Субҳи имрӯз дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб Ҳайдарзода Шералӣ ва дигар масъулони соҳаҳои гуногун аз рафти омодагии муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳр, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳонҳои хатм, фаро гирифтани кӯдакон барои истироҳат дар лагерҳо, рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ", робитаи оила бо мактаб, сатҳи дониши хонадагон, иштироки хонадагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф дидан намуда, ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Зимни сӯҳбат бо омӯзгорон ва хонадагон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки вазифаи мо пеш аз ҳама бо баҳои хубу аъло хондан, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ мебошад. Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дорад ва тамоми шароитҳои мусоиди таълиму тарбияро барои Шумо фарзандони азиз фароҳам овардааст. Ҳамчунин, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур доданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳонҳои хатми хонандагон ва дохилшавии хатмкунандагон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешида, дар ин самт корбариро пурзӯр намоянд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб