МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ЗЕРИН
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
- Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1361 сомонӣ;
- Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1361 сомонӣ
- Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1361 сомонӣ;;
- Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Кӯлоб- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Сармутахассис- сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Сармутахассис- сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Даҳана- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ- 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1236 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 1012 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 1012 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи маънавиёти Ҷамоати деҳоти Зарбдор 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 1012 сомонӣ;
- Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Зарбдор- 1 ҷой (категорияи ҳафтум) маоши мансабӣ - 913 сомонӣ ;
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:
- ариза ба унвони Раиси шаҳр;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ
надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби сармутахассис
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Суроға ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Телефон: (8-33-22) 2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб;
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рӯз аз рӯзи нашрияҳои расмӣ.
Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.