Муроҷиатномаи вакилони Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Кӯлоб ба сокинони шаҳри Кӯлоб

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Мардуми зафарпешаи шаҳру деҳоти Кӯлоб, хусусан, кишоварзони номдори ин сарзамини бостонӣ бо меҳнати садоқатмандонаи худ, ҷиҳати истеҳсоли маводи гуногуни ғизоӣ ва гузоштани саҳми муносибу назаррасашон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар шуҳратёр буданд ва ҳастанд.

         Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир боиси эҷоди хатарҳои гуногун, аз ҷумла коҳиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус маводи ғизоӣ гашта, бисёр кишварҳои оламро ба эҳтимолияти буҳрони озуқа рӯ ба рӯ кардааст ва омили болоравии нархи маҳсулоти хурокворӣ дар бозори ҷаҳонӣ шудааст. Бинобар ин ҳоло зарурият ба миён омадааст, ки ҳар як фарди ин ҷомеа пайи бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта шабонарӯзӣ меҳнат кунад.

         Бо назардошти гуфтаҳои боло ба кулли сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб муроҷиат ва даъват ба амал меорем, ки ба масъалаи захираи маводи озуқа аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҳар як ваҷаб замини киштбобро самаранок истифода баранд. Ҳоло ки айни кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ мебошад, дар заминҳои наздиҳавлигию президентӣ, хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ, майдонҳои ҳудуди корхона ва ташкилоту муассисаҳо, парвариши ғалладоналубиёгиҳо, сабзавот ва дигар маводҳои ғизоиро муташаккилона ба роҳ монанд. Чунки тибқи ояндабинии коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид вазъи иқтисодии ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам мушкилтар гардида, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион мерасад. Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ҷудонашавандаи ҷомеъаи ҷаҳонист, аз хатари  чунин буҳрон имкони дар канор монданро надорад.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 18 июни соли 2022 дар ноҳияи Данғара аз вазъи ба вуҷуд омадаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки корхона, ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд ва барои на кам аз ду сол маводи ғизоиро захира намоянд. Кӯшиш кунем, ки бахусус дар фасли тирамоҳу зимистони дар пеш истода ба танқисӣ дучор нашавем ва муҳтоҷӣ накашем.

         Бо назардошти ҳамин дастурҳои Пешвои миллат ба сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб тавсия дода мешавад, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода намуда, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат баҳри руёнидани се-чор ҳосил ва дар ин замина захира намудани озуқа барои ду соли оянда ҷидду ҷаҳди зиёд кунем. Хушк намудани мевагиҳо ва захираи онҳо, аз сабзавоти тару тозаи мавҷуда тайёр кардани консерваҳо, барои эҳтиёт захира намудани гандум ва ғаллалубиёгиҳо ҳам танҳо ба манфиати кор буда, ҳамзамон роҳи ҳалли мушкилоти маводи ғизоӣ ҳангоми зарурият ба ҳисоб мераванд.

         Вазъияти баамаломада тақозо дорад, ки натанҳо кишоварзону боғдорон, чорводорон ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри ҳифзи амнияти озӯқавории мамлакат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, истифодаи оқилона ва самараноки замин ҳиссагузор бошанд.

         Сокинони сарбаланди шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамеша анъанаи неки ниёгони худро дар бобати меҳнати босамару босубот ва созандагиву бунёдкорӣ сармашқи кори худ мекарданд ва боварии куллӣ дорем, ки минбаъд низ сарҷаъму муттаҳид барои рушди Ватани азизамон, бахусус таъмини амнияти озуқавории он саҳми арзанда ва назарраси худро мегузоранд.

Ҳамзамон мутмаинем, ки ин мардуми ғаюру баномус дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ободонии манзил ва маҳалли зисти худ, тозагии гирду атрофро вазифаи аввалиндараҷашон медонанд ва бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ин ҷашни муқаддаси миллатро пешвоз мегирем.

Муроҷиатнома дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати шашум, 24 июни соли 2022 қабул шудааст.    

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP