Ҳамаватанони  азиз!
 
Инак, моҳи шарифи Рамазон – моҳи файзу баракат, нузули раҳмату мағфират, поксозӣ ва парвариши бадан, иҷобати дуоҳо ба поён расид. Имрӯз иди сайиди Фитр аст. Иҷозат диҳед ба ин муносибат Шумо ва мардуми Кӯлобшаҳри бостониро табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон тани сиҳату хотири ҷамъ, имони комил, хушбахтиву некрузӣ, осмони софу беғубор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намоям.
 
Тӯли як моҳ имони  ҳар як мусулмони комил мавриди озмоиш қарор дошт. Ҳамчунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон таъкид карданд «Рӯзадорӣ дар моҳи шарифи Рамазон дар радифи калимаи шаҳодат, намоз, закот ва ҳаҷ рукни чаҳоруми аркони панҷгонаи ислом буда, инсонро ба парҳезгорӣ, покӣ ва тақво, шикасатани ҳавову ҳавас, ғалаба бар нафс, зудудани бадиҳо, эҳсосу шавқати бародарӣ талқин месозад. Аз ин рӯ, аёми мубораки моҳи Рамазонро фурсати озмоиш ва сафобахши нафси инсон гуфтаанд».
 
Ба туфайли Истиқлолияти давлатиро ба даст овардани Тоҷикистон, мардуми тоҷик ва тоҷикистониён имкон пайдо карданд, ки ҷашну маросим ва анъанаву идҳои милливу динии худро дар фазои озод таҷлил кунанд.
 
Дар ҳамин давра Қуръони азимушан ба алифбои кириллӣ ба забони тоҷикӣ тарҷимаву нашр шуд то мардум ба пайғомҳои Худованд ва фарҳанги исломӣ наздиктар ошно гарданд. Аз ин ру қарзи имониву виҷдонии ҳар як мусулмони ҷомеаи имрузаи Тоҷикистон,  аз ҷумла мову Шумост, ки шукри истиқлолият ва роҳбари хирадманду раъиятпарвари худро карда, баҳри боз ҳам пойдору устувор шудани пояҳои давлатдорамон ҳамеша дар талош бошем.
 
Ислом дини покиву парҳезгорӣ, илму адаб ва панду насиҳат аст. Бо ин сабаб мардуми мусулмон Иди сайиди Фитрро, ки марбути ҳамин дин аст ҳамасола бо эътиқод, ихлос ва орзую омоли нек пешвоз мегиранд. Иди сайиди Фитр бошад иди хайру саховат аст.  Идест, ки ба ятимон, маъюбон, камбизоатон, дармондагон, ниёзмандон, муйсафедони барҷомонда хулоса ҳама он нафароне, ки муҳтоҷи ёрӣ ҳастанд, дасти кумак дароз карда мешавад. Бо назардошти ин боварӣ ва умед дорам ҳамаи он нафароне, ки барои расонидани чунин кумакҳо имкониятҳояшон фаррох ҳастанд, аз ин кори савоб худро дар канор намегиранд.
 
Тибқи дастури мақомоти болоии ҳокимияти давлатӣ  закоте, ки имруз дар масҷидҳо ҷамъ мегардад низ бояд барои дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона карда шавад. Боварӣ дорем, ки ходимони муҳтарами дин, бахусус эмом-хатибон ин дастурро сармашқи кори худ мекунанд ва маблағи ҷамъшударо ба ҳамин қишри ҷомеа, яъне онҳое, ки дар ҳақиқат муҳтоҷи дастгирианд дастрас  намуда, ҳадиси Паёмбари ислом Муҳаммадро дар хусуси он, ки «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад» ба ҷо меоранд.
 
Имрӯз мо ҳамаамон бояд як мақсаду маром дошта бошем. Яъне ҷаъду талош кунем, ки шаҳри азизи худро рӯз аз рӯз ободтар созем. Бо ҳамин ният мо соли 2022-ро «Соли рушди саноат ва роҳҳои обод» эълон кардем. Бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ки ҳадафи чоруми стратегии давлат дар кори саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад, имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд ва мардум соҳиби музди меҳнатӣ шоиста шуда, тенҷу ором умр ба сар баранд. Таъмиру бунёди роҳҳои нав ба ҳаракати бехатари нақлиёту пиёдагардон мусоидат мекунанд. Дар ин самт корҳои оғоз шудаанд ва муташаккилона идома дода мешаванд.
 
Чунон, ки ҳамагон воқиф ҳастед дар саросари кишвар мардум ба ҷашни бузургӣ миллат 35-солагии Истиқлолияти давлатии Точкистон омодагӣ гирифта истодаанд. Албатта, мо ҳам бояд ин санаи муҳташамро бо дастовардҳои назаррасӣ меҳнатӣ пешвоз гирем. Бояд ҳамаамон камари ҳиммат баста, корҳои созандагиву ободониро аз хонаву дари худ оғоз карда кушиш кунем, ки кӯчаву маҳаллаҳоямон то он рӯз қабои идона ба бар кунанд.
 
Боз як масъалаи муҳим ва ҳалталаби рӯз он аст, ки нархи маводҳои ниёзи аввал дар ҷаҳон боло рафта истодааст. Ҳоло зарурият аст, ки ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода ва ду се ҳосил руёнида шавад. Аз ин рӯ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳед ва дастурҳои Сардори давлатро дар хусуси захираи дусолаи маводи ғизоӣ иҷро намоед.      
 
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми ин сарзамини овозадору меҳмоннавозро бори дигар ба муносибати иди сайиди Фитр муборакбод гуфта, бароятон аз даргоҳи Илоҳӣ хонаи обод, дастархони пурнозу неъмат, имони комилу тандурустӣ ва ҷомаи амал пушидани ҳама орзуву омолҳоро таманно дорам.
 
 Саломату сарбаланд   бошед!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP