Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб карда дар ин замина як қатор иншотҳои гуногун бунёд гашта истодааст.
Аз ҷумлаи чунин иншотҳои сохташаванда ин бинои филиали ҷамъияти дорои маҳдуд”-и Ташкилоти хурди қарзии “Рушди Куҳистон” дар шаҳри Кӯлоб мебошад.
Раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр, Сафир ва Роҳбари шабакаи Оғохони IV оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозимдавлат Қоимдодов ва дигар шахсони масъул аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоти сохташаванда аз наздик боздид ба амал оварданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки Пудратчии иншоот ҶДММ-и “Даврон” буда, корҳои сохтмонӣ аз моҳи июли соли 2021 оғоз гардида айни ҳол дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Гуфта шуд, ки дар корҳои сохтмонии бинои мазкур зиёда аз 15 - нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шудааст.
Харҷи сохтмони бино ба маблағи 2 млн 207 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бинои филиали мазкур тибқи лоиҳаи тасдиқгардида аз таҳхона ва чор ошёна, 10 утоқи корӣ, 6 хазина, 1 маҷлисгоҳ иборат буда, масоҳати умумии бино 762 метри мураббаъро дар бар гирифтааст.
Дар ошёнаи якум таваққуфгоҳ барои автомобилҳо ва ошёнаҳои дигар утоқҳои кории кормандон, хазинадор ва ҳуҷраи бехатарӣ ба нақши гирифта шуда, барои 30 -нафар кормандони соҳаи бонкдорӣ пешбинӣ гардидааст.
Сипас, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, Роҳбари шабакаи Оғохони IV оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозимдавлат Қоимдодов ба сохтмончиён барои бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб