Тибқи банди 20-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб ва қарори раиси шаҳр аз 27.11.2018, №819 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз 7-8 ноябри соли 2018 баён доштанд, боғи 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани сохтмон ва ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани он ба тавозуни донишгоҳ гузаронида шуд.

bogi valizoda5

Қитъаи замини боғи мазкур дар маҷмӯъ 3,1 га-ро ташкил намуда, дар он 1-адад майдончаи хурди варзишӣ, 1-адад майдончаи мошинсавории кӯдакона, 1-адад майдончаи мошинаҳои даккахур, 1-адад қаҳвахона, 2-адад фаввораҳо, 1-адад муҷассамаи модар ва кӯдак, 1-адад майдончаи хурди фарҳангӣ, 2-адад арки равшанамоӣ, 4-адад майдончаҳои хурди бозиҳои кӯдакона (аттраксион), 1-адад чоҳи амудӣ барои обёрӣ намудани боғи мазкур, 20-адад қуттӣ барои партов, 56-адад курсиҳои нишасти дастачамъона, 1-адад пойроҳаи варзишӣ барои обу тоб додани бадан 2 адад радио 14 камераҳои мушоҳидавӣ ва 1-адад истгоҳи нақлиёт ҷойгир карда шудааст.

 bogi valizoda2

bogi valizoda3

bogi valizoda6

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP