Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8-уми июли соли 2025 сурат гирифт, як гардиши муҳим дар муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад. Дар замоне ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба таҳкими равобити дохилминтақавӣ ниёз дорад, мулоқоти роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров имкони баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро фароҳам овард.
Пас аз солҳои баҳсҳои тӯлонӣ дар масъалаи марз ниҳоят ҷонибҳо тавонистанд ба созиш бирасанд ва масъалаҳои сарҳадиро ба таври расмӣ ҳаллу фасл намоянд. Имрӯз на танҳо марзи мушаххасшуда, балки ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзии Тоҷварон ва Қарамиқ баёнгари эътимоди нав мебошад.
Аз ҷиҳати сиёсӣ, сафари мазкур намунаи дипломатияи сабурона ва дарозмуддатест, ки бо роҳандозии музокироти доимӣ, хештандорӣ ва ироаи иродаи сиёсӣ ба натиҷа расид. Созишномаи таъсиси Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон нишон доданд, ки ҳоло ҷонибҳо омодаанд низоми навбатии ҳамгироиро дар минтақа барпо кунанд. Сафар боз як паём ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад: роҳҳои муваффақият дар сиёсати минтақа танҳо сулҳ, гуфтугӯ ва манфиати муштарак аст.
Яке аз натиҷаҳои муҳими сафари Садир Жапаров ба Тоҷикистон, ки шояд зиёд дар расонаҳо зикр нашуд, ин нақши мутақобилаи ҷомеаҳо дар танзими муносибатҳои ду кишвар мебошад. Баъд аз буҳронҳои марзӣ, равобити байни одамон, хусусан дар минтақаҳои наздимарзӣ коста гардида буданд. Аммо акнун бо ифтитоҳи гузаргоҳҳо ва имзои тавофуқномаҳои ҳамкорӣ дар сатҳи иҷтимоӣ, фазо барои ҳамгироии мардумӣ фароҳам шудааст, ки мо намунаашро дар миёни сокинони ноҳияҳои Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон дидем.
Ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ ва расонавӣ низ тавофуқ намуданд. Бо ташкили чорабиниҳои муштарак, табодули донишҷӯён ва рӯзноманигорон, инчунин ворид намудани бандҳои мушаххас дар барномаҳои фарҳангии давлатӣ, ҳадаф бар он аст, ки на танҳо муноқишаҳо, балки нофаҳмиҳо ва стереотипҳо низ аз байн бурда шаванд.
Мардуми ҳар ду кишвар таърихи муштарак, урфу одати наздик ва эҳтироми мутақобила доранд. Сафари Садир Жапаров метавонад оғози марҳилаи «дипломатияи мардумӣ» дар Тоҷикистон шавад, ки муҳаррики устувор барои ҳифзи сулҳ ва пешбурди робитаҳои оянда аст.
Ҳамин тавр, ҳарчи бештар муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар миёни ду кишвар мустаҳкам мешаванд, ҳамон қадар муҳит барои густариши робитаҳои иқтисодӣ мусоидтар мегардад. Сафари имрӯзаи Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон заминаи воқеии барқарорсозии равобити иқтисодии судмандро фароҳам кард.
Дар доираи ин сафар беш аз 20 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз энергетика ва об то кишоварзӣ ва тиҷорат, имзо шуд. Аз ҷумла, созишномаҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологии нав, ҳамкориҳои аграрӣ, туризм ва тиҷорати марзӣ имкон медиҳанд, ки корхонаҳои муштарак ташкил шаванд ва маҳсулоти ватанӣ озодона ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёбанд.
Хулоса, ин сафар нишон дод, ки чунин сафарҳо метавонад омили асосии субот бошад ва агар тарафҳо ба манфиати умумӣ диққат диҳанд, ҳамаи монеаҳо бо роҳи дипломатӣ бартараф мешаванд.
ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб
 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP