Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти ҳуқуқи занон ва тақвияти мақому манзалати онҳо дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида, дар соли 2021 корҳои назаррасро ба анҷом расонид.Самтҳо ва ҳадафҳои асосии фаъолияти  ин шуъба таъмин намудани кафолатҳои баробарҳуқуқии мардон ва занон, тадбиқи барномаҳои давлатӣ, таъмин намудани  фаъолияти соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифати давлатии шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармонҳои раиси вилояти Хатлон, раиси шаҳри Кӯлоб ва нақшаи кори шуъба ба роҳ монда, дар самти ҳимояи ҳуқуқӣ ва сиёсии  занон, иштирок дар ҳалли мушкилоти оилавӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарбар мегирад.
Инчунин шӯъбаи мазкур оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3  майи соли 2014, №294 «Дар бораи  Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд»ва оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як қатор корҳо фаъолона ба роҳ монда шуд.
Шаҳри Кӯлоб 221 ҳазор 700 нафар аҳолӣ дорад, ки 113 ҳазору 54 нафари онро занҳо ташкил медиҳанд. Шумораи занони роҳбар 117 нафарроташкил медиҳад.Илова бар ин, дар соҳаи тандурустӣ-2000 нафар,маориф-4018,фарҳанг-132  нафар занону ҷавондухтарон кору фаъолият доранд. 
Қайд кардан ба маврид аст, ки шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз мудири шуъба, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассис иборат буда ҳамарӯза кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Шуъба баҳри тақвият бахшидан ба фаъолияти маркази иттилоотию машварати ва ҷалби бештари  занон ба таҳсилоти касбӣ ва мусоидат ба шуғли онҳо, инчунин баҳри  баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии занону духтарон, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида кору фаъолият намуда дар соли ҷорӣ 31 оила бо баҳси оилави муроҷиат намуда, аз ин теъдод бо ҳамаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронида шуд. 
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои масъул ҷиҳати иҷрои ин Барнома чораҳои мушаххас меандешад. Бо мақсади иҷрои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-апрели 2017,№158 «Оид ба Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд барои солҳои  2017-2022» қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 9 июни 2017, №572 ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалишавии барнома иборат аз 6 банд тасдиқ шудааст.
Дар соли 2021 тибқи нақша чорабинӣ як қатор корҳо ба итмом расонида шудааст.
Банди 1: Мунтазам нав ва пурра намудани маҳзани кадри аз ҳисоби занону духтарон барои хизмати давлатӣ аз рӯи ихтисосҳо ва ҷалби бештари онҳо ҷиҳати иштирок дар озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ;
Айни ҳол аз 86 нафар хизматчиёни давлатии амалкунанда 20 нафар  занон буда, 0,23 фоизи хизматчиёни давлатиро дар бар мегирад. Шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар соҳаи хизмати давлатӣ 5 нафарро ташкил медиҳад. Айни ҳол, занон дар соҳаи маориф 4018 (79,7%),роҳбар 117 нафар (директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 33 зан, муовинони директорон 80 вамудирони муассисаҳои таҳсилоти томактаби 13 нафар)соҳаи тандурустӣ 2000(70,3%),роҳбар 5нафар кору фаъолият доранд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6нафар зан курсҳои такмили ихтисосро ба итмом расонида, донишу малакаи касбии худро такмил додаанд. 
Бо қабули барнома пешбарии бонувон ба мақомоти намояндагии маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрию маҳалли низ рушд ёфта, имрӯзҳо занон дар  қабули қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои муҳими давлатӣ ширкат меварзанд. Аз ҳисоби занон як нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 3-нафар, вакилони халқи шаҳри Кӯлоб 16 нафар ва вакилони ҷамоатҳои деҳот 21 нафарро ташкил медиҳанд. 
Бо мақсади ҷавонгардонии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҳзани ягонаи  захираи кадрҳо ташкил карда шуда, 41 нафар занони лаёқатманд ба рӯйхати захираи кадрҳои роҳбарикунанда ворид карда шуданд.
Вобаста ба масоили баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занон қобили хушнудист, ки сатҳу сифати  саводнокӣ ва маърифатнокии занону ҷавондухтарон рӯз аз рӯз бештар мегардад. Аз ҳисоби занон 1 нафар доктор,35 нафар номзадони илм,20 нафар унвони дотсент,19 нафар унвонҷуёну аспирантон мебошанд.Мувофиқи ҳисоботи оморӣ аз шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб (52810)  26146 нафар (49 %)- ро ҷавондухтарон  ташкил медиҳанд.Айни ҳол тибқи Квотаи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ 153 нафар ҷавондухтарон таҳсил доранд. Дар соли хониши 2020-2021 бошад 12 квота барои хонандагони болаёқат аз ҳисоби духтарон ҷудо гардид. Дар соли 2021 12 нафар духтарон тибқи квота ба муассисаҳои таҳсилоти оли дохил шуданд.
Рафти иҷрои Барнома пайваста зери назорати доимии шуъба қарор дошта, натиҷаҳои арзёбии иҷрои Барнома дар самти баргузории чорабиниҳо дар машваратҳои кории назди муовини Раиси шаҳр мунтазам  баррасӣ мегардад.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3  майи соли 2014, №294 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023»
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои масъул ҷиҳати иҷрои ин Барнома чораҳои мушаххас меандешад. Дар ин самт, бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз  18 июни соли 2014, №417 «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2014-2023» ва нақшаи амали он тасдиқ карда шудааст.Илова бар ин, бо амри раиси шаҳри Кӯлоб  аз 28 марти соли 2016, № 76 «Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила дар шаҳри Кӯлоб» созмон ёфт, ки ба кори он масъулини  соҳа, роҳбарони идораю муассисаҳои шаҳрӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб карда шуданд,  ки дар онҳо нақшаи корӣ ва вазифаҳои гурӯҳ мушаххас гардиданд. 
Дар назди шуъбаи кор бо занон ҳамчунин Маркази иттилоотӣ-машваратӣ амал мекунад, ки ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва дигар бонувони муҳтоҷ кӯмаки ҳуқуқӣ  ва машваратӣ мерасонад. 
Дар назди таваллудхонаи вилоятӣ бошад, мутобиқи фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.05.2012, №5-276 утоқи хизматрасони ба қурбониёни зӯроварӣ таъсис дода шудааст, ки бевосита ба ҷабрдидагон кӯмакҳои тиббию равонӣ мерасонанд. Ҳамзамон дар утоқи мазкур занҳое, ки ба хушунати оилавӣ гирифтор шудаанд, аз 3 то 7 шабонарӯз ва баъзан аз ин ҳам зиёд  ҷой карда шуда, бо маводҳои хӯрока ва доруворӣ таъмин мегарданд. 
Инчунин дар назди Шуъбаи вазорати корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб дар асоси фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.03.2010, таҳти №271 бо мақсади рафъи ҳолатхои хушунати хонаводагӣ дар нуқтаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии №2, воқеъ дар маҳаллаи Ш.Шоҳин, минтақаи мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуд, ки то имрӯз дар минтақаи номбурда майори милитсия Қурбонзода  Мадина Ҳайт кору фаъолият дорад.
Баҳри баланд бардоштани  сатҳи маърифати ҳуқуқии занону духтарон ва пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби «Маркази занон» ба занону духтарони шаҳри Кӯлоб кӯмаку хизматрасонии тиббӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ пешкаш карда шудааст. 
Дар баробари ин, як қатор чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ, тарғиботию ташвиқотӣ, суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳи  гузаронида шуда, дар он масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, хушунати хонаводагӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи бармаҳал мавриди баррасӣ ва муҳокимарониҳо қарор дода шуданд. 
       Дар доираи ин Барнома мизи мудаввар бо иштироки занони фаъол ва ҳуқуқшиносон  барпо карда шуда, масъалаҳои пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, роҳ надодан ба табъизу хушунат, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила баррасӣ шуданд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
 
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо дигар аъзоёни комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳр, бахш оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои он дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва комиссияҳои доимию ҷамъиятии шаҳр корҳои мушаххасе бурданд.
         Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияташро тибқи нақшаи корӣ идома дода истодааст.
Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб 5 комиссияи доимӣ оид ба  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим  фаъолият мекунад, ки яке аз онҳо комиссияи доимамалкунандаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб буда, 4-адади дигар комиссияҳои доимӣ дар назди ҷамоатҳои деҳот мебошанд. 
Ҳамчунин дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 134 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият намуда, онҳо бобати  риояи талаботҳои Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар  байни  аҳолӣ ва  коллективҳои меҳнатӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
          Иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими роҳбарии бевоситаи роҳбарияти мақомот қарор дошта, дар соли 2021 вобаста ба қонуни мазкур корҳои муайян ба анҷом расонида шуд.
Дар шаҳри Кӯлоб 51 муассисаҳои таълимӣ ва13 кӯдакистонҳо фаъолият менамояд, ки дар ҳамаи муассисаҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъсис дода шудааст.
Тибқи нақшаи кории комиссияи ҷамъиятӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар соли ҷорӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ ва падару модарон оиди моҳияти қонуни мазкур суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд. 
Шӯъбаи кор бо занон  бо шуъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати ба касбомӯзӣ ва шуғл пайвастани бонувон ҳамкориҳои зич дорад. 
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба татбиқи Барномаҳои давлатӣ дар самти занон чораҳои зарурӣ андешида, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
 
 
 
         Мудири шуъбаи кор бо занон 
         ва оилаи мақомоти иҷроияи
         ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб                    Нозимова Ф.
 
 
 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP