dv id="«r4jo»" " " ">"
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи «иқтисоди сабз» дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. «Иқтисоди сабз» яке аз самтҳои муосири илми иқтисод мебошад, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба
он беш аз пеш меафзояд. Коршиносон мегӯянд, ки «иқтисоди сабз» дар оянда ҳамасоҳаҳоро фаро мегирад. Аз
ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ ба ҷои нуриҳои минералӣ истифодаи нуриҳои органикӣ(поруи чорвою паранда, пӯсидаи хазону пасмондаи рустаниҳо), ба ҷои
заҳрхимикатҳо усули биологии ҳимояи зироат, бунёди гармхонаҳои офтобӣ, ба роҳмондани усули қатрагии обёрии зироат, захира намудани оби барфу борон дар
мавзеъҳои камоб дорои манфиати зиёди иқтисодию экологӣ мебошанд. ҶумҳурииТоҷикистон дар роҳи рушди «иқтисоди сабз» қадамҳои устувор гузоштааст. Тавре маълум аст, бо шарофати энергетикаи обӣ Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ азҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро мегирад.
Иқтисоди сабз ба иқлим ва муҳити зист таъсири назаррас дорад. Он ба камкардани партовҳои моддаҳои зараровар ва ифлоскунандаҳо мусоидат мекунад, ки ба сифати ҳаво, об ва хок таъсири мусбӣ мерасонад. Илова бар ин, иқтисодиёти сабз истифодаи энергияи барқароршавандаро ҳавасманд мекунад, ки истеъмоли захираҳои истихроҷшударо коҳиш медиҳад ва партовҳои газҳои гулхонаӣ кам мекунад. Ҷорӣнамудани принсипҳои иқтисоди сабз ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва мувозинати
экосистемаҳо мусоидат мекунад, ки омили муҳими ҳифзи муҳити табиӣ ва наслиоянда мебошад.
Дар толори мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Асозода Манучеҳр, намояндагони “Лоиҳаи маблағгузории иқтисоди сабз (GEFF) дар Тоҷикистон дар марҳилаи 2” семинари
омӯзишӣ миёни соҳибкорон, сармоягузорон, тоҷирон ва сокинони шаҳр баргузор карда шуд.
Нахуст муовини раиси шаҳри
Кӯлоб Асозода Манучеҳр ба сухан баромада, меҳмононро ба шаҳри бостонии Кӯлобхайрамақдам намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мушкилоти тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ва гузариш ба «иқтисоди сабз» дар чунин шароит таъкид доштанд, ки «Дар шароити тағйири босуръат ва пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ рақобати шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим зарураст, ки кишвар аз тамоми воситаҳои муосири фаъолсозии сармоягузорӣ васеъ
истифода намояд. Аз ин лиҳоз, бояд механизмимаблағгузории маблағҳои махсус барои татбиқи “лоиҳаҳои сабз”, бахусус татбиқи барномаҳои мақсаднок ва лоиҳаҳои рушди “иқтисоди сабз”, аз ҷумла “энергетикаисабз” ба таври васеъ ҷорӣ карда шавад.Барои татбиқи “лоиҳаҳои сабз” ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки дар ин самт таҷрибаи кофӣ доранд ва амалӣ мешаванд, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, аз таҷрибаи онҳо самаранок истифода бурдан лозим аст.
Дар идома оид ба “Лоиҳаи маблағгузории иқтисоди сабз (GEFF) дар Тоҷикистон дар марҳилаи 2” аз ҷониби мутахассисон маълумотҳои муфид пешниҳод карда шуд.
Иброз гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳа фароҳам овардани қарзҳо тавассути ташкилоти молиявии ширкаткунанда, дастгирии лоиҳаҳо оид ба самаранокии энергетикӣ, энергияи барқароршаванда, ҳифзу нигаҳдории захираҳои об, ҳимояи хок ва мусоидгардонии захираҳо тавассути пешниҳоди ҳавасмандиҳо ба сармоягузорӣ (грантҳо), расонидани кӯмаки техникӣ ба шумор меравад.
Дар охир миёни иштирокчиён оид ба бартарият ва афзалиятҳои лоиҳа саволу ҷавоб сурат гирифт.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
dv id="«r4jp»" ">"
 
 
 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP