Санаи 12 ноябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробуддин, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар масъулини соҳаҳои хоҷагии халқ вохӯрӣ доир гардид.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳозиринро ба шаҳри Кӯлоб хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки вохӯрии мазкур ин пеш аз ҳама оид ба масъалаи чиниш, ҷамъоварӣ, супоридан ва муайян намудани ҳосили ҳақиқии пахта дар пахтазорҳо мебошад.
Вобаста ба масъалаи мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон баромад намуда изҳор доштанд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сари вақт ҷамъоварӣ намудани пахта ва бо истифода аз боду ҳавои мусоид тамоми масъулинро аз ҷумла соҳаи кишоварзиро мебояд дар ин самт корро ҷоннок намоянд.
Зимнан иттилоъ дода шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки мо бояд ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, аз он накам аз ду-се ҳосил ба даст орем. Аз ин рӯ, масъулини соҳаи кишоварзиро мебояд, ки дар ин самт фаъолияти худро бо хоҷагидорон мустаҳкам намуда, дар вақти кишти дилхоҳ зироатҳо аз маслиҳати мутахассисони варзида истифода баранд.
Иброз гардид, ки бояд масъулин ҷиҳати кишти оянда аз имрӯз чораандешӣ намоянд, то ин ки дар оянда маҳсулоти бештар ва босифат ба даст оварда шавад.
Дар идома меҳмонон аз заминҳои пахтаи ҶДММ "Пахтаи Кӯлоб" дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва Корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ "Тиллои сафед" дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб дидан намуда, бо масъулин сӯҳбати самимӣ намуданд. Зимни суҳбат, меҳмонон аз қабули пахта ва банду басти он ба масъулини Корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ "Тиллои сафед" дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти корӣ ба мутахассисони корхонаи мазкур маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар идомаи вохӯрӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳор намуданд, ки кишоварзони шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷиҳати амалӣ гардидани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тамоми маҳорату малакаи худро равона менамояд, ки дар оянда нисбати кишти тамоми зироатҳо чораҳои дахлдор андешанд.
Дар интиҳо, ба роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешниҳоди маслиҳатҳои муфид изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб