Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 (минбаъд Барнома) бо мақсади иҷрои банди 35-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Кӯлоб аз 7-8 ноябри соли 2018 баён доштанд, таҳия шудааст.


 

Бо қарори Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон

 аз 25 июни 2020, № 389 тасдиқ шудааст.

 

БАРНОМАИ

РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2025

 

МУҚАДДИМА

Барнома дар асосӣ талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 таҳти №181 “Дар бораи Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо” таҳия карда шуда,  ба ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар   (Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Ҳадафҳои рушди устувор) мутобиқ карда шудааст.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асоси онҳо таҳияи БРШ Кӯлоб 2020-2025 ба роҳ монда шудааст, инҳо мебошанд: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатb, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Ҳадафҳои рушди устувор.

Фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  дар доираи Барнома дар панҷ соли минбаъда барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии муайянгардидаи кишвар,  таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ; раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;  вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул тавассути саноатикунонии кишвар ва дар ин замина  муҳайё кардани шароити зиндагии шоиста барои сокинони шаҳр нигаронида мешавад.

Барнома  самтҳои афзалиятнок ва сиёсати рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро барои давраи дарозмуҳлат муайян менамояд ва барои ноил шудан ба рушди устувори  иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ, рифоҳӣ, инфрасохтори замонавӣ, шароити шоистаи зиндагии аз лиҳози экологӣ мутобиқ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва инчунин, зиёд шудани табақаи миёнаи аҳолии шаҳр заминаи босазо хоҳад гузошт.

Ба ин мақсад дар доираи Барнома барои рушди соҳаҳои мухталифи шаҳр 217 лоиҳа ба маблағи 6,9 млрд сомонӣ бо дар назар дошти ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳолати умумӣ ва таҳлили  вазъи воқеии шаҳри Кӯлоб

Маълумоти ҷуғрофӣ. Шаҳри Кӯлоб дар минтақаи субтропикии хушк қарор дошта, онро аз ғарб кӯҳсори Тераклитоғ ва Сарсарак (баландиаш аз сатҳи баҳр 2302 м), аз шимол қаторкӯҳҳои Вахш (3141м), аз ҷануб қаторкӯҳҳои Ҷилонтоғ (1760 м) ва Тэк (2813 м), аз шарқ силсилаи кӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ (4088 м) иҳота менамоянд.

Ҳудуди марзию маъмурӣ. Ҳудуди шаҳри Кӯлоб 1,2 ҳазор км2-ро ташкил медиҳад. Аз рӯи сохтори ҳудудию маъмурӣ шаҳри Кӯлоб ба 4 Ҷамоатҳои деҳот тақсим мешавад (Даҳана, Зарбдор, Зиракӣ ва Кӯлоб) ва бо ноҳияҳои Ховалинг, Мӯъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Восеъ ҳамсарҳад мебошад. Дар ин деҳот 25583 хонавода (аз ҷумла, ҷ/д Зиракӣ - 3824 хонавода, Кӯлоб - 2869 хонавода, Даҳана - 3412 хонавода, Зарбдор - 3087 хонавода ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр 12391 хонавода) мавҷуд мебошад. Масофа аз маркази Кӯлоб то шаҳри Душанбе 202 км мебошад.

Иқлим. Иқлими шаҳр континентӣ, тобистонаш гарми хушк буда, зимистони начандон хунук дорад. Иқлими шаҳр ба таъсирҳои гуногуни экологӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, ҳаракати атмосфера ва радиатсияи офтоб алоқаманд мебошад. Боришоти солона нисбатан зиёд буда, дар доманакӯҳҳо ба 600-800 мм, дар пастхамиҳо ба 200-400 мм баробар аст.

Захираҳои табиӣ. Аз захираҳои табиӣ бештар масолеҳи сохтмонӣ (гаҷ ва гил) ва гази табиӣ ба назар мерасад. Дар ҳудуди шаҳр беш аз 4000 намуди растанӣ мерӯяд.

Ҳолати демографӣ. Шумораи аҳолии шаҳри Кӯлоб ба 210,6 ҳазор нафар расида (ба ҳолати 31.12.2018с.), нисбат ба соли 1991 қариб 45 фоиз ё 65,1 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Аз шумораи умумии аҳолӣ 105,0 ҳазор нафар мард ва 105,6 ҳазор нафар зан мебошанд. Афзоиши табиии аҳолӣ 2,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Умуман дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб якҷо бо аҳолии деҳоти он 97,5 фоиз тоҷикон, 2,0 фоиз ӯзбекон ва 0,5 фоиз дигар миллатҳо истиқомат мекунад.

Аз шумораи умумии аҳолӣ 55,5 фоизро (116,8 ҳазор нафар) захираҳои меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Аз захираҳои меҳнатӣ 47,4 фоиз ба кор машғул, ки аз ин 17,0 фоиз дар соҳаи иқтисодиёт шуғл доранд (19,6 ҳазор нафар). Шумораи бекорон 12,3 ҳазор нафар ва муҳоҷирони меҳнатии бурунмарзӣ 11,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Инчунин 27,2 ҳазор нафар шахсони бешуғл ба корҳои хоҷагии хонавода машғул буда, 2,8 ҳазор нафар дигар категорияҳои аҳолии бешуғл, хонандаю донишҷуён 18,6 ҳазор нафар ва нафақагирону маъюбон 15,4 ҳазор нафар мебошад. Нафарони касбу ихтисосдошта қариб 32,0 ҳазор нафар ва беихтисос 8,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии аҳолии бекор  (42,3 ҳазор нафар) 36,2 фоизи захираҳои меҳнатӣ ва 20 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад, ки мушкилии асосӣ барои шаҳр ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамбастагӣ бо равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ равандҳои демографӣ барои рушди дарозмуҳлат хеле муҳим мебошанд. То соли 2025 аҳолии шаҳр бемайлон афзоиш ёфта, ба беш аз 237,0 ҳазор нафар хоҳад расид. Афзоиши шумораи аҳолии синни қобили меҳнат барои суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ дар шаҳр имконият фароҳам меоварад. Аксарияти аҳолиро (56,2 фоиз) сокинони қобили меҳнат (аз 15 то 63-сола) ташкил хоҳанд дод, ки дар сурати таъмин гардидани нерӯи баланди касбии меҳнатӣ, онҳо ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди иқтисодиёт истифода хоҳанд шуд.

Дар баробари суръати баланди афзоиши аҳолии шаҳр, суръати афзоиши истеҳсолот низ бояд таъмин карда шавад. Ин тамоюл барои пешгирӣ намудани коҳишёбии сатҳи некуаҳволии мардум, коҳишёбии қобилияти низомҳои мавҷуда ва самаранокии онҳо зарур мебошад. Чунин масъала дар асоси усулҳои анъанавии ғайрисамарабахши хоҷагидорӣ наметавонад ҳалли худро пайдо намояд. Зарурати суръатбахшии урбанизатсия (шаҳрикунонӣ), сохтмони манзил дар миқёси калон, сармоягузориҳо ба инфрасохтори коммуналӣ, иҷтимоӣ ва роҳу комуникатсия ба миён омада истодааст. Таъмин намудани аҳолии маҳал ба ҷойи кории доимию мавсимӣ афзалияти аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. БОБИ 1. КӮЛОБ ДАР СОЛИ 2025

1.1. Татбиқи барномаи қаблӣ ва сабақҳои андeхта

Дар давоми амалишавии барнома тайи солҳои 2016-2018 соҳаи хоҷагии халқи шаҳр ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Соҳаҳои  саноат, кишоварзӣ рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ соли 2018 дар муқоиса ба соли 2017 мутаносибан 77,0 фоиз ва 35,0 фоиз зиёд шудааст.

Дар давоми амалишавии барнома 16 корхонаи нави хурди саноатӣ ва 73 коргоҳи мухталиф бунёд гардида, наздики 12,0 ҳазор ҷойи кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шуд.

Дар соҳаҳои иҷтимоӣ 62 лоиҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар татбиқи онҳо беш аз 200,0 млн. сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ равон шудааст. Дар натиҷа чандин муассисаҳои таълимии замонавӣ, боғчаи бачагона, сифхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тибиӣ, марказҳои ташхисӣ, маркази табобати хусусӣ, маркази дандонпизишкӣ, маҷмааи варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар маркази шаҳру деҳаҳо бунёд шудаанд.

Дар соҳаи инфросохтор 17 лоиҳа ба маблағи беш аз 120,0 млн. сомонӣ татбиқ гардида, хатти обтаъминкунӣ бунёд ва дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ қисман беҳтар гардида, бунёди шабакаи корезӣ, азнавсозии хатти интиқоли барқ ба масофаи 13,4 км ба анҷом расонида шуда, роҳҳо ба масофаи 17 км  ва терминалӣ боркашонӣ таъмиру таҷдид гардиданд.

Инчунин, дар самти ҳолатҳои фавқулода 9 лоиҳа ба маблағи 76,0 млн. сомонӣ амалӣ шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии хафҳои офатҳои табиӣ бартараф карда шуда бошад ҳам, вале ҳоло минтақаҳои  хавфнок дар дарёи Ёхсу, мавзеъҳои Сарбанди каналӣ Ҳукумати нав, деҳаҳои Лавова, Гулобод, Тоқакаппа, Навобод, Сарёзидашт, Фурудгоҳ, Комбинати хонасозӣ, Минтут ва Чорчашма боқӣ мемонад.

Ба дастовардҳо нигоҳ накарда, дар амалишавии барнома норасогиҳо низ ба назар мерасанд, ки ба татбиқи пурраи барнома монеа гаштанд. Аз 262 лоиҳаи ба Нақшаи чорабиниҳои барнома воридгардида 124 лоиҳа иҷро гардида, иҷрои 91 лоиҳа таъмин карда нашудааст, ки аз он 41 лоиҳаи афзалиятнок ҳангоми тартиб додани матрисаи амалиёти барномаи нав ба инобат гирифта шуд.

1.2. Биниш, ҳадаф ва вазифаҳо

Биниш. Шаҳри Кӯлоб - маркази бузурги саноатию аграрии рушдёфта барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда буда, дорои инфрасохтори муосири иқтисодию иҷтимоӣ, хизматрасонии замонавӣ, бо шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна, сармоягузорӣ, фарҳангию сайёҳӣ, бо муҳити тозаи экологӣ мебошад ва дар он мардуми соҳибмаърифату солим кору зиндагӣ мекунанд.

Ҳадафи олии Барнома ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони шаҳр тавассути таъмини рушди босуръати  иқтисодӣ мебошад.

Барои расидан ба ҳадафи олӣ, зерҳадафҳои зерин барои давраи то соли 2025 муайян шудаанд:

  • фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои сокинони шаҳр;
  • ба маркази саноативу аграрӣ ва фарҳангиву сайёҳӣ табдил додани шаҳри Кӯлоб.

   1.3. Афзалиятҳои асосӣ:

  • таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ тавассути ба фаъолият даровардани иқтидорҳои мавҷуда;
  • рушди соҳибкории истеҳсолӣ;
  • таъмини дастрасии аҳолии шаҳру деҳот ба оби тозаи ошомиданӣ;
  • таҷдиди шабакаи ташнобу корезӣ ва иншоотҳои пасобтозакунии шаҳр;
  • инкишоф додани инфрасохтори мавҷуда (ҳолати коммуналию коммуникатсионӣ, нақлиётb ва роҳдорӣ, энергетикӣ) ва инфрасохтори заминавии иҷтимоӣ;
  • тақвият додани фаъолияти шаҳрсозӣ ва сохтмон бо назардошти Нақшаи генералии шаҳр;
  • беҳтар намудани хизматрасонии бахши иҷтимоӣ дар шаҳру деҳот;
  • ҳифзи муҳити зист ва экология;
  • пешгирии хавфи рухдиҳии офатҳои табиӣ;
  • ба роҳ мондан ва беҳтар кардани низоми хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳру деҳот;
  • коҳиш додани нобаробарии гендерӣ;

1.4. Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар доираи Барнома вазифаҳои зерин гузошта шудаанд:

1.4.1. Дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди зист барои сокинони шаҳр:

  • фароҳам овардани замина барои ворид намудани шаклҳои муосири идоракунии шаҳрдорию хизматрасонӣ;
  • беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба манзили дастрас;
  • дастрасии сокинони шаҳр ба шабакаҳои алоқаи электронӣ;
  • таҳкими ҳавасмандсозии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист;
  • ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани меъёрҳои бунёди иншоотҳо;
  • истифодаи шаклҳои алтернативии истеҳсоли нерӯи барқ (энергияи офтоб ва биомаҳсулот);
  • коҳиш додани талафоти нерӯи барқ;
  • кам кардани сарбории нақлиётӣ тавассути беҳ кардани сифати роҳҳои дохилишаҳрӣ ва роҳҳоиберун аз шаҳр;
  • беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи савдо ва бозори истеъмолӣ;
  • ба роҳ мондани низоми шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
  • таҷдиди соҳаи саноат ва диверсификатсияи маҳсулоти он;
  • таъмини аҳолии шаҳр бо нерӯи гармӣ ва газ;
  • таъмини беҳтару бештари сокинони шаҳр ва деҳоти он бо оби нӯшокӣ, баланд бардоштани сатҳи санитария ва беҳдошт;
  • ташаккули низоми мавҷудаи идоракунии хизматрасонии коммуналӣ дар шаҳр ва маркази ҷамоатҳо.

1.4.2. Ба маркази саноативу аграрӣ ва фарҳангиву сайёҳӣ табдил додани шаҳри Кӯлоб:

  • ба фаъолият даровардани корхонаҳои мавҷуда ва бунёди корхонаҳои нави бо таҷҳизоту технологияи муосир муҷаҳҳаз;
  • бунёди минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”;
  • ташаккул ва рушди кластерҳои саноатӣ дар саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ ва маваю сабзавот) ва масолеҳи сохтмонӣ;
  • бунёди гармхона ва сардхонаҳо барои парвариш ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;
  • таъсиси корхонаҳои паррандапарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, озмоишгоҳи парвариши кирминамоҳӣ ва обанборҳои махсуси нигоҳдории онҳо;
  • бунёди боғҳои нави замонавии фарҳангию фароғатӣ;
  • беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасониҳои соҳаи фарҳангу фароғат;
  • пурра таъмин намудани муассисаҳоисоҳаи фарҳанг ва фароғатии шаҳр ва деҳот бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ;
  • баланд бардоштани сифати хизматрасонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи низоми танзими техникӣ;
  • бунёди иншоот дар шакли маҷмааҳои сайёҳию этнографӣ, дӯконҳои махсус барои сайёҳон барои фурӯши савғотиҳои миллӣ;
  • таъсис додани гӯшаҳои расмгирӣ дар нуқтаҳои қабули сайёҳон (фурудгоҳ ва ҷойҳои барои сайёҳон пешбинишуда).

             1.5. Тарафҳои қавӣ, заиф, имкониятҳо ва таҳдидҳо

             Омилҳои дохилӣ (тарафҳои қавӣ ва заиф) ва беруна (имкониятҳо ва таҳдидҳои дарпешистода) ба рушди иқтисодиёти шаҳр дар ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии гузошташуда метавонанд таъсир расонанд. Барои рушди иқтисодиёти шаҳр (аз нигоҳи омилҳои дохилӣ, бахусус тарафҳои қавӣ) шароити аввалиндараҷа мавҷуд аст ( ин мавҷуд будани корхонаҳои калони саноатӣ, инфросохтори авалиндараҷа, роҳи оҳан, фурудгоҳи байналмилалӣ, мавҷуд будани захираҳои меҳнатӣ ва кадрҳои баландихтисос, шароити хуб барои парвариши ҳамагуна зироатҳои соҳаҳои кишоварзӣ ва дигарҳо), вале самаранок истифода нашудани онҳо (аз ҷумла фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ аз рӯи иқтидорҳои лоиҳавӣ ва аз фаъолият боз мондани қисми зиёди онҳо, набудани воситаҳои гардон, кӯҳнаю фарсуда будани дастгоҳои истеҳсолӣ, набудани мутахассисони касбӣ ва ҷараёни баланди рафтани кадрҳои баландихтисос ба дигар кишварҳо, самаранок истифода нашудани роҳи оҳан, ҳосилнокии пасти зироатҳои кишоварзӣ ва дигар омилҳо) барои рушди иқтисодиёти шаҳр монегӣ эҷод мекунанд.

             БОБИ 2. РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ

               2.1. Соҳаи саноат

             Дар давраи аз соли 2000 то соли 2018 дар саноати шаҳр тамоюлҳои мусбии рушд нигоҳ дошта шуда, суръати устувори рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид. Дар соли 2018 ин нишондиҳанда 12 баробар нисбат ба соли 2000 ва 29,4 фоиз дар қиёс ба соли 2015 афзоиш ёфтааст. Дар соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 218,1 млн  сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000 ва 2015 мутаносибан 199,8 млн сомонӣ ва 49,5 млн сомонӣ зиёд аст.

Ҳарчанд, ки дар давоми 18 соли охир корхонаҳои саноатии шаҳр  аз 18,3 млн сомонии соли 2000 то ба 218,1 млн сомонӣ дар соли 2018 маҳсулот истеҳсол карда, суръати афзоишро 12 баробар таъмин намуда бошанд ҳам, вале имкониятҳои иқтидорҳои мавҷуда ба таври зарурӣ истифода бурда нашудаанд. Зеро дар ҳудуди шаҳру деҳот имконияту иқтидорҳои мавҷудаи истифоданашуда хеле зиёд мебошад (аз 48 корхонаи саноатӣ 15 корхона (31 фоиз) умуман фаъолият накард, 12 корхона (25 фоиз) суръати афзоишро коҳиш додаанд ва боқимода корхонаҳо дар сатҳи 20-30 фоизи иқтидорҳои лоиҳавиашон, ба истиснои ҶДММ «Ресандаи Кӯлоб» собиқ ҶСК «Кӯлоб Текстайл», 90 фоиз) фаъолият кардаанд. 

Дар баъзе корхонаҳо биноҳои маъмурию истеҳсолӣ ва таҷҳизоти онҳо фарсудаву корношоям ва девору биноҳо валангор гаштаанд (аз ҷумла, ҶДММ «Пахтаи Кӯлоб»,  ҶДММ «Мармариён» ва дар ҶДММ «Фабрикаи пойафзол» ягон таҷҳизоти истеҳсоли пойафзол вуҷуд надорад). Масоҳати ҶДММ «Ориён Рустам» (собиқ комбинати гӯшт) бинобар сабаби дар ҳудуди он сохта шудани хонаҳои истиқоматӣ аз 3 гектари аввала то 0,88 гектар ва ҶДММ «К-Даврон» (собиқ заводи нон) то ба 0,44 га кам шудааст. Дар натиҷаи аз фаъолият бозмондани корхонаҳо ҷойҳои кории доимӣ кам шуда, шумораи коргарон дар давоми 27 сол аз 3900 нафар ба  246 нафар расидааст.

Соли 1991 ҳамагӣ 16 корхонаи саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб фаъолият дошт, ки ин корхонаҳо беш аз 650,0 млн. сомонӣ маҳсулот тавлид намудаанд. Вале дар соли 2018 шумораи корхонаҳои хурду миёна шаҳр ба 51 адад расонида шуда бошад ҳам, аммо маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо беш аз ду маротиба аз соли 1991 кам мебошад. Соли 2018 ҳиссаи маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ 1 фоизи истеҳсоли умумии маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ва 3,0 фоизи маҳсулоти саноатии вилоятро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 1991 (12,0 фоиз) 9 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст (дар сатҳи қариб 34 фоизи соли 1991), ки ин дар оянда хавфҳои эҳтимолиро барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти шаҳр бештар мекунад.

            Соли 2018 дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли нахи пахта 9 баробар,  хишти пухта 1,6 маротиба ва равғани растанӣ 4,8 маротиба  коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин истеҳсоли макарон, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, оби ҷав, коргоҳҳои мебелбарорӣ ба роҳ монда шуданд, ки дар соли 1991 умуман истеҳсол карда намешуд.

Дар давоми 18 соли охир сохтори истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ диверсификатсия гардида, дар ин замина истеҳсоли орду макарон, оби нӯшокӣ, шарбати мева, маҳсулоти заргарӣ, дӯзандагӣ, мошинасозӣ (коркарди оҳан дар ҶСК «Сомон-Кулобтаҷҳизот»), маҳсулоти пластикӣ (дару тирезаҳо) ва алюминий, равғани растанӣ ва маҳсулоти сохтмонӣ  ба роҳ монда шуд.

Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти шаҳр, рушди нерӯи инсонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудан лозим аст.

Барои паст намудани ҷараёни ба муҳоҷирати дохилию берунӣ рафтани аҳолии маҳаллӣ (коҳиш додани сатҳи баланди урбанизатсия) тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таъсис дода шудааст, ки минтақаи мазкур дар намуди саноатӣ-инноватсионӣ буда, масоҳати он 309 гектар мебошад. 

Ҳамчунон, бо назардошти афзоиши демографии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои манотиқи он ва пеш аз ҳама ҷиҳати бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ва такон бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисоди шаҳр ва табдил додани шаҳри Кӯлоб ба шаҳри индустриалию аграрӣ бунёди 14 корхонаи азим бо назардошти ашёи хоми маҳаллӣ (ба арзиши тақрибӣ беш аз 5,0 млрд сомонӣ) бо ҷалби маблағгузории сармояи дохилию хориҷӣ дар назар аст. Аз ҷумла, 4 корхона бо иқтидори коркарди ашёи хом дар ҳаҷми 25000 тонна нахи пахта пешбинӣ шудааст. Танҳо расонидани  истеҳсоли пахта ба ҳаҷми 83,0 ҳазор тонна имкон медиҳад, ки тақрибан 25,0 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол карда шавад (25000/0.3= 83,3 ҳазор тонна). Соли 2018 хоҷагиҳои пахтакорӣ шаҳри Кӯлоб 4616,4 тонна пахтаи хом истеҳсол намуданд, ки аз ин тақрибан 1,4 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мешавад.

Дар маҷмӯъ, соли 2018 ноҳияҳои пахтакори минтақаи Кӯлоб ба истиснои ноҳия Данғара (ш. Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор) ҳамагӣ 34,5 ҳазор тонна пахта истеҳсол намуданд, ки аз ин тақрибан 10,4 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мешавад. Дар чунин ҳолат бунёди корхонаҳои коркарди пахта самаранок ҳисобида намешавад ва барои ин тавассути баланд бардоштани ҳосилнокии замин, васеъ кардани кишти заминҳои пахта аз ҳисоби кам кардани кишти дигар зироатҳои кишоварзӣ, ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои пахтакор ва  истифодаи дигар усулҳои муосири агротехникӣ кишти пахтаро ба роҳ мондан лозим аст.

Дар баробаи ин, ҷиҳати таҳкими заминаи ашёи хоми саноатӣ зарур аст, ки дар минтақаи Кӯлоб ба истеҳсоли нахҳои сунъӣ, синтетикӣ ва матоъҳо, ашёҳои кимёвӣ рангдиҳандаю васлкунанда аҳамияти махсус дода шавад.

Бинобар ин, дар давоми солҳои минбаъда афзалияти асосӣ ба соҳаҳои зерин дода мешавад:

  • саноати коркард, аз ҷумла саноати сабук (насоҷӣ, кешбофӣ (трикотажӣ), ҷӯроббофӣ, риштаи тайёри пахтагин, газворҳои дурушти пахтагин, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, насоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, шиша ва умуман коркарди маҳсулот;
  • коркарди ашёи хоми ватанӣ (маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот, коркарди пашм, пӯст ва истеҳсоли қолин, истеҳсоли обҳои нӯшокии ташнашикан, шарбатҳои мевагӣ ва дигарҳо);
  • фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ.

Тадбирҳои дар соҳаи саноат пешбинигардида имконият медиҳанд, ки дар шаш соли минбаъда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4 баробар  бо нархҳои ҷорӣ) боло рафта, 35,0 фоиз  аз сатҳи соли 1991 афзоиш ёбад ва беш аз 9700 ҷойи кори доимӣ ва 3000 ҷойи кори мавсимӣ ташкил карда шавад, ки вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро тавассути саноаткунонӣ таъмин намояд.

2.1.1. Мушкилоти асосӣ:

  • сармоягузорӣ нашудани корхонаҳои саноатии мавҷуда аз ҷониби соҳибмулкон ва каммасъулияти нисбати корхонаҳои хусусгардонидашуда (танҳо барои соҳиби амвол шудан на барои истеҳсолот);
  • валангор гаштани биноҳои маъмурию истеҳсолӣ ва куҳнаю фарсуда шудани дастгоҳу таҷҳизотӣ корхонаҳо;
  • ғайримақсднок истифода бурдани ҳудуди баъзе корхонаҳои саноатӣ ва ба нести овардани таҷҳизотҳои истеҳсолии онҳо (сохта шудани хонаҳои истиқоматӣ, фурӯхтани таҷҳизотҳо);
  • сатҳи пасти фаъолияти инноватсионӣ ва сармоягузорӣ;
  • бо иқтидори лоиҳавӣ фаъолият накардани ҳамаи корхонаҳои мавҷудаи шаҳр;
  • рақобатнопазир будани маҳсулоти истеҳсолнамудани корхонаҳои саноатии шаҳр;
  • ҳангоми бунёди корхонаҳои саноатӣ ба инобат нагрифтани захираҳои мавҷуда (аз ҷумла, захираҳои меҳнатӣ, табиӣ ва дигар ашёи хоми маҳаллӣ, ки барои коркард истифода мешавад) ва аз лиҳози иқтисодӣ муайян накардани самаранокии корхона ва бозори фурӯши он;
  • фоизҳои баланди бонкӣ ва гаронии нархҳои иҷора;
  • пайваста афзоиш ёфтани арзиши ашёи хоми саноатӣ ва дигар захираҳо;
  • набудани маблағҳои озоди гардони корхонаҳо;
  • ба таври лозима ҳимоя нагардидани манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ;
  • набудани кадрҳои баландихтисос ва касбӣ барои соҳаи саноат.

         2.1.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ба фаъолият даровардани корхонаҳои таназзулёфта аз ҷониби соҳибмулкон ва таҷҳизонидани онҳо бо воситаҳои асосӣ, технолгияву таҷҳизоти муосир ва дар ин замина баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли саноатӣ;
  • баланд бардоштани сатҳи диверсификатсия дар саноати коркарди маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ ва таъмин намудан раванди              

истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ  ва воридотивазкунанда; 

  • ташкил кардани фонди молиявӣ барои дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда;
  • таъсис додани коллеҷи назариявию амалӣ ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони касбӣ, аз ҷумла ресанда, бофанда, дӯзанда, техник, технолог ва дигар касбҳои ба талабот ҷавобдиҳанда дар ҳудуди шаҳр;
  • ҳавасмандгардонӣ ва дар доираи салоҳияти макомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр пешниҳод намудани имтиёзҳо оид ба дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ. 1.4. Натиҷаҳои ҷашмдошт:
  • ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дучанд зиёд гардида, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии вилоят то 12, 0 фоиз расонида мешавад ва барои табдил додани шаҳри Кӯлоб ба шаҳри саноатию аграрӣ замина гузошта мешавад;
  • рақобатпазирии маҳсулот баланд бардошта шуда, молҳои ба содирот баровардашуда ба андозаи беш аз 20 фоиз афзоиш дода мешавад ва дар ин замина бозори дохилӣ ба молҳои воридотивазкунанда таъмин карда мешавад;
  • зиёда аз 13 ҳазор ҷойҳои кори нав ташкил карда мешавад ва шуғли пурмаҳсулро дар саноат ва дар дигар соҳаҳои дахлдор таъмин мекунад;
  • мутахассисони баландихтисос ва касбӣ барои корхонаҳои саноатии шаҳр тайёр карда мешаванд.

         2.2. Шарикии давлат ва бахши хусусb

         2.2.1 Ҳолати кунунӣ.

Дар раванди гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, соҳибкории хурду миёна муҳаррики асосии пешбарандаи рушди соҳаҳои иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Соҳибкории хурду миёна дар баланд бардоштани самаранокии ҷараёни идоракунӣ, такмили низоми банақшагирию фаъол намудани таркиби истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Ба ин мақсад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” асосҳои  ҳуқуқӣ,  иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ (минбаъд - ШДБХ), тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.

Мақсади асосии ҳамкории шарикии давлат ва бахши хусусӣ пеш аз ҳама ҷалби сармоягузории бахши хусусӣ ба иқтисодиёти шаҳр, таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои инфрасохторӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо буда, дар амалишавии чорабиниҳои  барномаҳои рушди маҳал нақши калидиро мебозад.

Фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Кӯлоб ва маҳалаҳои он бештар дар соҳаҳои тиҷорат, хизматрасониҳои маишӣ, хизматрасониҳои бонкӣ (ташкилоти қарздиҳии хурд), нақлиёт, сохтмон, саноат, алоқа ва сайёҳӣ ба назар мерасад.

Саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёти шаҳр ва ҳудуди деҳаҳои он, махсусан дар рушди инфрасохтори аввалиндараҷа, идомаи корҳои бундёкорию созандагӣ, беҳтар намудани ҳолати хизматрасониҳо дар соҳаҳои гуногун, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ назаррас нест. Дар ду соли охир ҳиссаи бахши соҳибкорӣ дар ташаккули қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз 7 то 8 фоиз зиёд шудааст.

Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ зиёд шуда бошад ҳам, мутаассифона, рушди соҳибкории хурду миёна  аз нигоҳи иқтисодӣ дар шаҳр фаъолияти самаранок надорад.

Маълумот оид ба шумораи соҳибкорони хурду миёна аз Феҳристи ягонаи давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2019

Номгӯи шаҳр

Фаъолияткунанда тариқи:

Шаҳодатнома

Хоҷагии деҳқонӣ

Патент

Ҳамагӣ

шаҳри Кӯлоб

628

1937

1815

4380

Ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ 2272 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 2223 соҳибкор бо шаҳодатнома ба қайд гирифта шудааст, ки соли 2018 аз ҳисоби онҳо 5,8 млн сомонӣ маблағи андоз ба буҷети маҳаллӣ ворид гардидааст (ҳиссаи он дар ташаккули қисми даромади буҷет 8 фоиз мебошад).

Дар доираи захираҳои дохилии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот имконияти таъсис додани корхонаҳои хурд ва миёнаи истеҳсолие, ки маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва хушсифат истеҳсол менамоянд, мавҷуд аст. Тасмим гирифта шудааст, ки дар раванди татбиқи Барномаи рушди шаҳр барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, нассоҷӣ, кешбофӣ (трикотажӣ), ҷӯроббофӣ, риштаи тайёри пахтагин, газворҳои дурушти пахтагин,  хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ, шиша ва умуман, коркарди маҳсулоти мухталиф, аз ҷумла меваю сабзавот, коркарди пашм, пӯст ва истеҳсоли қолин, истеҳсоли обҳои нӯшокии ташнашикан, шарбатҳои мевагӣ, шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Дар сурати дастгирӣ ва ташкил намудани субъектҳои нави соҳибкории  хурду миёна, то соли 2025 эҳтимолияти таъсис додани беш аз 5300 ҷойҳои нави корӣ имконпазир мебошад.

2.2.2. Хизматрасонӣ дар рушди соҳибкорӣ. Дар инкишофи соҳибкории хурду миёна фаъолияти бонкҳо мавқеи хосаро ишғол менамояд. Айни ҳол, дар шаҳр филиалҳои ҶСК «Ориёнбонк», Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк», Бонки «Эсхата», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» фаъолият доранд. Дар баробари ин, Фонди қарзии хурди «Имон-интернейшнл», ҶДММ ТҚҲ «ОКСУС МИКРО ФИНАНС» дар ҳудуди шаҳр ба амалиётҳои бонкӣ машғуланд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти шаҳру деҳот бонкҳо ба соҳибкорон ва аҳолӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат медиҳанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи филиалу марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ дар шаҳри Кӯлоб кам буда, ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб 37 филиалу марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ фаъолият доранд.

Ҳаҷми қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ дар шаҳри Кӯлоб дар давоми солҳои 2015-2019, 268,6  млн сомониро ташкил дода, ба соҳаи саноат маблағҳои имтиёзнок ҷудо нагардидааст.

Соҳибкорони шаҳр нерӯи бузург ва созанда маҳсуб ёфта, аз дуруст ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо рушди минбаъдаи иқтисодиёти шаҳр вобастагии калон дорад. Айни замон, дар шаҳр имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ, иқтидорҳои калони истеҳсолӣ ва қувваи кории арзон мавҷуд мебошад, ки дар ин самт соҳибкорони ватанию хориҷӣ метавонанд фаъолияти худро самараноктар ба роҳ монанд. Илова бар ин, ҳоло аксари занон ва духтарон дар хона бекор мебошанд, ки метавон онҳоро тавассути ташкили корхонаҳои нав, барқарор ва ё ба кор даровардани корхонаҳои аз кор бозмонда ва ё васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои мавҷуда ба кор ҷалб намуд.

2.2.3. Мушкилоти асосӣ:

  • баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ ва кутоҳ будани муҳлати истифода ва баргардонидани онҳо (махсусан, дар самти соҳибкории истеҳсолӣ);
  • маҳдудияти бозори дохилӣ;
  • сатҳи баланди фарсудашавии сармояи асосӣ;
  • рушди суст ва ғайриқаноъатбахши алоқаҳои интегратсионӣ;
  • номукаммалии шаклҳои ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои ШДБХ;
  • маҳдудияти сарчашмаҳои иловагии (ғайрибуҷетӣ) маблағгузории дарозмуддати лоиҳаҳои ШДБХ;
  • дастрасии маҳдуди субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва бинову иншооти корхонаҳои бекорхобида;
  • самарабахш набудани назорати андоз ва ғайриқаноатбахш будани сатҳи иттилоотнокии соҳибкорон оид ба талаботи қонунгузории андоз;
  • мушкилоти алоқаманд бо таъмини боэътимоди корхонаи истеҳсолӣ бо нерӯи барқ ва дигар захираҳои нерӯ, бахусус дар фасли зимистон;
  • нокифоягӣ ва фаъолияти ғайрисамараноки бизнес-инкубаторҳо;
  • мавҷуд набудани ҳифзи иҷтимоии боэътимоди соҳибкорон;
  • рушди нокифояи зерсохтори бозории соҳибкорӣ, номукаммалии низоми андозбандӣ ва нақши ҳавасмандкунандагии он барои васеъ намудани истеҳсолот;
  • номукаммалии механизмҳои молиявӣ-қарзӣ, заминаи бонкӣ ва суғуртаи таваккали/хавфи соҳибкории хурд;
  • мавҷуд набудани механизмҳои худмаблағтаъминкунӣ (иттифоқҳои қарзӣ, ҷамъиятҳои якдигарсуғуртакунӣ ва норасогии воситаҳои молиявӣ ва имкониятҳои маҳдуди субъектҳои соҳибкории хурд нисбат ба иқтидорҳои истеҳсолӣ ва дороии корхонаҳои сохторашон тағйирёбанда;
  • мавҷуд набудани ҳифзи умедбахши иҷтимоӣ ва бехатарии соҳибкорон;
  • мавҷудияти монеаҳои сершумори маъмурӣ;
  • мавҷуд набудани рақобати озод ва шаффофияти баробарии низом, афзоиши бартарияти сохторҳои инҳисорӣ дар бозор;
  • сатҳи пасти касбият ва донишу таҷриба дар ташкили фаъолияти самараноки соҳибкорӣ.

         2.2.4. Вазифаҳои асосb:

  • таҳияи чорабиниҳои мушаххас, ки ҳадафу вазифаҳоро оид ба рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар шаҳр ва деҳоти он пешбинӣ менамоянд;
  • андешидани тадбирҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои бахши хусусӣ дар лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла масъалаҳои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, кафолатҳо ва ҳаммаблағгузории лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр;
  • аз байн бурдани мушкилиҳое, ки шаҳр дар раванди ҷалби сармояи бахши хусусӣ барои рушди инфрасохтор ба онҳо дучор гардида метавонад;
  • мусоидат ба ташкили фондҳои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ;
  • фароҳам овардани шароити мусоид ва дастгирии соҳибкорони шаҳр ва деҳоти Кӯлоб ҷиҳати таъсиси сардхонаҳои ҳозиразамон барои захира ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;
  • соддагардонии ҳуҷҷатҳои ба қайдгирии соҳибкорӣ вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ.

         2.2.5. Натиxаҳои чашмдошт:

  • шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна фароҳам оварда шуда, самтҳои афзалиятноки рушди соҳибкорӣ, бахусус рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва истеҳсолоти воридотивазкунанда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастгирӣ меёбад;
  • маблағгузории давлатии соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории занон тақвият дода мешавад;
  • дастгирии имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар занҷири арзиши иловашудаи агробизнес амалӣ мегардад;
  • монеаҳои маъмурӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна кам мегардад ва санҷишҳои беасос аз байн бурда мешаванд;
  • дар натиxаи ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш бо соҳибкорон шумора ва ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳои ШДБХ ба таври назаррас зиёд мегарданд;
  • низоми хавасмандгардонӣ, дастгирӣ ва имтиёзҳо барои ҷалби захираҳои бахши хусусӣ ба амалишавии лоиҳаҳои ШБДХ ба роҳ монда мешавад;
  • фонди дастгирии соҳибкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои ШБДХ таъсис дода мешавад;
  • механизми ҳаммаблағгузории муштараки лоиҳаҳои ШБДХ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ташкил карда мешавад.

2.3. Фазои сармоягузорӣ

2.3.1. Ҳолати кунунӣ

Вазифаи стратегӣ ва шарти муҳими таҷдиди иқтисодиёти шаҳри Кӯлоб дар панҷ соли минбаъда афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ ва ташаккули фазои сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳошияи қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, инчунин Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Кӯлоб оид ба рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шудааст.

Солҳои охир дар фаъолияти сармоягузорӣ тамоюлҳои мусбӣ мушоҳида шавад ҳам, вале дар муқоиса бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ  назаррас намебошад. Дар давоми солҳои 1991-2019 ҳаҷми умумии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории татбиқшудаву амалкунанда, воридоти сармояи хориҷӣ ва кумаки беруна ба соҳаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб 46 млн долларро ташкил дод, ки дар муқоиса ба шаҳрҳои Хуҷанд (732 млн доллар) ва Бохтар (121 млн доллар) мутаносибан 15,9 ва 2,6 маротиба кам мебошад. Аз рӯи нишондиҳандаи ҷалби сармоя ба ҳар нафар аҳолӣ (шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Бохтар) мутаносибан 221 доллар, 4089 доллар ва 1110 доллар рост меояд.

Маблағгузории шаҳри Кӯлоб дар ин давра аз ҳисоби сарчашмаҳои давлатӣ бе назардошти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 1,4 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи ш. Хуҷанд (1,9 млрд сомонӣ) 26,0 фоиз кам мебошад.

Дар соли 2019 воридоти сармоягузории хориҷӣ дар шаҳри Кӯлоб  ба 1 млн доллари ИМА баробар шуд, ки ин сармоягузории мустақим мебошад. Дар умум барои рушди иқтисодиёти шаҳр 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 13,1 млн  доллари ИМА татбиқ гардид.

2.3.2. Афзалиятҳои асосӣ:

  • баланд намудани сатҳи ҷолибияти шаҳр барои сармоягузорон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;
  • ташкили фаъолияти самараноки ҳамкории муштарак миёни сохторҳои тиҷоратӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
  • мусоидат намудан барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ташкил кардани технопаркҳо ва бизнес-инкубаторҳо.

         2.3.3. Мушкилоти асосӣ:

  • дар сатҳи зарурӣ набудани таъсири механизмҳои дастгирии давлатӣ барои соҳибкоронӣ сармоягузор дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ;
  • мавҷудияти маъмурикунонии зиёд, ки ба сатҳи маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти шаҳр монеа эҷод мекунад;
  • нокифоягии имтиёзҳо барои сармоягузорон;
  • мавҷуд набудани механизмҳои самарабахши маблағгузорӣ барои соҳибкорӣ (иттиҳодияҳои қарздиҳӣ, ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобила) ва бахусус ҷиҳати рушди соҳибкории занон;
  • рушди сусти ташкили инфрасохтории инкишофи соҳибкорӣ;
  • сатҳи нокифояи таҷриба, дониш ва малакаи банақшагирии бизнес, идоракунӣ ва бозоромӯзии (маркетинг) соҳибкорон;
  • номукаммал будани механизми ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ.

          3.3.4. Вазифаҳои асосӣ:

  • ба роҳ мондани низоми дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ дар бахши коркарди ашёи хоми ватанӣ;
  • беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар комплекси агросаноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
  • ҳавасмандсозии соҳибкорони сармоягузор, ки дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ коркарди маҳсулотро ба роҳ мондаанд;
  • ташкил намудани дастрасии соҳибкорон ба маблағгузорӣ тавассути гирифтани қарзи кутоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат;
  • баланд намудани самаранокии татбиқи лоиҳаҳое, ки тавассути давлат ва бахши хусуси сармоягузорӣ мешаванд.

    2.4.   Сохтмон ва меъморӣ

    2.4.1.Ҳолати кунунии соҳа

Соҳаи сохтмон дар пешрафти иқтисодиёти шаҳр нақши калидӣ дошта, дар ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ, таъсиси чойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ нақши муҳим мебозад. Дар шаҳр 58 муассисаи сохтмонӣ фаъолият менамоянд ва дар соҳаи мазкур зиёда аз 698 нафар коргар машғули кор мебошанд. Фаъолияти соҳаи сохтмон дар шаҳр барои бунёди иншооти гуногуни соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, истеҳсолию инфрасохторӣ, ба анҷом расонидани сохтмони иншооти нотамом ва таъмиру тармими биною иншооти соҳаҳои мухталиф нигаронида шудааст.

Тайи солҳои охир афзоиши нишондиҳандаҳои соҳаи сохтмон ба мушоҳида расида, хусусан дар давоми 10 соли охир, ҳаҷми сармоягузориҳои асосӣ дар сохтмон зиёда аз 3,1 маротиба, корҳои сохтмонию васлкорӣ 2,2 маротиба ва ба кор андохтани фондҳои асосӣ 2,6 маротиба афзудааст.

Дар давоми солҳои 2015-2018 аз ҷониби муассисаҳои сохтмонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои сохтмоню васлкунӣ ба маблағи умумии  200,1 млн. сомонӣ иҷро гардида,  дармонгоҳ барои 50 ҷой, муассисаҳои таълимӣ 1520 ҷойи нишаст, 4 хонаҳои истиқоматии баландошёна ва дигар иншоот сохта ба истифода супорида шуданд.

Барои таъмин намудани эҳтиёҷи  аҳолӣ  ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор бо масолеҳи сохтмонӣ дар доираи Барнома  бунёди 2 корхонаи  истеҳсолӣ,  корхонаи сементбарорӣ, шиша пешбинӣ шудааст.

Вазифаи асосӣ дар доираи Барнома ба роҳ мондани бунёду барқарорсозии шаҳри Кӯлоб аз рӯи Нақшаи генералии тасдиқшуда мебошад. Зеро давоми солҳои охир ҳангоми бунёди иншоотҳои соҳаҳои мухталиф муқаррароте, ки дар доираи Нақшаи генералии шаҳр пешбинӣ шудааст ба инобат гирифта нашудааст, ки ин мушкилии зиёдро минбаъд ба вуҷуд меоварад. Инчунин, дар бисёр маврид, ҳангоми бунёди иншоотҳо қоидаҳои меъморӣ ба инобат гирифта намешаванд, ки ин низ симои шаҳрсозиро тира мегардонад.

          2.4.2. Мушкилоти асосӣ:

  • татбиқи ғайриқаноатбахши Нақшаи генералӣ;
  • риоя нашудани қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди иншоотҳои соҳаҳои мухталиф;
  • заминаи сусти моддӣ ва техникии ташкилотҳои пудратӣ;
  • дар сатҳи зарурӣ набудани иқтидорҳои худӣ барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ (вобастагӣ аз воридоти масолеҳи сохтмонӣ);
  • нокифоя будани маблағгузориҳо барои бунёди иншоотҳо;
  • норасоии маблағҳои гардони корхонаю ташкилоти сохтмонӣ, бинобар баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ ва кутоҳ будани муҳлати баргардонидани онҳо;
  • норасоии кадрҳои баланихтисоси соҳаҳои сохтмон ва меъморӣ.

         2.4.3. Вазифаҳои асосӣ:

  • дар асосӣ Нақшаи генералии шаҳр ва санъати меъморию шаҳрсозӣ ба роҳ мондани бунёди иншоотҳои соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, инфросохторӣ ва дигар соҳаҳо;
  • мустаҳкам кардани заминаи моддӣ ва техникии ташкилотҳои сохтмонӣ;
  • бунёди манзили дастрас ва таҳкими механизмҳои пешниҳоди манзил;
  • ба ихтиёри бахши хусусӣ ё моликони манзил додани ҳалли масоили хонаҳои бисёрошёна ва бисёрхонадор;
  • ҳамкорӣ дар ташкил ва ба роҳ мондани кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ;
  • якҷоя бо сохторҳои дахлдор то соли 2025 амалӣ намудани нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва мавзеъҳои гирду атрофи он, омодакунии муҳандисии ҳудуд, инчунин барқарорсозии шабакаҳо ва иншооти муҳандисии мавҷуда тибқи талаботи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Кӯлоб;
  • омода намудани мутахассисони сатҳи баланд аз ҳисоби ҷавонон.

         2.5. Бахши молиявӣ

Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб 44  маркази хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ фаъолият мекунад (аз ҷумла 30 марказхои хизматрасонии бонкӣ,  7 филиали бонк, 4 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 1 ташкилоти қарзии хурд ва 2 фонди қарзии хурд).

         Дар давоми солҳои 2006-2019 ҳаҷми қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ дар шаҳри Кӯлоб беш аз 1,0 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбати шаҳрҳои Хуҷанд (5,5 млрд сомонӣ) ва Бохтар (2,3 млрд сомонӣ) мутаносибан 5,5 баробар ва 2,3 баробар кам мебошад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки фаъолияти соҳибкорӣ (бахусус фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ) дар шаҳри Кӯлоб хуб ба роҳ монда нашудааст.

Соли 2019  ҳаҷми умумии пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шаҳри Кӯлоб 17,3 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2018 мутаносибан 1,1 фоиз ва 2,0 фоиз зиёд шудааст.

Дар доираи Барнома зарур аст, ки бахши молиявии шаҳри Кӯлоб ба низоми муосири серамалиёти муассисаҳои рақобатпазири молиявие табдил дода шавад, ки барои пешниҳоди намудҳои васеи хизматрасонии молиявӣ ва маҳсулоти босифат ва инноватсионӣ ба истеъмолкунандагон қодир бошад ва  барои рушди устувори иқтисоди шаҳр шароити мусоид фароҳам оварад.

          2.6. Буҷети маҳаллӣ

Даромади умумии буҷети шаҳр аз 15 сарчашмаи даромад асос ёфтааст. Дар сохтори қисмати даромади буҷети шаҳр андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз тибқи низоми содакардашуда ва андоз аз молу мулки ғайриманқул нақше бештар доранд.

Дар чор соли охир даромади буҷети шаҳр 22,0 фоиз зиёд гардида бошад ҳам, вале то ҳол аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети вилоят мусоидати молиявӣ (субвенсия) расонида мешавад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷот дар шакли субвенсия дар давоми солҳои 2014-2018 ба маблағи 177,5 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Инчунин дар соли 2019 барои ҳисоббаробаркунӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 29,0 млн сомонӣ ва аз буҷети вилоятӣ 4,1 млн сомонӣ ба буҷети шаҳр маблағ ҳамчун субвенсия ҷудо карда шуд.

Барои худмаблағгузор шудан, дар доираи барнома дар давоми панҷ соли минбаъда бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ, бунёди корхонаҳои парандапарварию ҳавзҳои моҳипарварӣ ва дигар чорабиниҳо дар соҳаҳои мухталиф дар назар аст, ки амалишавии онҳо метавонанд ба даромади  буҷети маҳаллӣ мусоидат намоянд.

Буҷети шаҳр хусусияти иҷтимоӣ дошта, дар қисми хароҷот ҳиссаи зиёдро хароҷоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, ташкил медиҳанд. Ҳаҷми маблағгузории буҷети ин соҳаҳо дар асоси ҳисобу китоби харҷномавӣ (сметавӣ) муайян мегардад. Дар соли 2019 ба ҳисоби миёна ҳиссаи соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ) дар буҷети маҳаллӣ 84,1 фоизро ташкил додааст, ки аз ин хароҷот барои соҳаҳои маориф 55,0 фоиз, тандурустӣ 27,6 фоиз, фарҳанг 2,5 фоиз ва ҳифзи иҷтимоӣ  1,3 фоиз равона шудааст.

Сохтори хароҷоти буҷети шаҳри Кӯлоб аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ асосан аз категорияҳои музди меҳнат ва суғуртаи давлатӣ, хароҷот барои коргузории молу хизматрасониҳо ва хароҷоти асосӣ иборат мебошад. Хароҷоти асосӣ барои бунёди иншооти нав, сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, таъмири биноҳо ва харидории таҷҳизот 1,3 фоиз равона мешавад, ки ин басанда намебошад. Тибқи нишондиҳандаҳои пешакии дурнамо буҷети шаҳр  дар соли 2025 дар муқоиса ба соли 2018 ба андозаи 75 фоиз зиёд гардида, аз 74 млн. сомонии соли 2018 ба 130 млн. сомонӣ дар соли 2025 расонида мешавад.

2.6.1. Мушкилоти асосӣ:

  • васеъ истифода нашудани сарчашмаҳои мавҷудаи даромад;
  • набудани шабакаи ягонаи иттилоотӣ байни сохторҳои шаҳр;
  • кам будани таносуби воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷети шаҳр;
  • фаъолияти ғайрирасмии баъзе корхонаҳо ва соҳибкороне, ки ба истеҳсолот, хизматрасонӣ ва тиҷорат машғуланд;
  • паст будани сатҳи фарҳанги молиявии андозсупорандагон ва самаранок истифода нашудани воситаҳои ахбори электронии иттилоотӣ аз ҷониби нозироти андози шаҳр, ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги андозсупорандагон.

   2.6.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • муайян намудан ва пурра истифода бурдани сарчашмаҳои даромади буҷет;
  • аз байн бурдани сарбории андоз, маъмуригардонии андоз ва сатҳи ҷамъоварии андозҳо, ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷети шаҳр;
  • ба роҳ мондани механизми нав ва ҳавасмандгардонии соҳибкорон барои пешбурди баҳисобгирии дуруст ва пурраи муҳосибот;
  • ташкили сомонаи андози раёсати андоз ва маркази тамос барои андозсупорандагони шаҳри Кӯлоб;
  • баланд бардоштани самаранокии фаъолият доир ба ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ.

         2.7. Бозори истеъмолӣ

         2.7.1. Ҳолати кунунӣ

Савдо ва хизматрасонӣ дар шаҳри Кӯлоб дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” ва “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ташкил гардида, аз масъалаҳои марбут ба назорату танзими савдо, бозори истеъмолӣ,  хизматрасонӣ, хӯроки умумӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, хариди давлатии молҳо, корҳо ва захираи молҳои аввалиндараҷаи истеъмолии мардум иборат мебошад.

Вазни қиёсии корхонаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ 14 фоизи шумораи умумии корхонаҳои дар шаҳр ва ҳудуди он  фаъолияткунандаро ташкил медиҳад (шумораи умумии корхонаҳои савдои чакана 58 адад).

Ҳаҷми гардиши савдо дар 18 соли охир 46 маротиба зиёд гардида, аз 14,6 млн. сомонии соли 2000 ба 597,0 млн. сомонӣ дар соли 2018 расида бошад ҳам, вале дар ин самт мушкилиҳои зиёд барои рушди бозори истеъмолӣ монеагӣ менамоянд, ки аз байн бурдани онҳо дар давоми амалишавии барнома вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

         2.7.2. Мушкилоти асосӣ:

  • набудани ҳисоботи аниқ оид ба фаъолияти соҳибкорони дар самти хариду фурӯши мол машғулбуда;
  • набудани қоидаҳои техникии стандартии фаъолият дар бозор ва набудани стандартҳои ягонаи хизматрасониҳо дар соҳаи хӯроки умумӣ;
  • мавҷуд будани миёнаравҳо дар бозори истеъмолӣ;
  • бо таври сунъӣ ва бе асоси иқтисодӣ баланд гардидани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия;
  • зиёд гардидани сафи миёнаравҳо дар бозорҳои истеъмолӣ;
  • мавҷуд будани маҳсулоти сифаташ паст ва муҳлаташ гузашта дар нуқтаҳои савдо;
  • дар сатҳи паст қарор доштани сифати маҳсулоти воридотӣ дар бозори истеъмолӣ;
  • зиёд гардидани савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда (бахусус дар бозори марказӣ ва савдои кӯчагӣ).

  2.7.3. Вазифаҳои асосӣ:

  • ба низоми ягона овардани шакли ҳисоботдиҳӣ барои соҳибкороне, ки ба харид ва фурӯши мол машғул мебошанд;
  • ба роҳ мондани назорати сифати молҳо аз рӯи стандартҳои қабулшуда дар бозори истеъмолӣ;
  • баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшавандаи дохилӣ ва мутобиқ кардани он ба стандартҳои байналмиллалӣ;
  • ба тартиб даровардани савдои ғайрирасмии кӯчагӣ бахусус дар бозорҳои калони дохили шаҳр.

    2.7.4. Натиҷаҳои чашмдошт:  

  • ҳисоботҳои аниқ аз рӯи низоми ягона ҷорӣ карда мешавад;
  • монеаҳои савдо аз байн мераванд ва гардиши савдои чакана ва яклухт афзоиш меёбад;
  • сифати молҳои ватанӣ беҳтар карда шуда, номгӯи молҳои воридотивазкунанда зиёд карда мешавад;
  • ба савдои ғайрирасмӣ дар бозорҳои марказӣ хотима гузошта мешавад.

2.8. Соҳаи кишоварзӣ

Кишоварзb яке аз соҳаҳои асосие, мебошад, ки ба рушди иқтисодиёти шаҳри Кӯлоб саҳми зиёд гузошта, 40 фоизи шуғли аҳолии минтақаро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба  Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд. Зиндагии зиёда аз 50 фоизи аҳолии деҳаҳои шаҳр бевосита ба соҳаи кишоварзӣ вобаста буда, беш аз 37 фоизи қувваи кориро дар соҳаи кишоварзӣ занон ташкил медиҳанд. Норасоии хизматрасонии васеи кишоварзӣ ва дастрасии маҳдуд ба қарзҳои камфоизу дарозмуҳлат ва дастгирии дигари молиявӣ мушкилоти ҳоҷагиҳои деҳқонb (фермерӣ) мебошад. Ҳамаи  хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ба хизматрасонии бонкҳо дастрасӣ доранд ва қарз мегиранд.

Дар соли 2018 аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда, ба ҳар нафар аҳолии шаҳр ва деҳаҳои Кӯлоб 283,7 кг сабзавот, 22,5 кг картошка, 35,0 кг мева, 29,2 кг полезӣ, 27,8 кг нон ва маҳсулоти нонӣ, 2,7 кг равған, 9,1 кг гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 0,7 кг моҳӣ ва маҳсулоти он, 102,8 кг шир ва маҳсулоти ширӣ ва 8,2 дона тухм рост омадааст, ки ин аз меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба истиснои сабзавот ва полезиҳо кам мебошад.

Меъёри физиологии маҳсулот ба ҳар як нафар

           Номгӯи маҳсулот

Килограм

 дар як сол

Талаботи умумӣ

(тонна)

Истеҳсол дар соли 2018 (тонна)

Таъминот бо фоиз (%)

Нон ва маҳсулоти нонӣ ярмаҳо, лӯбиёгиҳо

147,7

31048

5852

18,8

Гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ

40,8

8486

1922

22,6

Моҳӣ ва маҳсулоти он

9,0

1894,5

146,3

7,7

Шир ва маҳсулоти ширӣ

115,3

24270,6

21640

89,2

Тухм (дона)

180,0

37890

1743

4,6

Равған (растанӣ, чарбу)

16,6

3494,3

571

16,3

Сабзавот

166,1

34964

59731

170,8

Полезиҳо

166,1

34964

6162

17,6

Мева ва буттамева

124,1

26123

7358

28,1

Картошка

92,0

19366

4742

24,4

Дар ҳудуди шаҳр ва деҳоти Кӯлоб имкониятҳои васеъ барои  қонеъ гардонидани талаботҳои физиолологии бештари аҳолӣ аз рӯи маҳсулотҳои кишоварзӣ мавҷуд аст. Барои ин, дар давоми панҷ соли минбаъда ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо (аз ҷумла, 37 гектар замини корами обӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 500 га замин ва тоза кардани канали Бештигирмони боло барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 500 га замин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зиракӣ, инчунин беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 27 гектар замин дар деҳаҳои Ватаншо Шамсов, Зарбдор, Панҷосиёб, 60 гектар замин дар хоҷагиҳои деҳқонии “Сабз”, “Хатлон”, “Луқмони Ҳаким” ва “Зебо Гадоева”, обёрӣ намудани 257 гектар замини нав дар деҳаи Хонобод, бунёди пойгоҳи обкашии деҳоти Даҳана барои обёрии 213 га ва таъмири 3 пойгоҳи обкашии деҳоти Зарбдор), инчунин истифодаи оқилонаи замин тавассути риояи меъёрҳои агротехникӣ лозим мебошад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2019 аз 27562 гектар (аз ҷумла, замини обӣ 8350 гектар) майдони умумии заминҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб, 7135 гектарро (аз ҷумла замини корами обӣ 6261 гектар) ё 25,8% заминҳои корам ташкил медиҳад ва ба ҳар нафар аҳолии шаҳри Кӯлоб 0,029 гектар замини корами обӣ рост меояд, ки барои таъмини амнияти кишоварзӣ (ҲРУ 2) нокифоя мебошад. Бо назардошти афзоиши демографӣ (2,3%) то соли 2025 дар ҳолати то 25 ҳазор нафар афзоиш ёфтани аҳолӣ (яъне ба 235 ҳазор нафар баробар гаштани шумораи аҳолӣ), ҳиссаи майдони замини корами обӣ аз ин ҳам камтар шуда, ба ҳар нафар то 0,026 гектар замин рост хоҳад омад.

Обёрии заминҳои кишоварзии деҳаҳои Кӯлоб асосан тавассути 1 сарбанди обгирии асосии дарёи Ёхсу, 3 истгоҳи обкашӣ ва 17 адад чоҳи амудӣ амалӣ карда мешавад (барои обёрии 345 гектар замин). Аз сабаби аз кор баромадани истгоҳҳои обкашӣ ва 15 чоҳи амудӣ, зиёда аз  213 гектар заминҳои обӣ пурра истифода бурда намешаванд.

Аз сабаби дастрас набудани оби полезӣ, зиёда аз 800 га замин ҳамасола аз имконияти кишти такрорӣ маҳрум мегардад. Барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта барқарор кардани 20 чоҳи амудӣ дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, насб ё таъмир кардани насосҳои обкашӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор, Даҳана, тоза кардани обанбори Муъминобод, тоза кардани 80 км заҳбуру заҳкашҳо, сохтмону таҷдиди каналҳои обёрии бетонӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Даҳана ва Зиракӣ, инчунин интиқоли об аз ҳисоби канали Кӯлобдарё тавассути насосҳо ба обанбори Тебалай ба мақсад мувофиқ мебошад (барои обёрии беш аз 1000 га замин).

Барои беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ, дар доираи лоиҳаи нави «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон», ки аз тарафи Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» татбиқ мегардад, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашии Кулобдарё №0, №1, №2 ва Жданов №1 ва №2-и шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.

Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад 5589 гектар заминҳои корам ё 74 фоиз ва 4041 гектар заминҳои обӣ ё 63 фоизи заминҳои мавҷуда вобаста карда шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ. Дар соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ 439,8 млн.сомониро ташкил дод, ки аз ин 281,6 млн. сомонӣ (64,0%) ба соҳаи растанипарварӣ ва 158,2 млн. сомонӣ (36,0 %) ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Хоҷагиҳои кишоварзӣ 16663 тонна ғалладона, 4742 тонна картошка, 59731 тонна сабзавот, ­­­7358 тонна мевагиҳо, 19225 тонна гӯшт, 15116 тонна шир, 1358 ҳазор дона тухм ва 105 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол намуданд.

Истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда имконият медиҳад, ки соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, аз ҷумла ғалладонагӣ ба 21 ҳазор тонна, пахта ба 6 ҳазор тонна, картошка ба 11 ҳазор тонна, сабзавот ба 67 ҳазор тонна, полезиҳо ба 8 ҳазор тонна, хӯроки чорво ба 4 ҳазор тонна, мевагӣ ба 15 ҳазор тонна, ангур то ба 2 ҳазор тонна, гӯшт ба 6 ҳазор тонна, шир ба 27 ҳазор тонна, тухм ба 3 млн. дона, асал ба 130 тонна, пашм ба 90 тонна ва моҳӣ ба 240 тонна расонида шавад.

Барои ноил шудан ба ин нишондиҳандаҳо дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёди гармхонаҳо барои парвариши зироатҳо ва барои нигоҳдории сабзавоту мевагиҳо бунёд намудани сардхонаҳо пешбинӣ мегардад. Зеро дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб 895,5 гектар боғу токзор бунёд карда шуда, то соли 2025 бунёди беш аз 1150 гектар боғҳои содиротӣ ва барқарор намудани 96 гектар боғҳои кӯҳна пешбинӣ мешавад. Барои кам кардани талафоти меваи минтақаҳои Кӯлоб, таъсиси корхонаи коркарди мева дар шаҳри Кӯлоб ва ба роҳ мондани истеҳсоли афшура ва шарбат ба мақсад мувофиқ мебошад.

 

Саршумори чорво дар солҳои 2014-2018 (сар)

Барои бунёди фермаҳои хурди парвариши чорвои шохдори калону хурд ба 5 соҳибкори маҳаллӣ қитъаҳои замин ҷудо гардидааст. Инчунин дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб 5 гектар замин барои сохтмони фермаи парандапарварӣ барои 100 ҳазор сар парранда ҷудо гардидааст.

Моҳипарварӣ. Барои парвариши моҳӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб шароити хуб мавҷуд мебошад, аммо айни замон ҳамагӣ 20 фоизи имкониятҳо истифода мешаванд. Барои рушди моҳипарварӣ аз ҳисоби заминҳои санглох дар майдони 80,3 гектар 24 хоҷагии моҳипарварӣ ташкил карда шудааст. Ҳамзамон, барои хоҷагиҳои моҳипарварӣ ҷиҳати бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ 76 га замин ҷудо гардида, барои бунёди ҳавзҳо корҳо оғоз шудаанд. То соли 2025 пешбинӣ мегардад, ки истеҳсоли солонаи моҳӣ ба 255 тонна расонида мешавад.

Амалишавии чорабиниҳои дар соҳаи кишоварзӣ пешбинишуда имконият фароҳам меорад, ки то соли 2025 дар соҳаи мазкур зиёда аз 14800  ҷойи кори доимию мавсимӣ ташкил карда шавад.

Афзоиши ҳамасолаи аҳолӣ ба зиёд шудани захираҳои меҳнатӣ оварда мерасонад. Бинобар ин, таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи корӣ дар панҷ соли минбаъда бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда, ба роҳ мондани сохтмони корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ, тавассути ташаккул ва рушди кластерҳои истеҳсолиро тақозо менамояд.

Бинобар ин, дар давоми панҷ соли минбаъда афзалияти асосӣ ба самтҳои зерин дода мешавад:

  • ташаккул ва рушди кластерҳои истеҳсолии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ ва меваю сабзавот);
  • беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таъминоти оби полезӣ, тавассути таъмиру барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ;
  • ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида;
  • истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, ба кор даровардани онҳо ва таъмини фаъолияти мунтазаму самараноки онҳо;
  • бунёди корхонаҳои паррандапарварӣ, инкишоф додани хоҷагиҳои моҳипарварӣ, занбури асалпарварӣ, хоҷагиҳои фермерии чорвои зотӣ ва боғу токпарварӣ;
  • бунёди гармхона ва сардхонаҳо барои парвариш ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ.

 2.8.1. Мушкилоти асосии кишоварзӣ.

  • ҳолати бади мелиоративии заминҳо ва аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо (беш аз 500 га);
  • солҳои тӯлонӣ тоза нагаштани канали Бештигирмони боло, обанбори Муъминобод, 80 км заҳбуру заҳкашҳо ва корношоям будани насосҳои обкашӣ, зарурияти сохтмону таҷдиди каналҳои обёрии бетонӣ дар ҷамоатҳои деҳот (барои обёрии 1000 га замин);
  • таъмир нашудани пойгоҳи обкашӣ, истгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ (барои обёрии 213 га замин);
  • фоизи баланди қарзҳои бонкӣ ва набудани имтиёзҳои дарозмуддат барои хоҷагиҳои кишоварзӣ, бахусус барои соҳибкорони ба истеҳсолот машғулбуда;
  • нокифоягии техника ва таҳҷизоти муосири кишоварзӣ;
  • дастраси пурра надоштан ба оби полезӣ дар мавсими обёрӣ, бахусус барои кишти такрории беш аз 800 га замин;
  • норасогии нуриҳои минералӣ (бо сабаби арзиши баланд) ва дигар заҳрхимикатҳо барои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон.

2.8.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани беш аз 220 га замин тавассути барқарорсозии истгоҳҳои обкашӣ ва 15 чоҳи амудӣ;
  • тоза кардани канали Бештигирмони боло, обанбори Муъминобод, 80 км заҳбуру заҳкашҳо, аз таъмир баровардани насосҳои обкашӣ, сохтмону таҷдиди каналҳои обёрии бетонӣ дар ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати обёрии 1000 га замин;
  • бо оби полезӣ таъмин намудани 800 га замин барои кишти такрорӣ;
  • бунёди гармхона ва сардхонаҳо дар шаҳр ва ҳудуди ҷамоатҳои Кӯлоб барои парвариш ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;
  • бунёди корхонаи парандапарварӣ (барои 100 ҳазор сар паранда), васеъ кардани ҳавзҳои моҳипарварӣ (дар майдони 76 га замин) ва бунёди фермаҳои чорвои зотӣ дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб (дар майдони 5 га замин);
  • барқарор кардани 20 чоҳи амудӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зиракӣ, насб ё таъмир кардани пойгоҳҳои обкашӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор, Даҳана ва Зиракӣ, сохтмону таҷдиди каналҳои бетонӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Даҳана ва Зиракӣ, насб намудани пойгоҳи обкашӣ дар қаламрави ҷамоати деҳоти Зарбдор ва интиқоли об аз ҳисоби канали Кӯлобдарё тавассути насосҳо ба обанбори Тебалай.

    2.8.3. Натиҷаҳои чашмдошт

  • ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти вилоят ба 15 фоиз расонида шуд;
  • ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 18% аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 287 гектар заминҳои бекорхобида ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 800 гектар замин ва таъминоти оби полезӣ зиёд гардид;
  • бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ пурра таъмин шуд ва содироти он ба хориҷи кишвар 17 фоиз зиёд гардид;
  • зиёда аз 14,8 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад, аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардид ва шумораи бекорон то 45 фоиз коҳиш дода шуд;
  • бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзии воридотивазкунанда ғанӣ гашта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ замина фароҳам гашт.

БОБИ 3. ИҶТИМОИЁТ

3.1. Соҳаи маориф

Рушди соҳаи маориф барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар сатҳи маҳал яке аз рукнҳои асосии расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб ёфта, ҷорӣ намудани низоми идоракунии самарабахши низоми маорифро бо мақсади ба даст овардани маълумоти сазовор, тақозо менамояд.

То соли 2025 бо назардошти афзоиши ҳамасолаи аҳолӣ, дар шаҳри Кӯлоб норасоии беш аз 3500 ҷойи хониш ба миён меояд ва барои ҳалли масъалаи мазкур, сохтмону ба истифода супоридани 6 мактаби нави замонавӣ пешбинӣ мегардад. Аз ҷумла, сохтмони мактаби ибтидоӣ барои 250 нафар хонанда дар деҳаи Овтоули (Даҳанаи поён) ҷамоати деҳоти Даҳана, сохтмони мактаби миёна барои 350 нафар хонанда дар деҳаи Лағмони 2-и ҷамоати деҳоти Кӯлоб, сохтмони мактаб барои 320 хонанда дар маҳаллаи Гулбоғи шаҳри Кӯлоб, сохтмони мактаб барои  320 хонанда дар деҳаи Гултеппаи ҷамоати Даҳана, сохтмони мактаб  барои 280 хонанда дар деҳаи Ҷерқалаи ҷамоати Зиракӣ, сохтмони мактаб барои 320 хонанда дар қисмати болои деҳаи навбунёди Хонободи ҷамоати Даҳана ва ғайра. Инчунин, то соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб норасоии 9 муассисаи томактабӣ барои фарогирии 1050 кӯдак бояд тавассути сохтмони муассисаҳои нави томактабӣ дар ҳудуди ҷамоатҳо, бартараф карда шавад.

Дар соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб 71 муассисаи таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей, 1 мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, 2 интернат, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, 1 фароғатгоҳ, 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (аз ҷумла, 2 муассисаи таҳсилоти хусусии томактабӣ) фаъолият дорад.

Муассисаҳои томактабӣ. Дар шаҳри Кӯлоб 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо ғунҷоиши умумии лоиҳавии 1895 нафар фаъолият намуда, дар асл дар онҳо 1416 нафар кӯдакони синну соли томактабӣ (3-6 сола) ба тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли 2014 ба андозаи 401 нафар зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар назди 31 мактаб марказҳои инкишофи кӯдакон ташкил карда шудаанд, ки 692 нафар кӯдакони синни тайёрӣ ба мактабро фаро гирифтаанд.

Дар маҷмӯъ, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ беш аз 2108 нафар ё 8,4 фоизро (шумораи умумии кӯдакони синни томактабӣ 25125 нафар) ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳурӣ (14,5 фоиз) 5,8 банди фоизӣ паст мебошад.

Дар сурати бунёди муассисаҳои томактабии нав дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳо, инчунин таъмир ва ҷиҳозонидани кӯдакистонҳои мавҷуда, фарогирии кӯдакони синни томактабӣ (3-6 сола) зиёд гардида, то соли 2025 тибқи Барнома  4500 нафарро ташкил хоҳад дод.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 56 ададро ташкил дода, нисбати соли 2014 - 3 адад зиёд мебошад. Дар соли хониши 2018-2019 дар 1896 синфхона 46,7 ҳазор нафар хонандагон (аз ҷумла 22,7 ҳазор нафар духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли 2014 ба андозаи 3,2  ҳазор нафар зиёд мебошад ва ба онҳо 3344 нафар омӯзгорон  (аз ҷумла 2183 нафар занон) таълим медиҳанд.

Дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ толорҳои варзишӣ ва маҷлисгоҳ мавҷуд набуда, муассисаҳои таълимии №№2, 20, 30, 53 дар се баст фаъолият намуда, 80 фоизи таҷҳизотҳои мавҷудаи таълимӣ фарсуда мебошанд.

Ҳангоми сохта ба истифода додани бинои мактабҳои нав зиёда аз 4300 ҷойҳои нишаст ташкил гардида, дар муассисаҳои №№2, 30, 20, 53 таълим дар як баст ба роҳ монда мешавад.

Муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбӣ. Дар шаҳр 5 адад коллеҷ (тиббӣ, омӯзгорӣ, тиббии ғайридавлатӣ, иқтисодӣ-техникии ғайридавлатӣ ва коллеҷи милитсия), 2 омӯзишгоҳ (мусиқӣ ва касбӣ-техникӣ) ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 10 ҳазор донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус дар тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои мухталифи ҳоҷагии халқ барои минтақаи Кӯлоб, бахусус ихтисоси педагогӣ нақши босазо мебозанд.

Дар Донишгоҳи давлатии Кeлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ раванди таълим дар 5 бино, 8 факулта, 33 кафедра, 38 ихтисос, 164 гуруҳи таълимӣ ба роҳ монда шуда, 7139 нафар донишҷӯ (аз он 2575 нафар духтарон) ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки биноҳои таълимии баъзе аз муассисаҳои мазкур таъмирталаб гашта, адабиётҳои таълимӣ, асбобҳои  аёнии хониш ва мутахассисони баландихтисос намерасанд. 

Таъминот бо омӯзгорон. Аз шумораи умумии омӯзгорон 3344 нафар (2166 нафар зан) дорои таҳсилоти олӣ, 2655 нафар (1659 нафар зан) дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ 689 нафар (507 нафар зан) ва олии нопурра мебошанд. Давоми солҳои 2014 - 2018 аз мутахассисони маҳаллӣ 728 нафар (аз ҷумла 377 нафар духтарон) мактабҳои олии кишварро хатм намуда, аз онҳо 444 нафарашон ба маҳалли худ баргашта, бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Норасогии омӯзгорони соҳибтахассус аз фанҳои дақиқ (6 нафар омӯзгор) мушкилоти дигари соҳаи маорифи шаҳр буда, то соли 2025 мушкилоти мазкур бояд бартараф гардад.

Дар давраи истиқлолият ба соҳаи маорифи шаҳр диққати ҷиддӣ дода шуда, барои пешрафти соҳа танҳо дар соли 2019 дар ҳаҷми 58,7 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сафарбар гардидааст, ки нисбати соли 2014 ба маблағи 5,8 млн. сомонӣ ва нисбати соли 1991 ба маблағи 9,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Гарчанде давоми солҳои 1991-2018 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб зиёда аз 8 мактаби нав бо 4992 ҷои нишаст сохта ба истифода дода шуда бошад ҳам, ҳанӯз мушкилоти мавҷуда пурра ҳалли худро пайдо накардааст.

3.1.1. Мушкилоти асосии соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб

  • норасоии 1816 ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ;
  • ба талаботи муосир ҷавобгӯй набудани инфрасохтори соҳаи маорифи шаҳр;
  • кам будани муассисаҳои типпи нав литсей, гимназия ва кӯдакистонҳои хусусӣ;
  • сари вақт маблағгузорӣ нашудани иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ ва ба кашолкориҳо роҳ додани масъулин;
  • солҳои тӯлонӣ ба анҷом нарасидани сохтмони мактабҳо дар деҳаи Офтоблиқо (2010-2021) ва Сангпар (2014-2020) аз ҷониби мақомоти иxроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон;
  • норасоии кадрҳои баландихтисос;
  • ба таъмири асосӣ ниёз доштани бинои муассисаҳои таълимии №№17,22,19,26,31,32,33,38,39,41,42,49;
  • дар ду-се баст таҳсил намудани 1632 нафар хонандагон дар муассисаҳои таълимии №№2,30,20,53;
  • эҳтиёҷ доштани муассисаҳои таълимии шаҳр ба 1000 мизу курсӣ ва 350 тахтаи синфии оддӣ ва электронӣ;
  • таъмирталаб будани биноҳои таълимӣ, китобхона, ошхона ва майдончаҳои варзишии аксари муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр;
  • мавҷуд набудани толорҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимии №№13,15,17,19,20,21,22,23,26,28,29,32,33,35,36,38,41,42,44,4;
  • нокифоя будани шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо;
  • норасоии кӯдакистонҳо дар шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла дар маҳаллаҳои Борбад, Умари Хаём, И.Сомонӣ, Даминзода, инчунин, мавҷуд набудани кӯдакистонҳо дар деҳаи Андарободи ҷамоати деҳоти Зарбдор, деҳаи Хонободи ҷамоати деҳоти Даҳана ва деҳаи Сарёзии ҷамоати деҳоти Зиракӣ;
  • нотамом мондани сохтмони бинои мактаби №28;
  • набудани мактабҳои нав дар ҷамоати деҳоти Даҳана, деҳаи Бешкаппа ва маҳаллаҳои навбунёди ҳудуди деҳаи Хонобод;
  • таъмин набудани муассисаҳои таълимии №№31,38,35 (бо фарогирии беш аз 1361 нафар хонанда) бо оби нушокӣ.

         3.1.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • сохтмони биноҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ, аз ҷумла, сохтмони мактаби ибтидоӣ барои 250 нафар хонанда дар деҳаи Овтоул (даҳанаи поён) ҷамоати деҳоти Даҳана, сохтмони мактаби миёна барои 350 нафар хонанда дар деҳаи Лағмони 2-и ҷамоати деҳоти Кӯлоб, сохтмони мактаб барои 320 хонанда дар маҳаллаи Гулбоғи шаҳри Кӯлоб, сохтмони мактаб барои 320 хонанда дар деҳаи Гултеппаи ҷамоати деҳоти Даҳана, сохтмони мактаб барои 280 хонанда дар деҳаи Ҷерқалаи ҷамоати Зиракӣ, сохтмони мактаб барои 320 хонанда дар қисмати болои деҳаи навбунёди Хонободи ҷамоати Даҳана;
  • бунёд намудани кӯдакистонҳо дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаҳои Борбад, Умари Хаём, И.Сомонӣ, Даминзода, дар деҳаи Андарободи ҷамоати деҳоти Зарбдор, деҳаи Хонободи ҷамоати деҳоти Даҳана ва деҳаи Сарёзии ҷамоати деҳоти Зиракӣ;
  • беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасониҳои соҳаи маорифи шаҳр;
  • азнавсозии муассисаҳои таълимие, ки ба таъмир эҳтиёҷ доранд, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№3,7,12,13,17,20,22,24,26,28,31,32,33,38,39,40,42,44;
  • пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоту лавозимоти хониш, 150 адад ҷевони китобмонӣ ва 11000 адад китобҳои дарсӣ;
  • таъсиси муассисаҳои таълимии муосири ғайридавлатӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
  • барқарор намудани инфрасохтори мактабӣ, таъмини мактабҳо бо шабакаи таъминоти гармӣ ва ҳоҷатхонаҳои алоҳида барои писарон ва духтарон дар муассисаҳои таълимии №№3,6,7,12,13,15,16,17,20,22,24,26,31,32,33,39,42,49;
  • таъмини хонандагони ҳамаи мактабҳо бо китобҳои дарсӣ;
  • ҷалби ҷомеа-волидайн, омӯзгорон, талабагон ва намояндагони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ба идоракунии мактабҳо, ташкили таълими босифат ва таъмини фаъолияти хуби онҳо;
  • тақвият бахшидани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти хизматрасониҳои соҳаи маорифи шаҳр.

3.1.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва дастрасӣ ба таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва шахсони имконияташон маҳдуд, баланд бардошта мешавад;
  • сифати ташкили раванди таълим баланд шуда, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва маводи таълимию методӣ барои омӯзгорон пурра дастрас мегардад;
  • савияи касбии омӯзгорон баланд шуда, ҳавасмандӣ ва фаъолияти онҳо беҳтар мегардад;
  • имкониятҳо барои таҳсилоти муттасил ва омӯзиш дар тамоми давраи ҳаёт бештар фароҳам оварда мешаванд;
  • мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, дар ин замина зиёда аз 4300 ҷойҳои нави хониш ташкил карда мешаванд;
  • 11 адад кӯдакистонҳои нав сохта шуда, барои фарогирии зиёда аз 1500 нафар кӯдакони синни томактабӣ шароити тарбия ва таълим муҳайё карда мешавад;
  • маблағҳои давлатӣ, ки барои соҳаи маориф пешбинӣ шудаанд, тавассути такмил додани идоракунии низоми давлатии маориф боз ҳам самараноктар истифода бурда мешаванд.

 

3.2. Тандурустӣ

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб барои расонидани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ 93 адад муассисаҳои тандурустӣ фаъолият мекунад, ки аз онҳо 27 адад  муассисаҳои минтақавӣ (вилоятӣ) ва 66 адад муассисаҳои тиббии шаҳрӣ аз ҷумла, 5 беморхона, 3 маркази саломатии шаҳрӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 10 марказҳои саломатии деҳот, 12 марказҳои махсусгардонидашуда ва 36 бунгоҳҳои саломатӣ, мебошад.

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 90 адад дорухонаҳо, инчунин, 17 субъектони фаъолияти хусусии тиббӣ (аз он 3 адад шахсони ҳуқуқӣ, 13 адад шахси воқеӣ) ва аз шумораи мазкур 8 адад субъектҳои фаъолияти хусусӣ дар самти дандонпизишкӣ фаъолият доранд.

Буҷети соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб аз 28 млн сомонӣ дар  соли  2012 ба 33,1  млн. сомонӣ дар соли  2019  расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли 2012 беш аз 5,1 млн. сомонb зиёд мебошад.

Барои маблағгузории соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб дар соли 2019 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 31,4 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши аслӣ 30,4 млн сомонӣ ё 96,8 фоизро ташкил додааст. Маблағгузории соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ буда,  мутаассифона қисми зиёди маблағҳо (қариб 90 фоиз) барои пардохти музди меҳнат ва пардохтҳои суғуртаи иҷтимоии кормандони соҳа равона карда шуда, барои дигар хароҷот маблағҳои ночиз боқӣ мемонанд.

Нерӯи кадрии соҳаи тандурустии шаҳр. Дар шаҳри Кӯлоб шумораи мутахассисони соҳаи тандурустӣ 2086 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 362 нафар табиб ва 1724 нафар кормандони миёнаи тиб мебошанд.

Таъминот бо табибон ба 10 000 аҳолӣ 35 нафарро ташкил медиҳад, ки аз нишондиҳандаи сатҳи ҷумҳурӣ (20,6 нафар), паст мебошад. Дараҷанокии табибон 62,4 фоизро ва кормандони миёнаи тиб 55,6  фоизро  ташкил медиҳад.

Талабот бо табибон ҳамагӣ 61 нафарро аз рӯи ихтисосҳои гуногун ташкил медиҳад (терапевт - 14, табиби оилавӣ - 5, сироятшинос - 5, педиатр - 2, эҳёгар – 5, бемориҳои занона -  3, осебшинос - 3, дандонпизишк - 2, асабшиноси кӯдакона - 1, рентгенолог - 2, озмоишгар - 2, эпидемиолог - 4, кардиолог - 2, офталмолог - 2,  физиотерапевт - 2, ултрасадо - 1, рӯҳшинос - 5).

Дар соли таҳсили 2017-2018 аз шаҳри Кӯлоб дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” 251 нафар донишҷӯён, аз ҷумла тибқи квотаи Президентӣ  47 нафар донишҷӯён таҳсил намуданд. Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” бошад 27 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Инчунин, дар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ аз шаҳри Кӯлоб 1261 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Дар деҳоти Кӯлоб шумораи мутахассисони соҳаи тандурустӣ 570 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла 55 нафар табибон ва 515  нафар кормандони миёнаи тиб.

Хизматрасонии фаврии тиббӣ. Барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб Маркази ёрии таъҷилии тиббии Кӯлоб фаъолият менамояд, ки иборат аз бинои дуошёна (шӯъбаи ҷарроҳӣ) ва якошёна (шӯъбаи ёрии таъҷилӣ) бо 2 зермарказ, аз ҷумла зермаркази №1 воқеъ дар маҳаллаи Борбад (дар вагонхона фаъолият менамояд) ва зермаркази №2 (дар ҳуҷраҳои Беморхонаи ноҳиявии №1-и ҷамоати Зарбдор) мебошад. Маркази мазкур дорои 12 адад нақлиёт мебошад, ки аз он 2 адад нақлиёт пурра корношоям ва 7 автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ қисман коршоям буда, ба талабот ҷавобгӯ нест.

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб дар маҷмӯъ 20 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора танҳо 1  адад  ҷавобгӯ ба меъёрҳо (дар таваллудхонаи вилоятӣ реанимобил) ва 16 адади он новобаста аз ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои мавҷуда фаъолиятро идома дода,  3 адад  нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ корношоям мебошад.

Бемориҳои паҳншуда. Бемориҳои аз ҳама бештар паҳншуда дар байни аҳолии шаҳр ин фишорбаландӣ, бемориҳои дил, диабети қанд, сил, сироят бо ВНМО, зардпарвин, буғумдард, кирми рӯда (гелминтоз байни кӯдакон ва наврасони то 14-сола), ҷоғар, дарунравии шадид дар байни кӯдакон, гестозҳо, куррӯда, санги талха, гурда, бемориҳои меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, латхурӣ (травма) ва аворизи баъди таваллуд дар байни навзодон мебошад.

Ҳифзи саломатии модар ва кӯдак. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар шаҳр нишондоди фавти кӯдакони синни то 1 сола дар соли 2018 ба 27,1 нисбати 1000 зиндатаваллуд (дар соли 2015 - 27,6, соли 2016 - 23,0, соли 2017 - 29,2) ва нишондоди фавти кӯдакони синни то 5 сола дар соли 2018 ба 35,5 нисбати 1000 зиндатаваллуд баробар гардидааст (дар соли 2015 - 34,0, соли 2016 - 32,0, соли 2017 - 38,4).

        Дар соли 2016 нишондоди фавти модарон ба 66,8 ва дар соли 2017 ба 38,4 нисбати 100 000 зиндатаваллуд баробар гаштааст. Нишондоди фавти модарон дар 2018 ба қайд гирифта нашудааст.

Фоизи истифодабарандагони маводҳои контрасептивӣ дар байни занони қобили таваллуд дар солҳои 2015 - 2018 мутаносибан ба 23,1 - 33,4% ва зоишҳои хонагӣ 7,1 - 4,3%-ро ташкил намуданд.

Вазъи бемориҳои сироятӣ ва ҳолати санитарию эпидемиологӣ. Дар соли 2018 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бақайдгирии бемориҳои исҳоли хунин, домана, зардпарвини вирусии В ва С, сӯхтанӣ, зуком, илтиҳоби шуш ва инчунин сироятҳои хавфноки таби хунин, сӯхтанӣ, ҳорӣ, тоун, ва вабо мушоҳида нагардида бошад ҳам, мутаассифона бемориҳои зарпарвини намуди А - 8 ҳодиса (2017-27; 2018-35), осеббинӣ аз газидани ҳайвонҳо - 50 ҳодиса (2017-236; 2018-286) зиёдтар ба қайд гирифта шудаанд.

Боиси нигаронист, ки  дар шаҳри Кӯлоб аз соли 1991 то соли 2018 - 832 ҳодисаи сироятёфтагони ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 572 нафарро мардон ва 260 нафарашро занон ташкил медиҳанд.

        3.2.1. Мушкилоти асосӣ:

  • муҳоҷирати кадрҳои соҳаи тандурустӣ ба хориҷи кишвар;
  • коэффиценти пасти бандшавии беморхонаҳо, шӯъбаҳои якхела дар таркиби беморхонаҳо;
  • зиёд гардидани бемориҳои сироятӣ (аз ҷумла ВНМО);
  • нокифоя будани амбулаторияҳои тибби оилавӣ;
  • норасоии кадрҳои соҳибихтисос (61 нафар) ;
  • бо оби тозаи нӯшокӣ, шабакаи гармидиҳӣ ва хати ташноб таъмин набудани аксарияти муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб;
  • норасоии шифохонаҳои парастории ҳамшираҳои шафқат;
  • набудани статсионарҳои рӯзона дар муассисаҳои КАТС ва марказҳои саломатии шаҳру деҳот;
  • набудани шӯъбаи ҷарроҳии дармонгоҳӣ дар назди Маркази саломатии шаҳрӣ ва норасоии ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ дар шаҳру деҳот;
  • норасогии 100 адад катҳои хоб (айни замон ҳамагӣ 125 кат мавҷуд аст, аз ҷумла 20 кат дар стансияи ёрии таъҷилӣ, 45 кат дар таваллудхона, 60 кат дар беморхонаи сироятӣ) дар муассисаҳои тиббӣ бо назардошти барои давраи то соли 2025;
  • норасоии 2 зеристгоҳ ва 17 адад нақлиёти нави ёрии таъҷилии тиббӣ;
  • норасоии биноҳои Марказҳои саломатӣ;
  • норасоӣ ва зарурияти сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Файзободи боло, Ватаншо Шамсов, Гулобод, Кул, Анваробод, Лавова, Хоҷачархӣ, Файзобод ва Тоқкаппаи ҷ/д Даҳана;
  • мавҷуд набудани толори маҷлисгоҳ дар Маркази саломатии ноҳия;
  • норасоии нақлиёти хизматӣ, таҷҳизоти тиббӣ (3 дастгоҳи ултрасадо, маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳӣ, дастгоҳи рентгенӣ, дастгоҳи томография, автоклав), 50 адад миз, 200 адад курсӣ, 120 ҷевон, 20 адад компютер ва таҷҳизоти чопӣ;
  • таъмирталаб гаштани Марказҳои саломатии деҳоти Даҳана, Панҷосиёб, Хатлон ва Сарёзии боло;
  • ба таъмири асосӣ ва таҷҳизотҳои тиббӣ (4 УЗИ, ҷевони тамъизгардонӣ, дастгоҳи томография) ниёз доштани Маркази саломатии №1, Маркази саломатии №2 шаҳри Кӯлоб, инчунин норасоии 100 адад миз, 200 адад курсӣ, 60 ҷевон, 25 адад компютер ва таҷҳизоти чопӣ;
  • зарурияти бунёд ва муҷаҳҳазгардонии стансияи нави хунгузаронӣ дар минтақаи Кӯлоб;
  • маблағҳои нокифоя барои соҳаи тандурустӣ ҷудошаванда барои рушди минбаъдаи соҳа;
  • норасоии утоқҳои корӣ барои марказҳои навтаъсисёфтаи тарзи ташаккули ҳаёти солим, маркази ҳамбастагии кӯдакона, маркази эмтаъминкунӣ;
  • зарурияти сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии марказҳои нави саломатӣ дар ҷ/д Кӯлоб, Даҳана, Панҷосиёб, Зиракӣ бо назардошти афзоиши ҳамасолаи аҳолӣ (то соли 2025 иловатан 27 ҳазор нафар аҳолӣ зиёд гашта, пешбинӣ мегардад, ки шумораи умумии аҳолӣ ба 236 ҳазор нафар мерасад).

3.2.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ;
  • ҷорӣ намудани модели пешбурди тарзи ҳаёти солим дар шаҳр;
  • пурра таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр бо таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ;
  • таъсиси муассисаҳои тиббии муосири ғайридавлатӣ;
  • ташкили ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти хизматрасониҳои тандурустӣ;
  • бунёд намудани бино барои таъмини фаъолияти кормандону мутахассисони марказҳои навтаъсисёфтаи тарзи ташаккули ҳаёти солим, маркази ҳамбастагии кӯдакона ва маркази эмтаъминкунӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ё сармояи хориҷӣ;
  • беҳтар намудани фаъолият дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ бемориҳои сирояткунанда;
  • беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ.

3.2.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • тавассути роҳандозӣ намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид дар муассисаҳои тиббии шаҳру деҳот, фавти модару кӯдак пурра аз байн бурда мешавад;
  • дастрасӣ пайдо намудани беморони сироятёфта бо маводҳои доруворӣ ва дар ин замина ба андозаи то 25 фисад коҳиш додани шумораи гирифторони бемориҳои сироятӣ;
  • кадрҳои ҷавон аз дастгириву имтиёзҳои давлатӣ бахурдор гардида, муассисаҳои тандурустӣ бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин мегарданд.

3.3. Соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ Маркази хизматрасонии иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб фаъолият дошта, аз ҷониби 38 нафар кормандони иҷтимоӣ ба зиёда аз 600 нафар эҳтиёҷмандон - пиронсолону маъюбони яккаву танҳо, кӯдакони маъюб ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордоштае,  ки худро пурра ё қисман нигоҳубин карда наметавонанд, хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, тавонбахшӣ, равонӣ, машваратӣ, ҳуқуқӣ, маърифатӣ, миёнаравӣ-намояндагӣ ва ғайраҳо расонида мешавад.

Бо мақсади пешбурди фаъолияти маркази мазкур, дар солҳои 2017-2018 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 1,9 млн сомонӣ ва дар соли 2019 бошад 1,6 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар соли 2020 тибқи дурнамо ҷудо гаштани 1,7 миллион сомонӣ пешбинӣ мегардад.

Дар баробари ин, дар шаҳри Кӯлоб марказҳои будубоши рӯзонаи “Парасту” ва “Меҳрон” барои нигоҳубини кӯдакони имконияташон маҳдуд дар заминаи фармоиши иҷтимоии давлатӣ фаъолият доранд.

Дар шаҳри Кӯлоб 5943 оилаи камбизоат дар доираи механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, ки дар ин оилаҳои камбизоат 1369 нафар шахсони маъюб зиндагӣ менамоянд.

          3.3.1. Мушкилоти соҳа:

  • пурра бо парасторӣ фаро гирифта нашудани пиронсолону маъюбон;
  • набудани бинои алоҳидаи маркази хизматрасонии иҷтимоӣ;
  • нокифоя ва ба талабот номутобиқ будани таъминоти маъюбон, пиронсолон, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд бо таҷҳизот ва маводҳои зарурӣ (аробачаҳои маъюбӣ, асо, пою дасти сунъӣ (протез), маводҳои таълимӣ, бозичаҳои махсуси кӯдакона);
  • зарурияти таъмини Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ бо нақлиёти хизматӣ;
  • зарурияти бунёд намудани мактаби махсус барои шахсони нобино ва дорои мушкилоти нутқӣ ва ношунавоӣ.

3.3.2. Вазифаҳои  асосӣ:

  • аз нав барӯйхатгирии ниёзмандону маъюбон дар шаҳру деҳот ва пурра бо кӯмаки суроғавии иҷтимоӣ фаро гирифтани онҳо;
  • дастрас намудани таҷҳизот ва маводҳои зарурӣ барои беҳтар намудани таъминоти маъюбон;
  • фароҳам овардани шароити мусоид барои маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона.

3.3.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • шумораи дақиқи ниёзмандону маъюбон муайян гардида, онҳо пурра бо хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд;
  • барои кормандони маркази хизматрасонӣ шароити хуби корӣ фароҳам оварда мешавад;
  • ниёзмандону маъюбон бо таҷҳизот ва маводҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

3.4. Соҳаи фарҳанг ва фароғат

Дар шаҳри Кӯлоб Муассисаи давлатии муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, 26 китобхона, 4 марказҳои фарҳангӣ, 4 хонаҳои фарҳангӣ,  қасри фарҳанг, 2 клубҳои сайёр, 9 клубҳои деҳотӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ, боғи миллӣ, боғи ғалаба, ансамблҳои тарона ва рақси “Навои Хатлон” ва “Орзу”, 3 мактабҳои мусиқии бачагона, мактаби бачагонаи рассомӣ, осорхонаи ҳунармандон, коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматуллои Қурбон, ансамбли фалак ва Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода фаъолият менамоянд.

Дар баробари дастовардҳо дар соҳаи фарҳанг мушкилоти ҳалталаб низ мавҷуданд. Вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба талаботи муосир ва ниёзҳои доимоафзояндаи аҳолӣ нисбат ба театр, санъат, нашриёт ва дастёбӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ, ҷавобгӯ нест. Дар шаҳри Кӯлоб аксари бинои муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла китобхонаҳо, мактаби бачагонаи мусиқӣ ва санъат кӯҳнаю фарсуда гашта, ба талаботи замон мувофиқ нестанд.

Мутаассифона, дар таркиби фонди китобхонаҳои шаҳр теъдоди китобҳо ба забонҳои хориҷӣ афзалият дошта, танҳо 38 фоизи фонди онҳоро адабиёти ба забони давлатӣ ташкил медиҳад. Боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба таҷҳизоти муосир ва атраксиону чархофалакҳои замонавӣ  ниёз доранд.

Сатҳи пасти тахассусӣ ва маълумотнокии кадрҳо дар муассисаҳои фарҳангӣ боиси он гардидааст, ки чорабиниҳо хусусияти мавсимӣ дошта, якхел баргузор мегарданд ва ташаббусҳои нави эҷодӣ кам ба назар мерасанд. Дар таъмини рушди бемайлони соҳаи фарҳанг ҳиссаи соҳибкорони ватанӣ, ҳавасмандии эҳсонкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо бо ҷалби сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ чандон назаррас нест.

Дар шароити имрӯза, роҳи ҳалли мушкилоти соҳаи фарҳангро танҳо дар доираи имкониятҳои иқтисодии давлат маҳдуд накарда, балки баҳри пешрафти соҳа, ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, ҷоринамоии хизматрасониҳои музднок, рушди бозори сарватҳои фарҳангӣ, ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумию соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии эҳсонкориро ба роҳ мондан зарур аст.

3.4.1. Мушкилоти асосӣ

  • ҷавобгӯ набудани вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ ва ниёзҳои доимоафзояндаи аҳолӣ нисбат ба театр, санъат, китоб ва дастёбӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ;
  • таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани хонаи фарҳанги ҷамоати деҳоти «Зиракӣ»;
  • таъмирталаб будани Маркази фарҳангии хоҷагии ба номи С. Зарипов, деҳаи Лағмон, ҷамоати деҳоти «Даҳана»;
  • норасоии асбобҳои сабту пахши овоз ва мусиқӣ;
  • кӯҳнаю фарсуда шудани биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ;
  • муҷаҳҳаз набудани баъзе боғҳои фарҳангию фароғатӣ бо таҷҳизоти муосир ва атраксиону чархофалакҳои замонавӣ;
  • сатҳи пасти тахассусӣ ва маълумотнокии кадрҳои муассисаҳои фарҳангӣ;
  • ҷалби нокифояи сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, сатҳи пасти ҳавасмандии эҳсонкорӣ ва маблағгузории ғайрибуҷетӣ барои таъмини рушди бемайлони соҳаи фарҳанг.

3.4.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасониҳои соҳаи фарҳангу фароғат;
  • пурра таъмин намудани муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва фароғати шаҳр бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ;
  • ташкили ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти хизматрасониҳои соҳаи фарҳанг ва фароғат;
  • беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасониҳои соҳаи фарҳанг ва фароғат.

3.4.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • бинои муассисаҳои фарҳангӣ таъмиру таҷдид ва бо асбобҳои миллӣ таъмин карда мешавад;
  • имкониятҳои нигоҳдорӣ, афзун намудани мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии шаҳр рушд ва тавсеа дода мешавад;
  • дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ нақшаи тиҷоратии маҷмӯии соҳавии ташкил намудани марказҳои фароғатӣ ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати дастгирии ҷавонони боистеъдоди деҳот таҳия карда мешавад;
  • корҳо дар самти баланд бардоштани фарҳангу ахлоқи ҷавонон тақвият меёбанд;
  • боғу гулгаштҳо бунёду азнавсозӣ гардида, баҳри фароғати мардум шароити мусоид фароҳам оварда мешавад ва чорабиниҳои фарҳангӣ пайваста ба роҳ монда мешаванд.

  3.5. Сайёҳӣ.

  Сайёҳӣ барои рушди шаҳри Кӯлоб яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҷойгиршавии ҷуғрофии ёдгориҳои машҳури таърихӣ дар атрофи шаҳр метавонад дар рушди минбаъдаи шаҳри Кӯлоб ҳамчун як минтақаи сайёҳӣ мусоидат намоянд. Маълумотҳои бостоншиносон шаҳодат медиҳанд, ки шаҳри Кӯлоб таърихи зиёда аз 2700 сола дорад, ки он аз ҷониби ЮНЕСКО эътироф шудааст. Барои рушди сайёҳӣ дар шаҳр 14 меҳмонхона, 5 тарабхона, 3 ошхона, 3 осорхона, 3 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, фурудгоҳи байналмилалӣ, мақбараҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ мавҷуд мебошад.

Шумораи умумии сайёҳоне, ки аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Кӯлоб дидан менамоянд, сол аз сол зиёд гардида, дар соли 2018 шумораи он 5 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 - 1,4 ҳазор нафар ва нисбати соли 2014 - 2,6 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Шаҳри Кӯлоб бо таърихи куҳани худ таваҷҷӯҳи олимону сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб сохтааст. Бо дарназардошти шароити кунунӣ ва талаботи сайёҳон ба инфрасохтори аввалиндараҷа, дар маркази шаҳр меҳмонхонаҳои замонавӣ бо шароитҳои зарурӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки метавонанд сайёҳони дохилию хориҷиро қабул намоянд. Вале ҳолати мавҷудаи иншоотҳои сайёҳӣ ҳоло ҳам қонеъкунанда набуда, аз кормандони меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори зарурии соҳа, хизматрасонии сатҳи баландро талаб менамояд. Ҳамчунин, дар шаҳр танҳо як ширкати сайёҳӣ ба қабулу гусели сайёҳон ва муаррифии ёдгориҳои таърихиву мавзеҳои сайёҳии шаҳр машғул мебошад, ки ин хело кам мебошад. Дар солҳои охир, инфрасохтори сайёҳии шаҳри Кӯлоб беҳтар шуда бошад ҳам, ҳолати инфрасохтори соҳа ва хизматрасониҳои дар ин самт пешниҳодгардида талаботи имрӯзаи сайёҳонро қонеъ гардонида наметавонад. Махсусан, норасоии меҳмонхонаҳои муосир ба назар мерасад, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ба талаботи стандартҳои муосир ҷавобгӯй набуда, инчунин, мавҷуд набудани инфрасохтори мусоиди фарҳангию фароғатӣ дар шаҳр, ба рушди соҳаи сайёҳӣ монеагӣ менамояд.

Дар шаҳр муассисаҳои истеҳсоли маҳсулоти барои рушди саӣёҳӣ нигаронидашуда, аз қабили таҳия ва амалисозии хатсайрҳои сайёҳӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои роҳбаладӣ, армуғонҳо, бо нақлиёт таъмин намудани сайёҳон, ташкили ҷои хоб ва хӯрок барои сайёҳони потенсиалӣ, вуҷуд надорад. Бештари ёдгориҳои таърихӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дошта, ба талаботҳои стандартии қабули сайёҳон мувофиқат намекунанд.

Дар сурати ташкили ширкатҳои сайёҳӣ, ба роҳ мондани хизматрасонии хуб, то соли 2025 шумораи сайёҳон нисбати ҳозира якчанд маротиба зиёд гардида, дар ин замина баробари ворид гардидани маблағи иловагӣ ба буҷа, ҷойҳои иловагии корӣ таъсис дода мешавад.

3.5.1. Мушкилоти асосӣ:

  • нокифоя будани ширкатҳои сайёҳӣ;
  • мавҷуд набудани инфрасохтори муосир ва сатҳи баланди хизматрасонӣ барои қабули меҳмонони хориҷӣ;
  • набудани хатсайрҳои ҷолиби сайёҳӣ;
  • набудани роҳнамо барои сайёҳон.

3.5.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • муҳайё намудани инфрасохтори хуби сайёҳӣ;
  • таҳияи роҳнамо ва хатсайрҳои сайёҳӣ;
  • ташкили ширкатҳои нави сайёҳӣ барои хизматрасонӣ дар ин самт;
  • ба роҳ мондани таблиғи ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои сайёҳии

шаҳр.

3.5.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • шумораи сайёҳони хориҷӣ дар соли 2025 то ба 12500 нафар афзуда, ҳиссаи даромад ба буҷети давлатӣ аз ин ҳисоб то ба 2 млн. сомонӣ мерасад;
  • инфрасохтори хуби сайёҳӣ фароҳам ва сатҳи хизматрасонӣ барои қабули сайёҳон баланд гардида, барои табдил додани шаҳр ба минтақаи сайёҳӣ заминаи мусоид гузошта мешавад;
  • шумораи ширкатҳои сайёҳӣ аз 1 адад (соли 2018) дар соли 2025 то ба 10 адад мерасад, ки дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон беҳтар мегардад.

3.6. Варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон.

Ба ҳолати  1-уми январи соли 2019 тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ аз шумораи умумии аҳолӣ 27%-ро шахсони то 30 сола ва 19,3%-ро шахсони аз 14 то 30 сола ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2015 шумораи ҷавонон 18,4% афзоиш ёфтааст. Дар шаҳри Кӯлоб 4 мактаби варзишӣ аз рӯи 13 намуди варзиш фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 55 мураббӣ ба таълиму тарбияи варзишгарони ҷавону наврас машғуланд.

Дар шаҳру деҳоти минтақа 165 майдончаҳои варзишӣ, 68 толорҳои варзишӣ мавҷуд мебошад, ки нисбати соли 2010 мутаносибан 85 ва 31 адад зиёд мебошад. Айни замон, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони 5 толор ва 6 майдончаи варзишӣ идома дорад, ки то соли 2020 ба истифода супорида мешаванд.

  3.6.1. Мушкилоти асосӣ:

  • ба таври алоҳида ва таҳти сарпарастӣ қарор надоштани намудҳои гуногуни варзиш;
  • нокифоя будани маблағ барои омода намудани варзишгарони касбӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ;
  • набудани барномаҳои алоҳидаи оммавигардонии варзиш, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва тайёрии варзишгарон барои иштирок дар бозиҳои олимпӣ;
  • заиф гардидани сатҳу сифати баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва камтаҷриба будани мураббиёни соҳа;
  • набудани марказҳои ҷавонон ва маблағгузорӣ нагардидани барномаҳои соҳавӣ дар шаҳр;
  • набудани машғулиятҳои гуногун барои ҷавонон ва фаро гирифта нашудани фазои холии миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла набудани марказҳои хизматрасонии имтиёзнок, маҳфилҳои инноватсионии омӯзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва ғайраҳо.

3.6.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • сохта ба истифода додани марказҳои ҷавонон, толору марказҳои махсус барои ҷавонону наврасон;
  • таъмиру азнавсозии толорҳои варзишии мавҷуда;
  • таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ баҳри таъмини ҷавонон бо ҷойҳои корӣ;
  • таҳким бахшидани чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ.

 

3.6.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • ҷойҳои нави корӣ ташкил гардида, ҷавонон ба касбу кори гуногун ҷалб карда мешаванд;
  • шумораи майдончаву толорҳои варзишӣ, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ барои ҷавонон ба маротиб зиёд гардида, дар натиҷа иштироки ҷавонон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ то 30 фоиз меафзояд;
  • чорабиниҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, дар натиҷа то соли 2025 сатҳи ҷинояткорӣ то 20 фоиз паст мегардад;

БОБИ 4. РУШДИ ИНФРАСОХТОР

4.1. Хоҷагии манзилию коммуналӣ.

Дар шаҳр сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар самти интиқол ва безараргардонии партовҳои сахти маишӣ ташвишовар боқӣ мемонад, зеро танҳо 23 фоизи аҳолии шаҳр бо хизматрасонии мазкур фаро гирифта шудааст.

Бинобар фарсуда ва корношоям шудани воситаҳои асосии Муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб» ва норасоии техникаи коммуналӣ партовҳои сахти маишӣ саривақт пурра интиқол ва коркард карда намешаванд.

Айни замон, партовгоҳи марказии шаҳр дар ҳолати ғайриқаноатбахши санитарӣ қарор дошта, метавонад боиси паҳн шудани бемориҳои гуногуни сироятӣ ва манбаи таҳдид ба саломатии истиқоматкунандагони гирду атроф гардад.

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати санитарию беҳдошти кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ва азнавсозии партовгоҳи марказӣ соли 2013 лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» ба маблағи 4 млн доллари ИМА аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қабул гардида, Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва бонки мазкур 29 декабри соли 2017 ба имзо расида бошад ҳам, вале бо сабабҳои номаълум ҷиҳати оғози корҳо то ҳол озмун гузаронида нашудааст.

Саривақт тоза намудани кӯчаҳои шаҳр аз партовҳои сахти маишӣ ва коркарди он самти асосии фаъолияти Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр мебошад. Аммо, ҷиҳати иҷрои ин кор иқтидори муассисаи мазкур, аз ҷумла миқдори техникаю таҷҳизоти мавҷуда нокифоя буда, зарурияти бо 26 адад техникаи махсуси партовкашонӣ таъмин намудани муассисаи коммуналӣ ба миён омадааст.

Бо мақсади безарар гардонидан ва беҳтар намудани муҳити зист дар заминаи партовҳои сахти маишии баровардашуда, бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

4.1.1. Мушкилоти соҳа:

  • дар ҳолати ғайриқаноатбахши санитарию эпидемиологӣ қарор доштани партовгоҳи шаҳр;
  • фарсудагӣ ва норасоии техникаҳои коммуналии Муассисаи коммуналии шаҳр;
  • набудани шумораи кифояи нуқтаҳои партовпартоӣ дар ҳудуди шаҳр;
  • набудани корхонаҳои коммуналӣ дар ҷамоатҳои деҳот;
  • пурра фаро гирифта нашудани сокинони шаҳр бо хизматрасониҳои коммуналӣ;
  • мавҷуд набудани реҷаи ҷамъоварӣ ва интиқоли партовҳо аз кӯчаҳои шаҳр;
  • фарсудаю таъмирталаб гаштани қубурҳои дохили биноҳои истиқоматӣ.

4.1.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • ба роҳ мондани коркарди партовҳои сахти маишӣ;
  • таҷдиди партовгоҳи шаҳрӣ ва азнавсозии нуқтаҳои партовпартоӣ;
  • дастрас ва таъмин намудани Муассисаи давлатии коммуналии шаҳри Кӯлоб бо техникаҳои зарурии коммуналӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти корхонгаи мазкур.

4.1.3. Натиҷаи чашмдошт:

  • техникаҳои махсус дастрас гардида, шароити хуби корӣ барои рушди хоҷагии коммуналӣ фароҳам гардида, фарогирии муштариён бо хизматрасониҳои коммуналӣ ба андозаи зиёда аз 60 фоиз таъмин карда мешавад;
  • дар ҷамоатҳои деҳот корхонаҳои коммуналӣ ташкил карда шуда, ҷамъоварию интиқоли партовҳои сахти маишӣ ба танзим дароварда мешаванд;
  • партовгоҳи марказӣ азнавсозӣ гардида, нуқтаҳои партовпартоӣ ташкил ва партовҳо сари вақт тоза карда мешаванд.

4.2. Таъмини оби нӯшокӣ ва масъалаҳои корезӣ.

Дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ. Беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб аз 17 иншооти обтаъминкунии муттамарказонида, чашмаҳои зеризаминӣ воқеъ дар деҳаҳои Ҷангалбошӣ, Теболай ва хоҷагии ба номи Сафаралӣ Зарифов бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд.

Ҳолати таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот ташвишовар аст. Зеро дар шаҳр 30 фоиз ва дар деҳот 50,4 фоизи аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин нестанд.  

Дар маркази шаҳр аксарияти аҳолӣ танҳо аз 2 то 5 соат дар як шабонарӯз ва дар баъзе маҳаллаҳо 3 соат дар ду шабонарӯз бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд, ки ин ташвишовар аст.

Инфрасохтори обрасонӣ соли 1937 барои таъминоти 48 ҳазор аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ташкил ёфта, айни замон талаботи аҳолиро қонеъ гардонида наметавонад, зеро дар ин давра шумораи аҳолӣ беш аз 4,3 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 210 ҳазор нафар расидааст. 

Қубурҳои хатҳои оби нӯшокӣ ва хатти ташнобу корезу инфрасохтори зарурии он фарсуда ва таъмирталаб шуда, муштариён пурра бо обченкунакҳо таъмин нестанд.

Барои бо оби нӯшокӣ пурра таъмин намудани маҳаллаҳои навбунёд сохтмони пойгоҳи обкашӣ, ҳавзи об дар қисми ҷанубии шаҳри Кӯлоб, насби обченкунакҳо, таъмиру азнавсозии инфрасохтори обтаъминкунӣ ва хатҳои ташнобу корез зарур мебошад.

Барои таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва барқарорсозии шабакаи ташнобу коррезӣ дар доираи Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020 татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории:

  • барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб ба маблағи 17,3 млн доллари ИМА;
  • обёрии шаҳри Кӯлоб аз дарёи Панҷ ба маблағи 14,9 млн доллари ИМА;
  • барқарорсозии системаи корези шаҳри Кӯлоб ба маблағи 4,39 млн доллари ИМА;
  • сохтмони хатти оби нӯшокӣ дар маҳаллаи Гулбоғи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба маблағи 0,3 млн доллари ИМА;
  • сохтмони хатти обтаъминкунии мактаб барои 624 хонанда дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Кӯлоб ба маблағи 0,12 млн доллари ИМА,

пешбинӣ шудааст. Дар ҳолати амалишавии лоиҳаҳои мазкур дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ аз 30 фоиз ба 62 фоиз таъмин гашта, хатҳои шабакаи ташнобу корез барқарор гашта, иншооти мухталифи иҷтимоию маишӣ ва истеҳсолӣ ба он пайваст карда мешаванд.

4.2.1. Мушкилоти асосӣ:

  • фарсуда ва ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доштани 500 км қубурҳои оби нӯшокӣ ва 105 км хатҳои ташнобу корезӣ;
  • сатҳи пасти дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дар деҳот, ки дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дошта, ҳамагӣ 0,44 фоиз аҳолии деҳот аз чашмаҳо ва 3,8 фоиз аз оби кашонидашуда истифода мебаранд;
  • ҳаҷми зиёди талафоти оби нӯшокӣ, бинобар ба пуррагӣ насб нашудани обҳисобкунакҳо дар қубурҳои оби нӯшокӣ;
  • пурра ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набудани оби нӯшокии пойгоҳҳои обтаъминкунӣ;
  • куҳнаю фарсуда гаштани иншооти ташнобу корезӣ, техника ва таҷҳизотҳои соҳа, аз ҷумла насосҳои барориши сеюм;
  • истифодаи оби нӯшокии ба талаботҳои санитарӣ номутобиқ, ки омили асосии сар задани бемориҳои сироятӣ дар деҳоти Кӯлоб мебошад;
  • ба таҷдид эҳтиёҷ доштани хати ташнобу корезии шаҳр;
  • мунтазам гузаронида нашудани безараргардонии об дар иншоотҳои обтаъминкунӣ;
  • нокифоя будани шумораи ҳисобкунакҳои истифодаи об.

4.2.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • таҷдиду азнавсозии хатҳои оби нӯшокии дохили шаҳр;
  • бунёди хатҳои нави оби нӯшокӣ дар деҳаҳо;
  • сохтмон ва ба истифода супоридани истгоҳи обтозакунии Кӯлоб;
  • бунёд, таҷдид ва барқарор намудани шабакаҳои ташнобу корез;
  • бо назардошти бунёди биноҳои баландошёна зарурияти таҷдиду азнавсозии хати ташноб ва корези шаҳр;
  • то соли 2025 то ба 30% зиёд гаштани сатҳи таъминоти аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ.

4.2.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • хатҳои оби нӯшокӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, манбаъҳои иловагии оби нӯшокӣ бунёд ва сокинони шаҳр то соли 2025 пурра бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд;
  • бо гузаронидани хатҳои нави оби нӯшокӣ дастрасии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ бештар аз 31 фисад боло бурда мешавад;
  • хати ташноб ва канализатсияи шаҳр азнавсозӣ гардида, дар биноҳои баландошёна шароити мусоиди санитарӣ фароҳам оварда мешавад;
  • зиёда аз 40 фоизи муштариён бо обченкунакҳои махсус таъмин карда мешаванд ва талафоти об то 19% кам мегардад.

4.3. Нигаҳдории роҳҳо.

Беҳтар намудани сатҳ ва сифати роҳҳо, бунёди инфрасохтори замонавӣ ва долонҳои нақлиётӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳои дохилишаҳрию маҳаллӣ ва ба ин васила баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар шаҳри Кӯлоб ба фаъолияти роҳдорӣ Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб, КВД “Таъмиру барқароркунии роҳҳои шаҳри Кӯлоб”, корхонаҳои хусусии ҶДММ “Бунёди роҳ” ва ҶДММ “Хайру неъмат” машғуланд.

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб ба 223,4 км роҳҳои истифодабарии умум хизматрасонӣ менамояд, ки аз он 18,0 км роҳҳои байналмилалӣ, 26,1 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 179,3 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.

Дар давоми солҳои 1999-2019 барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб аз буҷети ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 6,9 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст. Ҳаҷми маблағҳои буҷавӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард сол то сол зиёд шуда, соли 2019 нисбат ба соли 1999 маблағҳои барои нигоҳдории роҳҳо ҷудогардида 16,6 маротиба зиёд гаштааст (аз ҷумла, соли 1999 - 41,2 ҳазор сомонӣ, соли 2019 - 685,03 ҳазор сомонӣ).

Дар доираи маблағҳои дар солҳои 2015-2018 ва дар се моҳаи аввали соли 2019 ҷудошуда, аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ш.Кӯлоб 7 км роҳ таъмири пурра, 209 км роҳ таъмири ҷорӣ гардида, 6 адад пул бо дарозии 128 метр таъмир ва 3 адад қубур бо дарозии 31 метр аз таъмир бароварда шудааст.

Аз ҳисоби сармояи хориҷии Ҷумҳурии халқии Хитой 17 км роҳҳои автомобилӣ соли 2018 мумфарш гардида, инчунин аз ҳисоби маблағгузории буҷети давлатӣ 19 км роҳ сангфарш карда шуд, вале ин ҳанӯз талаботи мавҷударо қонеъ наменамояд.

Бо вуҷуди корҳои иҷрогардида ва тадбирҳои андешидашуда 21 км роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ ба таъмири ҷорӣ ва таъмири асосӣ ниёз дошта, техникаҳои роҳдории муассисаи зикргардида фарсудаю корношоям гаштаанд. Хиёбону кӯчаҳои марказии шаҳри Кӯлоб то ҳол пурра чароғон карда нашудаанд.

КВД “Таъмиру барқароркунии роҳҳои шаҳри Кӯлоб” корҳои таъмиру барқароркуниро тавассути нақлиёт ва механизмҳои кироя амалӣ менамояд. Рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии шаҳр талаботҳои навро нисбати фаъолияти тамоми соҳаҳо, аз ҷумла нисбати соҳаи роҳсозӣ пеш овардааст. Новобаста аз корҳои иҷрошуда, ҳанӯз мушкилоти зиёди ҳалталабе мавҷуданд, ки барои бартараф намудани онҳо марҳила ба марҳила корҳои сохтмону бунёдкориро ба анҷом расонидан зарур мебошад. Дар ояндаи миёнамуҳлат афзоиши шумораи нақлиёти автомобилӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши бор ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ, боиси афзоиши шиддатнокӣ ва танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю роҳҳои шаҳр, паст гаштани суръати ҳаракати нақлиёт гардида, хароҷотҳои иловагиро талаб менамояд. Ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати техникии кӯчаю роҳҳои шаҳр, паст намудани ҳолатҳои тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, сохтмони роҳҳои ҳалқавӣ ва канорагузари атрофи шаҳр ва чорсӯҳои нақлиётии сатҳашон гуногун, сохтмону азнавсозии кӯпрукҳо, хиёбонҳо, кӯчаю роҳҳои шаҳр пешбинӣ гардида, ба мақсад мувофиқ мебошад.

Нақлиёти мусофиркаш. Дар шаҳри Кӯлоб 8 корхонаи нақлиётӣ ва терминали мусофирбарӣ (ҶДММ «Терминали шаҳри Кӯлоб», ҶДММ “Далери Исмоил”, ҶДММ “Иброҳими Сайпир”, ҶДММ “Сабзавот”, ҶДММ “Билол”,  ҶДММ “Абдусатор - А”, ҶДММ «Хатсайри ҷавонон» ва ҶДММ “Боркаш”) дар асоси иҷозатнома фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо дар даврони истиқлолият таъсис дода шудаанд. Ҳамчунин, дар шаҳр 18 адад нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ дар асоси иҷозатнома фаъолият менамоянд.

Ба санаи 1 январи соли 2019 дар шаҳр 7973 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар шаҳр 6 автобуси хурд (хело фарсуда) ва 180 микроавтобус дар 29 хатсайри мусофирбарӣ фаъолият мекунанд.

Таъминоти муассисаҳои нақлиётӣ бо автобусҳои наву замонавӣ, мошинҳои сабукрави махсусгардонишадашуда (таксӣ), электробусҳои замонавӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгӯй намудани хатсайрҳои дохилишаҳрӣ, барои бартараф намудани мушкилоти мусофиркашонӣ ва фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ вобаста ба ҳамлу нақли борҳо ва ба роҳ мондани хизматрасонии босифат ба сокинону меҳмонони шаҳр мусоидат менамояд.

Нақлиёти роҳи оҳан. Қатораи мусофиркашонии хатсайри Душанбе - Кӯлоб ҳамагӣ дар 7 соату 30 дақиқа бо фарогирии 10 истгоҳ ба мусофирон хизмат мерасонад. Аммо, тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2018 боркашонӣ тавассути роҳи оҳан ба қайд гирифта нашудааст.

Бо таъсис гаштани Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб, зарурати кашонидани бор тавассути роҳи оҳан ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, барои дастгирии соҳибкорон ва афзоиш додани боркашонӣ пешниҳоди тахфиф ва сабукиҳо дар истифодаи қатораҳои роҳи оҳан зарур мебошад.

4.3.1. Мушкилоти асосӣ:

  • фарсуда ва танг будани роҳҳои хиёбону кӯчаҳои шаҳр;
  • дар зери роҳ ҷойгир будани хатҳои шабакаи коммунакатсияҳои шаҳр ва фарсуда гардидани онҳо;
  • танг будани роҳҳои автомобилгард дар баъзе кӯчаҳои шаҳр;
  • норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ;
  • нокифоя будани хатсайрҳо барои микроавтобусҳо;
  • таъмирталаб будани пулҳо;
  • набудани роҳҳои велосипедронӣ дар шафати роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ.

4.3.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • ба роҳ мондани танзими ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ;
  • ба талаботи меъёрҳо мутобиқ намудани ҳаҷми интиқоли мусофирон дар тамоми хатсайрҳои шаҳр тавассути тамоми намудҳои воситаҳои нақлиёт;
  • муайян намудани таносуби истифодаи хатсайрҳои шаҳр аз рӯи намудҳои гуногуни воситаҳои нақлиёт;
  • ҷалби бештари бахши хусусӣ барои ворид намудани воситаҳои нақлиёти мухталиф барои интиқоли мусофирон;
  • фароҳам овардани шароит ҷиҳати ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан;
  • барқарор намудани инфрасохтори нақлиёти истифодаи умум, ва заминаи истеҳсолӣ-техникии корхонаҳои коммуналии соҳаи нақлиёт.

4.3.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • мумфаршкунӣ, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ ва ҷамоатҳои деҳот то соли 2025 ба масофаи зиёда аз 160 км иҷро мегардад;
  • инфрасохтори хуби нақлиётӣ фароҳам оварда шуда, дар ин замина ҳаҷми боркашонӣ то ба 40 фисад ва гардиши мол то ба 15 фисад зиёд мегардад;
  • дастрасӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ зиёд гашта, ҳаҷми мусофирбарӣ ба андозаи беш аз 40 фоиз ва гардиши мусофирон ба андозаи зиёда аз 50 фоиз зиёд мегардад;
  • шароити хуби хизматрасонӣ тавассути роҳи оҳан ба роҳ монда шуда, ҳаҷми мусофиркашонӣ афзун ва содироти бор тавассути қатора ба роҳ монда мешавад.

4.4. Таъмини барқ.

Шабакаҳои барқии шаҳр соли 1971 ташкил шуда, ҳаҷми солонаи барқтаъминкунӣ 400-405 млн. кВт соатро ташкил медиҳад. Дарозии умумии хатҳои интиқоли барқии (ХИБ) ХИБ 110 кВ - 199 км, ХИБ 35 кВ - 83 км, ХИБ 10кВ - 850 км, ХИБ 6кВ - 129 км ва ХИБ 0,4кВ - 1348 км-ро ташкил медиҳад. Дар 21 соли охир дар ҳудуди шаҳр 220 км хатҳои интиқоли барқии ҳавоӣ, 8,1 км хатҳои интиқоли барқи кабелии 0,4кВ ва 5 адад зеристгоҳи барқӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Айни ҳол инфрасохтори мавҷудаи шабакаҳои барқӣ ба таъмир эҳтиёҷ дорад. Аз ҷумла, трансформатори тавоноияш 16000 кВ дар зеристгоҳи барқии 110/6 кВ «Сомонӣ», ки 70 фоизи муштариёни шаҳрро бо барқ таъмин менамояд, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Инчунин, аз 156 км хатҳои барқии кабелӣ, ки солҳои 70-ум сохта ба истифода дода шудаанд, 75 км он дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ҳамзамон, аз 24,7 ҳазор симчӯб 17,2 ҳазор ё 71 фоизи онҳо корношоям гардида, бояд иваз карда шавад.

Дар соли 2018 ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда 11 млн. сомонӣ ё 66 фоизи ҳаҷми умумии ҷамъоварии маблағи барқи истифодашударо ташкил додааст. Қарзи истифодабарандагони нерӯи барқ дар аввали  соли 2019 - 17 млн. сомонӣ буда, аз ҷумла қарзи аҳолӣ 8,5 млн. сомониро ташкил додааст ва дар ин самт зарурати андешидани тадбирҳои иловагӣ ба миён омадааст.

Мушкилоти дигар, ин бо барқ таъмин набудани деҳаҳо ва  маҳаллаҳои навбунёд ба ҳисоб меравад. Айни замон дар ҳудуди шаҳр ва атрофи он 26 деҳа ва маҳаллаҳои навбунёд бо қувваи барқ пурра таъмин нестанд ва андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.

4.4.1. Мушкилоти асосӣ:

- таъмин набудани аҳолии 26 деҳа бо қувваи барқ бо сабаби мавҷуд набудани хати интиқоли барқ;

- афзоиши қарзи муштариён аз истифодаи барқ;

- кӯҳнаю фарсуда гаштани симчӯбу хатҳои барқ дар аксар деҳаҳо;

- нокифоягии тавоноии трансформаторҳо ва шумораи трансформаторҳои пуриқтидор;

- фарсуда шудани зиёда аз 345 км хатҳои кабелии таъминоти барқ;

- ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набудани зиёда аз 30 фоизи шабакаҳои тақсимотии барқ, истгоҳҳои трансформатории 6-100/0,4 кВ ва, шабакаҳои барқтаъминкунии дохили биноҳо;

- истифодаи ғайриқонунии барқ аз ҷониби муштариён ва талафоти зиёди нерӯи барқ;

- норасоии воситаҳои нақлиётии махсуси хизматрасонӣ дар муассисаи барқтаъминкунӣ.

4.4.2. Вазифаҳои асосӣ:

- таҷдид, барқарорсозӣ ва иваз намудани хатҳои интиқоли нерӯи барқии 0,4-10кВ (80км), зеристгоҳҳои барқӣ ва дигар инфрасохтори барқтаъминкунӣ;

- бақайдгирии (инвентаризатсия) тамоми истифодабарандагони нерӯи барқ;

- баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои соҳаи барқ;

- ба роҳ мондани истифодаи панелҳои офтобӣ дар чароғонкунии роҳҳои дохили шаҳр;

- кам кардани талафоти барқ тавассути амалӣ намудани лоиҳаи«Кам намудани талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Кӯлоб»

- марҳила ба марҳила иваз намудани тамоми хатҳои интиқолиии барқ то 1000 В ба ноқилҳои худбари изолятсионӣ;

- иваз кардани 30 фоизи шабакаҳои тақсимотии барқ, зеристгоҳҳои барқии баландшиддат, хатҳои барқии ҳавоӣ, истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4кВ;

- ҷорӣ намудани технологияи муосир барои истеҳсоли энергияи барқ ва гармӣ аз ҳисоби истифодаи  партовҳои сахти маишӣ.

4.4.3. Натиҷаҳои чашмдошт:  

- сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд бардошта шуда, ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ то 98 фоиз таъмин карда мешавад;

- трансформаторҳои пуриқтидор васл гардида, хатҳои куҳна азнавсозӣ ва дар ин замина талафоти барқ ба андозаи то ба 14 фоиз кам карда мешавад;

- хатҳои барқ ба деҳаҳои дурдаст кашида шуда, 4620 нафар аҳолии деҳаҳои дурдаст бо барқ таъмин мегарданд.

БОБИ 5. ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА

5.1. Ҳифзи муҳити зист.  

Кӯлоб шаҳри саноатию кишоварзӣ мебошад ва аз ин лиҳоз мушкилоти экологии минтақа ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзӣ вобаста мебошад. Бо назардошти ҷойгиршавии минтақа, иқлим ва боигариҳои табиӣ, бояд қайд кард, ки шаҳри Кӯлоб дорои мушкилоти экологии вобаста ба истеҳсолоти саноатию кишоварзӣ буда, доимо зери хавфи таъсири офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел ва обхезӣ,  қарор дорад. Инчунин, ҷиҳати кам намудани таъсири манфии корхонаҳои фаъолияткунандаи саноатӣ, зарур аст, ки механизми мавҷудаи экспертизаи экологӣ ба таври самаранок истифода гашта, нақшаи чорабиниҳои амалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва мониторинги экологӣ таҳия ва татбиқ гардад. Корхонаҳои саноатии мавҷуда ба атмосфера партовҳои газмонанд ихроҷ ва партовҳои сахти маиширо   боқӣ мегузоранд. Хати канализасионӣ ва иншооти обтозакунии шаҳр дар ҳолати корношоям қарор дошта, ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Дар шаҳр, бинобар корношоям гаштан ва аз кор баромадани қубурҳои обгузару, хатти корез, обҳои ифлоси канализатсионӣ бе коркарди биологӣ ва тозакунӣ ба муҳит партофта мешаванд ва боиси ифлос гаштани муҳити зист мегарданд. Иншооти ташнобу коррез дар ҳолати ғайриқаноъатбахши техникӣ қарор дошта, ба талаботу қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва экологӣ ҷавобгӯй намебошанд ва алалхусус дар фасли тобистон боиси пайдоиши касалиҳои сироятӣ мегардад.

Партовҳои сахти маишӣ. Аз рӯи ҳисоботи оморӣ дар як сол аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб (210,8 ҳазор нафар) ба муҳити зист 190 ҳазор тонна партов бароварда, боиси ифлосшавии обу замин ва муҳит мегардад. Бо сабаби набудани ҷойҳои махсуси партовҷамъкунӣ вазъият дар деҳот боз ҳам ташвишовар мебошад.

Дар шаҳри Кӯлоб ҷойҳои махсус барои партовпартоӣ вуҷуд дорад, вале барои кашонидани партов ба ҷойҳои таъиншуда аз сабаби фарсудагию норасогии техникаи коммуналӣ, интиқоли мунтазами он душвор гаштааст. Муассисаи коммуналии шаҳрро зарур аст, ки дар ин бора чораҳои амалӣ андешад. Партовгоҳи шаҳрӣ дар масофаи 10 км дур аз маркази шаҳр ҷойгир буда, ба азнавсозӣ эҳтиёҷ дорад.

Яке аз манбаъҳои партовҳои хатарнок, ин лампаҳои симобдори корношоям мебошад. Дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб нуқтаҳои қабули лампаҳои симобдори корношоям ташкил карда шудааст. Бо назардошти талаботи аҳолии шаҳр ба чунин лампаҳо, қисми асосии ин лампаҳо ба муҳит партофта шуда, ба заҳролуд гаштани муҳити зисти минтақа оварда мерасонад. Масъалаи ҷамъоварии минбаъдаи лампаҳои симобдори корношоямшуда, танҳо дар ҳолати ҳалли фаврии бунёди корхонаҳои коркарди онҳо ба танзим дароварда мешавад.

Бо сабаби нодуруст чаронидани чорво мавзеъҳои чорвочаронӣ дар баъзе ҷойҳо ба хӯрдашавӣ дучор гардидаанд. Лозим аст, ки чорвочаронӣ ба як низому тартиб дароварда шуда, тақвияти корҳои ниҳолшинонию барқарорсозии ҷангалзору дарахтзорҳои харобгардида ба мақсад мувофиқ мебошад.

Набудани биомабразҳо дар роҳи магистралии аз сарҳади ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то сарҳади ноҳияи Восеъ, ба ифлос шудани муҳити зист боис гашта ба ҳолати санитарию экологӣ таъсири манфӣ мерасонад. 

5.2. Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, пешгирӣ ва кам кардани хатари онҳо.

Низоми ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ вазифаи огоҳсозӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода, пешгирӣ ва бартараф намудани хавфи ҳолатҳои фавқулодаро ба зимма дорад. Ҳамасола дар мавсими баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва боришоти зиёд боиси обхезӣ, фаромадани ярч ва омадани сел гашта, дар натиҷа ба иншооти муҳими шаҳру деҳоти Кӯлоб хисорот мерасонад.

Давоми солҳои 2010-2018 дар шаҳр ҳамагӣ 9 ҳолати таъсири офатҳои табиӣ, аз ҷумла 6 сел ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ тӯли солҳои 2010-2018 ба иқтисодиёти шаҳру деҳот беш аз 58 млн. сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст, ки аз масъулини соҳа андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд. Пешгирӣ ва кам кардани таъсири ҳолатҳои фавқулода яке аз вазифаҳои асосиии вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ба масъулини соҳа зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Таъмини ҳифзи муҳити зисти бароҳат тавассути афзалиятҳои зерин таъмин мегардад:

  • таъмини рушди низоми хизматрасонии коммуналӣ;
  • баланд бардоштани дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳтар намудани ҳолати санитарӣ;
  • тақвияти ҳавасмадгардонии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ барои ҳифзи муҳити зист ва ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисодиёти сабз»;
  • рушди низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда.

Мушкилоти асосӣ:

  • ҳолати ғайриқаноатбахши иншоотҳои обрасонию обтозакунӣ ва канализатсионӣ;
  • мушкилоти аз назар берун мондани тозагии маишӣ дар ҷамоатҳои деҳот;
  • истифодаи ғайрисамараноки чарогоҳҳо;
  • ҳолати ногувор ва ташвишовари каналҳои селпарто ва селроҳаҳо;
  • хавфи таъсири манфии ҳодисаҳои табиӣ;
  • бо оби полезӣ пурра таъмин нагардидани мазраъҳо;
  • сатҳи пасти вазъи санитарӣ ва экологӣ, махсусан дар соҳаи коммуналӣ.

Вазифаҳои асосӣ:

  • беҳтар намудани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои обтаъминкунию беҳдошт;
  • таъмини рушди низоми самараноки хизматрасониҳои коммуналӣ;
  • пурзӯр намудани ҳавасмадгардонии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ барои ҳифзи муҳити зист ва ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисодиёти сабз»;
  • таъмини рушди низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда.

 

            Натиҷаҳои чашмдошт:

  • дастрасӣ ба хизматрасониҳои манзилию коммуналии мутобиқ ба талаботи муосири санитарӣ ва экологӣ беҳтар мегардад;
  • дастрасии аҳолӣ ба об ва хизматрасониҳои санитарӣ, махсусан дар деҳот беҳтар мегардад;
  • фарҳанг ва масъулияти экологӣ беҳтар мегардад;
  • бо тоза намудани селравҳо ва бунёди саддҳои муҳофизатӣ хатари офатҳои табиӣ пешгирӣ карда мешавад.

БОБИ 6. ИДОРАКУНИИ ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

6.1. Сарчашмаҳои маблағгузории татбиқи барнома

Татбиқи афзалиятҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2021-2025 аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ пешбинӣ мегардад. Сарчашмаҳои асосии маблағгузорӣ буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети вилоятӣ, буҷети маҳаллӣ, сармояи хориҷӣ, маблағҳои бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор мебошад. Ҳамзамон дар назар аст, ки тавассути шарикони рушд маблағҳои грантӣ зиёдтар ҷалб карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

МУНДАРИҶА

Рӯйхати ихтисорот .........................................................................................................3

Пешгуфтор.......................................................................................................................6

Ҳолати умумӣ ва таҳлилӣ  вазъи воқеии шаҳри Кӯлоб................................................7

 

БОБИ 1. КӮЛОБ ДАР СОЛИ 2025

1.1. Татбиқи барномаи қаблӣ ва сабақҳои андӯхта .....................................................9

1.2. Биниш, ҳадаф ва вазифа..........................................................................................10

1.3. Тарафҳои қавӣ, заиф, имкониятҳо ва таҳдидҳо.....................................................12

БОБИ 2. ИҚТИСОДИЁТ

2.1. Саноат......................................................................................................................12

2.2.  Шарикии давлат ва бахши хусусӣ ........................................................................17

2.3. Фазои сармоягузорӣ ...............................................................................................21

2.4. Сохтмон ва меъморӣ ..............................................................................................23

2.5. Бахши молиявӣ .......................................................................................................24

2.6. Буҷети маҳаллӣ .......................................................................................................24

27. Бозори истеъмолӣ ...................................................................................................26

2.8. Кишоварзӣ ...............................................................................................................27

БОБИ 3. ИҶТИМОӢ

3.1. Маориф.....................................................................................................................32

3.2. Тандурустӣ ...............................................................................................................37

3.3. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ...........................................................................................40

3.4. Фарҳанг ва фароғат .................................................................................................41

3.5 Сайёҳӣ. .......................................................................................................................43

3.6. Варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон......................................................................44

БОБИ 4. ИНФРАСОХТОР  

4.1. Хоҷагии манзилию коммуналӣ................................................................................45

4.2. Таъмини оби нӯшокӣ ва масъалаҳои корезӣ ..........................................................47

4.3. Роҳу нақлиёт .............................................................................................................49

4.4. Таъминоти барқ.........................................................................................................52

БОБИ 5. ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

5.1. Ҳифзи муҳити зист ...................................................................................................54

5.2. Омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва кам кардани хатари онҳо..........55

БОБИ 6. ИДОРАКУНИИ ҶАРАЁНИ БАРНОМА

6.1. Маблағгузории барномаи рушди шаҳр ..................................................................56

6.2. Низоми мониторинг ва арзёбӣ.................................................................................57

Замимаҳо: занҷири мантиқӣ бо фарогирии лоиҳаҳои ҳамаи соҳаҳо, нишон додани индикаторҳо, аз ҷумла, индикаторҳои Ҳадафҳои рушди устувор.

 

 

 

 

 

 

 

 

РӮЙХАТИ ИХТИСОРОТ

АОМО          Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АИҶТ            Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

АСИТ Ассотсиатсияи соҳибкории инноватсионӣ ва технологӣ

АСМС           Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти

                      савдоиназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АХД               Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон

БАТР             Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

БВИ                Бахши воқеии иқтисодиёт

БҒС                Бемориҳои ғайрисироятӣ

БДС                Барномаи давлатии сармоягузорӣ

БМР               Барномаи миёнамуҳлати рушд

БМТ               Бонки миллии Тоҷикистон

БРСММ        Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид

БР                   Барномаи рушд

БУО               Барномаи Умумиҷаҳонии Озуқаворӣ

БХ                   Бахши хусусӣ

ВА                  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАО               Воситаҳои ахбори омма

ВКИШ          Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКДО            Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКХО Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВМАО           Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВМКБ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

ВМ                 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВМЕҲ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВНАҚ            Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВНМО           Вируси норасоии масунияти одам

ВНМО/

БПНМ           Вируси норасоии масунияти одам/бемории пайдошудаи норасоии

                        масуният

ВРИС             Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВСАН Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВТАН            Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВФАР             Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВҲМ               Воситаҳои ҳосилавии молиявӣ

ВЭНЕ             Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДИД              Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии

                        Тоҷикистон

ДИПҶТ         Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИНГ               Индекси нобаробарии гендерӣ

ИРГ                Индекси рушди гендерӣ

ИРИ               Индекси рушди инсонӣ

КА                 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КАС               Комплекси агросаноатӣ

КАТС             Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ

КВД               Корхонаи воҳидии давлатӣ

КДИЗ            Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КДСА            Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии

                        Тоҷикистон

ККЗО            Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КМВС            Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КҶВС            Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии

                        Тоҷикистон

КҲМЗ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КҲФМ           Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати

                        Ҷумҳурии Тоҷикистон

КРМ              Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

КТВР             Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

МваА             Мониторинг ва арзёбӣ

МИМҲД       Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

ММД             Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

МОИ             Минтақаҳои озоди иқтисодӣ

МТО              Муассисаҳои таҳсилоти олӣ

МТС               Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЭС              Маркази эпидемологию санитарӣ

НБЭ               Низоми барқии энергетикӣ

НБО               Неругоҳи барқии обӣ

НБОХ Неругоҳи барқии обии хурд

НБГ               Неругоҳи барқии гармидиҳи

НТҶ               Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ

ПХОТ Паст намудани хавфи офатҳои табиӣ

РОТ                Роҳи оҳани Тоҷикистон

СМР               Стратегияи миллии рушд

СМР-2030     Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи

                        то соли 2030

СМХ              Сармояи мустақими хориҷӣ

СУС               Созмони Умумиҷаҳонии Савдо

СХМ              Соҳибкории хурду миёна

ТБ                   Ташкилотҳои байналхалқӣ

ТҚХ                Ташкилоти қарздиҳии хурд

ТҶШ              Ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ

ФДС               Фонди дастгирии соҳибкорӣ

ФМИКТ        Федератсияи мустақили иттифоқи касабаи Тоҷикистон

ХА                  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХБА               Хазинаи Байналмилалии Асъор

ХГ                   Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХЗИ               Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХИБ               Хатҳои интиқоли барқ

ХМК              Хоҷагии манзилию коммуналӣ

ХНДСЭ         Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидомологӣ

ҲҶТ                Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲМЗ               Ҳифзи муҳити зист

ҲРУ                Ҳадафҳои рушди устувор

ҶСК “БФОМ”         ҶСК “Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ”

ҶСК               Ҷамъияти саҳомии шакли кушода

ҶТ                  Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШБ                 Шабакаҳои барқӣ

ШБГ               Шабакаи барқии гармидиҳӣ

ШДБХ           Шарикии давлат ва бахши хусусӣ

ШММК         Шӯрои миллӣ оид ба муқовимати коррупсия

ШР                 Шарикони рушд

ШСХК           Ширкати саҳомии холдингии кушода

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP