Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза дорад.

222 

Дар ин росто, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ гаштани иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар соли 2022 таҳти унвони “Соли рушди саноат ва роҳҳои обод” мумфаршкунии роҳи нави алтернативӣ дар ҳудуди маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кулоб оғоз гардид. 
 Ин иқдом бо мақсади пешгирӣ аз тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва таъмини ҳаракати муназами он дар роҳи марказии хиёбони Исмоили Сомонӣ, назди бозори “Саховат” ва Маркази савдои шаҳри Кӯлоб аз самти кӯчаи Худоёр Назаров то   маҳаллаи Чармгарони поён рӯи кор гирифта шудааст.
2
Айни замон бо ҷалби мутахасисони роҳсоз ва техникаву таҷҳизот ва масолеҳи зарурии роҳсозӣ аз ҷониби пудрачӣ – ҶДММ “Бунёди роҳ” корҳо бо суръати баланд ҷараён доранд.
 
     Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
  
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP