Дар замони соҳибистиқлолӣ рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи ҷомеа таъмин гардида, ҳамзамон марҳила ба марҳила тақвият ёфта истодаанд.
Шаҳри Кӯлоб бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ободу зебо гардида, шароити хуби фаъолияту соҳибкориро барои сокинону соҳибкорон фароҳам овардааст.
Дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни умумимилллӣ 35-солагии истиқлоли меҳан раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар якҷоягӣ бо шахсони масъул аз иншоотҳои сохташаванда, кишти пумбадона, таъмиру асвалтпӯш намудани роҳҳо ва дигар соҳҳаҳо дидан намуданд.
Бунёди ҷомеаи солим аз беҳбудии вазъи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бунёди муассисаҳои замонавӣ, таъмини шароитҳои мусоид барои кормандони соҳаи тибб махсуб меёбад. Бо мақсади таъмин намудани сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам овардани шароити муосири тибби дар деҳот аз ҷониби соҳибкорони маҳалӣ сохтмони маркази хизматрасонии бисёрсоҳавии тиббии "Мирзоён" дар ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо маром чараён дорад. Иншооти мазкур аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, дар масохати 10-сотих замин бунёд шудааст.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҷашнӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, қисмати ками корҳо боқӣ мондааст. Ҳамчунин бо мақсади зебо намудани саҳни бино аз хориҷи кишвар дарахтони мевадиханда ва ороиши дастрас намуда шинониданд, ки баъди нашъунамо ёфтанашон ба иншоот ҳусни дигар зам менамоянд.
Ба итилои масъулин ҳангоми пурра сохтану мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур зиёда аз 100 нафар кормандон бо ҷойи кори доими таъмин мегарданд. Бо ба истифода қарор гирифтани маркази саломатии мазкур беморон ба маркази шаҳр нарафта, дар ҳуддуи деҳаи худ ки дорои таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва беҳтарин мутахассисони соҳаи тандурустӣ мебошад ба табобат фаро гирифта мешаванд.
Дар дохили беморхона барои гирифторони бемории диабети қанд,фишорбаланди ва дигар бемориҳои музмин гушаи гиёдармони сохта шуда мавриди истифода қарор мегирад.
Дар ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб то истиқбол аз ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди даҳҳо иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то кунун қисмати беши аз корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шуда, дар иншоотҳои дигар корҳо бо маром ҷараён дорад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
dv id="«rc08»" ">"