавқу рағбат ва қобилияту истеъдодҳои  кулли ҷомеа ва таҳсили хонандагон ба маротиб беҳтар гардида истодааст.

  Дар охир муовини раиси шаҳри Кӯлоб   Ҳамидиён Орзу ба масъулину кормандони соҳаи маориф, директорони муассисаҳои таълимии шаҳр барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои дар пеш истода дастуру супоришҳои мушаххас доданд.  

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP