Ҳамасола 23 май  дар саросари кишвар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  таҷлил мегардад.

   Бо ин мақсад санаи 20 майи соли равон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб чорабинии идона баргузор гардид.

     Нахуст меҳмонон аз намоиши   дастовардҳои   ҷавонон, ки дар  даромадгоҳи Қасри фарҳанг ба намоиш гузошта буд  дидан намуданд.Сипас раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ҳамаи ҷавонони Тоҷикистон бахусус ҷавонони Кӯлобшаҳри бостониро ба ин муносибат табрик намуда изҳор дошт, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад ва мардуми шарафманди Тоҷикистон  аз ҷумла насли ҷавон   имрӯз зери сиёсати хирадмандонаву сулҳпарварона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии осуда ва фаъолияти пурсамар бурда истодаанд.

javonon

Дар идомаи чорабини як қатор ҷавонони фаъоли шаҳру деҳоти Кӯлоб бобати дастгириҳои бевоситаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот ва рушду нумӯи ҷомеа дар маърузаҳояшон бо факту далелҳои амиқ баромад намуданд.

  Ҳамчунин, дар ин лаҳзаҳои хотирмон ба ҷавонони фаъоли ташкилоту муассисаҳои шаҳр Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии  роҳбарияти шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.

farzona

 Дар хотима аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи театрикунонидашудаи худро пешкаши меҳмонону ҷавонони чорабинӣ  намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP