Бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон солҳои охир бо роҳандозӣ намудани барномаҳои гуногуни давлатӣ хоҷагиҳо бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин карда шудаанд, ки кори марди деҳқон дар шудгору кишти саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосил хеле осон гардидааст.
        Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз рафти нашъу намои пахта ва дигар зироатҳо шинос шуда, бо масъулин сӯҳбат намуданд.
           Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар шаҳри Кӯлоб ширкати пахтаи Кӯлоб таъсис дода шудааст. Заминҳои ширкати мазкур 1900 га-ро дар бар гирифта, масъулин дар заминҳои бар зимма доштаашон кишти навъҳои пунбадонаи лотос, бухоро ва дигар навъи ба иқлими минтақа мувофиқро кишт намуданд.
          Зимни сӯҳбат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иброз доштанд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои тасдиқшуда аз рӯзи аввали кишти пунбадона бо ҷалби мутахассисону масъулон, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва босифат ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ тамоми чораҳои агротехникиро бо ҷалби олимони соҳа дида баромада, то ин ки ҳосили фаровон ба даст оваранд.
          Ҳамчунин, роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор намуданд, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият ва шароитро барои марди деҳқон муҳайё намудаст ва вазифаи мо дар он мебошад, ки дар заминҳои ба зимма доштаамон хуб кор карда, маслиҳати олимон ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро дар самти кишту парвариш намудани дилхоҳ маҳсулот истифода бурда ва дар як сол 3 ё 4 ҳосил ба даст оварем. Ҳамчунин, зери ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузорем.
 
                                                                                                                                                        Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP