Бо фарорасии фасли гармо авҷгирии бемориҳои шадиди меъдаву рӯда инчунин бемориҳои шадиди роҳҳои болоии нафас аз қабили гулӯдард бронхит бештар ба вуқӯъ мепайвандад.
Ҳаминро бояд хотирнишон намуд, ки баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани оризаҳои бемориҳои болозикр дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бевосита бо ташаббуси раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр як қатор чорабиниҳо барои бартараф намудани бемориҳои болозикр ба тавсиб расидааст.
Тайи рӯзҳои охир дар шаҳру деҳоти минтақаи Кӯлоб гармшавии аз ҳад зиёди ҳаво мушоҳида карда мешавад, ки ин таъсири манфии худро ба организми кӯдакон ва калонсолон мерасонад. Аз ин лиҳоз падару модарон ва инчунин аҳолии шаҳрро хотиррасон бояд кард, ки дар чунин рӯзҳои гарм бемаврид аз гаштугузор ва безарурат баромадан дар ҳавои тафсон худдорӣ намоянд. Таъсири гармии ҳаво бештар ба кӯдакон ва пиронсолон зараровар буда онҳоро бештар ба бемориҳои мавсимӣ аз қабили офтобзанӣ, бемориҳои шадиди меъдаву рӯда, фишорбаландӣ ва нафастангӣ оварда мерасонад. Барои гирифтор нашудан ба чунин бемориҳо пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ-гигиениро риоя намуд. Аз истифодаи хӯрокҳои тезтаёр яхмосҳои сарироҳӣ инчунин меваву сабзавоти ношӯста худдорӣ намоянд.
Ташнагии худро бештар бо нӯшоба ва шарбатҳое, ки дар шароити стандартӣ тайёр карда шудаанд рафъ намоянд. Волидон бо кӯдакон сайру гашти худро мебояд дар соатҳои салқини рӯз аз 6 то 9 ва аз қисми бегоҳ бошад аз соати 19 то 21 ба роҳ монанд. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки пешгирӣ аз табобат беҳтар аст.
Бахшида ба ҷашни бузурги умумимиллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёти Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 қабул гардидааст, ки ба соҳаи тандурустӣ 31 лоиҳа дар ҳаҷми 281 млн сомонӣ равона карда шудааст, ки дар 14 лоиҳа бо маблағи 65 млн сомонӣ дар маркази стомотологӣ, маркази бемориҳои эндрокологӣ, табобатхонаи шаҳрӣ, беморхонаи сироятӣ, беморхонаи ноҳиявӣ, маркази саратоншиносӣ таъмиру таҷҳизонида шудааст. Инчунин дар 15 бунгоҳҳои саломатӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ ба анҷом расидааст. Дар 9 лоиҳаи дигар корҳо дар арафаи оғозёбист, ки 36 млн сомониро дар бар мегирад. Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи муссисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба 50481 нафар аҳолӣ хизматрасонии тиббӣ расонида шудааст, ки аз инҳо ташрифи табибон ба хона 17356 дар бар мегирад. Шумораи умумии таваллуд 3193 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии фавт 423 нафарро дар бар мегирад. Шумораи умумии бистаришудагон дар беморхонаҳо 5400 нафар мебошад. Хушбахтона дар 6 моҳи соли ҷорӣ бемориҳои сироятии хавфнок аз ҷумла тифи шикам, хорӣ, ботулизм, вараҷа ба қайд гирифта нашудааст. Ваксинация дар байни кӯдакон 95,5% ро ташкил медиҳад.
Дар 6 моҳи соли 2025 хизматрасонии тиббӣ аҳолӣ зина ба зина боло рафта дастрасии хизматрасонии тиббӣ аҳолӣ босифат ва саривақтӣ мебошад. Ин ҳама самараи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши дастгирии соҳаи тандурустӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб мебошад.
Мо ворисони Синои бузург дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат устувор буда, халқу мардуми Кӯлобшаҳри бостониро бовар мекунонем, ки баҳри хизматрасонии тиббии босифат ва пешгирии бемориҳо хизматрасонии худро ба аҳолӣ дучанд ва ҷоннок менамоем.
Ҳамоҳангсози соҳаи тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб
Директори МСШ №2 ш. Кӯлоб
Нематуллозода Сунатулло