МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

1. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ;

2. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ;

3. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ;

4. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ;

5. Сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб (оид ба соҳаи коммуналӣ) - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ;

  6. Мутахассиси пешбари бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ - 924 сомонӣ;

7. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ;   

8. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ;   

9. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ;   

10. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1028 сомонӣ;

 11. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлоб

- 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;

12.Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зарбдор - 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;

13. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ     - 1 ҷой (категорияи шашум),  маоши мансабӣ – 841,80  сомонӣ;

14. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Даҳана     - 1 ҷой (категорияи шашум),  маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;

15. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ - 1 ҷой (категорияи шашум),  маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;

16. Мутахассиси пешбари соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даҳана - 1 ҷой (категорияи шашум),  маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;

17. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Зарбдор

- 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 841,80 сомонӣ;

         18. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Кӯлоб - 1 ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансабӣ - 690 сомонӣ;                              

                                                                 

                                         Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

 

- ариза ба унвони Раиси шаҳр;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

  надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби сармутахассис

 

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ барои

ишғоли мансаби мутахассис

 

         - таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

       Суроға ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Телефон: (8-33-22)  2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб;

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рӯз аз рӯзи нашрияҳои расмӣ.

Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP