Санаи 13 апрели соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар семоҳаи якуми соли 2022 бо иштироки Азим Иброҳим, намояндаи Ҳукумати мамлакат, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб, Қурбонзода Амирхон, муовини раиси вилояти Хатлон ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир гардид.   

1111111

Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, зимни оғози ҷаласаи ҷамбастӣ дар назди ҳозирон баромад намуда иброз доштанд, ки дар давраи сипаригашта сокинони шарафманду сарбаланди шаҳри бостонии Кӯлоб баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои назаррасу арзандаи меҳнатӣ, аз тамоми имконот самараноку оқилона истифода бурда, бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти диёри биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, дар семоҳаи аввали соли 2022 ба тақвияти корҳои созандагӣ ва фардои боз ҳам ободу осуда заминаҳои мусоиду устувор гузошта истодаанд.

  Дар маҷлиси васеи фаъолони шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар семоҳаи якуми соли равон ҳисоботи муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо дар назди ҳозирин шунида шуд.

000

Дар семоҳаи якуми соли 2022 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” фаъолият намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021), дастуру супоришҳое, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” ва машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 баён ёфтанд, ба роҳбарӣ гирифта, дар семоҳаи аввали соли 2022 ҷиҳати пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт корҳои муайянро ба сомон расонида, ба нишондодҳои мусбӣ ноил гардидааст.

  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ, ташкилӣ, фарҳангӣ ва бо тӯҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи мушахасси чорабиниҳои худро таҳия ва тасдиқ намуда, онҳоро ботадриҷ амалӣ карда истодааст ва барои рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд,- иброз дошт Ташрифзода Мунаваршо.

222222

  Дар идомаи кори ҷаласа оид ба таъмини об дар хоҷагиҳо сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб Файзалӣ Миралиев, ҷиҳати сохтмону бунёди иншоотҳо сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳр дар шаҳр Холматов З, оиди фаъолияти соҳаи маориф сардори Раёсати маорифи шаҳр Ҳакимзода Қадамшо, оид ба рафти иҷрои қонунҳо “Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросим” Холмурод Ибрагимов мудири бахши танзим анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баромад намуданд.

  Ҳамчунин, дар ҷараёни маҷлиси фаъолон Раиси шаҳри Кӯлоб, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, оид ба таъмину фаъолияти лагерҳо, баҳри рушди соҳаи саноат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистода, таъмини босифати барқ, кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил, истеҳсоли пилла, корҳои ободонию созандагӣ, таъмири роҳҳои дохиливу байнишаҳрӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ, сифатнок иҷро намудани нақшаи даъвати ҳарбӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба кор, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои махсус дод.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

 

  

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP