Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».
Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт. Дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан, мухолифати мусаллаҳона кашиданд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омада буд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишвари мо хисороти азимеро ба бор оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одам гардид.
Миллатҳои мутамаддин ва пешрафта ҳамеша бо андешаи фарҳанги сулҳ гуфтугӯ анҷом медиҳанд, ки он баландтарин арзиши маънавии умумибашарӣ буда, бунёди онро хиради инсонӣ ташкил медиҳад. Дар фарҳанги сулҳ аз замоне, ки инсоният худро шинохт ҳамеша осоиш ва оромӣ ташвиқ шуда, зӯроварию харобкорӣ ва куштори инсон аз тарафи инсоният доимо маҳкум гардидааст.
Паймудани роҳи душвор ва пур аз нишебу фарози сулҳу ваҳат дар Тоҷикистон кори осон ва сода набуд. Зеро доираҳои муайяни сиёсӣ ва гурӯҳҳои бадхоҳи миллат бо ҳар роҳу восита мехостанд аз бесарусомониҳои Тоҷикистон манфиат бардоранд. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон мардона, бо иродаи матини сиёсӣ ва сарбаландона аз обу оташ гузашта, якҷо бо миллати хеш ин роҳи мақсудро паймуд. Аз он рӯзи таърихӣ ҳамакнун 27 сол сипарӣ мешавад. Солҳо мегузаранд, зиндагӣ ба маҷрои тозатаре ворид мешавад, аммо нақши сарнавиштсози ин рӯз, рисолати таърихии он арзиши бештаре касб мекунад.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун рӯзи Ваҳдат бо арзи шукргузорӣ аз фазои ороми Ватан ҷашн мегиранд. Рӯзи ваҳдатро аз муҳимтарин дастовардҳои истиқлоли кишвар метавон ҳисоб кард ва дар қатори дигар саҳнаҳои таърихии миллати мо барои ҳар фарди тоҷикистонӣ муқаддас аст. Ин рӯз дар шумори беҳтарин рӯзҳои босаодати миллати мост. Зеро баъди ин рӯз мо эҳсос кардем, ки кишвар ва миллати мо аз нестӣ раҳоӣ меёбад. Шарораи умеде дар дили ҳамагон фурӯзон мегашт ва муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойи душманиву тафриқаафканиро мегирифт. Бинобар ин, ҳар фарди бедордилу ватандӯст, ки обу хоки Ватани аҷдодӣ-Тоҷикистон барояш азиз аст, бояд сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагиро чун гавҳараки чашми хеш ҳифз намояд ва барои таҳкими бештари он талош варзад, то насли ҷавони давронсози мо бо осоиш ва хотири ҷамъ дар он зиндагӣ ва кор кунанд.
Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар тамоми қувваҳои солими ватанро ба хотири сулҳу ваҳдат, таъмини амният ва ризоияти ҷомеа дар атрофи худ муттаҳид сохта, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мавҷудбударо давра ба давра бо барномарезиҳои мушаххас ҳаллу фасл менамоянд.
Паёмади дигари сулҳу Ваҳат дар кишвар ин рушди соҳаи маориф, фарҳанг ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Бо фаро расидани фазои сулҳу Ваҳдат Президенти кишвар барои аз вазъи ногувор раҳоӣ додани мактабу маориф тамоми талошҳои худро ба харҷ доданд, зеро медонистанд, ки дар сарзамине, ки илму дониш нест, дар он ҷо ҷаҳолат ва ақибмондагӣ ҳукмронӣ мекунад.
Ҳоло дар гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шудаанд ва мешаванд.
Дар фазои Ваҳдат замони эҳёи давлатдории миллӣ, созандагӣ ва рушди Ватани азизамон идома дорад ва аз ин даврони босаодат, ки ҳазор сол баъд аз Сомониён насиби миллати тоҷик гардидааст, бояд қадру шукргузорӣ кард. Дар ҳақикат ҷои ифтихор ва шукргузорист, ки Ватани соҳибистиқлоли мо-Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замони навин ва ҷомеаи пешрафтаи дунё ҳамқадам гардида, аз ҳама ҷиҳат пеш рафта истодааст.
Тоҷикему якдилу ҷонем,
Партави як субҳи тобонем.
Шӯълаи як моҳи шомафрӯз,
Нури як хуршеди тобонем.
Ваҳдати мо-иқтидори мо,
Ваҳдати мо-ифтихори мо.
Сафарова Моҳинав - омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP