Дар доираи сиёсати хайрхоҳонаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аёдати собиқадорони соҳаҳои гуногун дар арафаи иду ҷашнҳо ба ҳукми анъана даромада, онҳо барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷавонмардони шуҷову далери меҳан қадршиноси мегарданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар арафи истиқболи иди ғалаба ба аёдати Ойимгул Орифова рафтанд.
Бояд ёдоварӣ намуд,ки Ойимгул Орифова тайи фаъолияти чандинсолаи омӯзгории худ тавонист 1000-ҳо хонандагонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намуда, ба ин васила саҳми арзандаи худро дар пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон гузоштааст. Дар ин баробар фарзандони хубро тарбия намуданд, ки ҳар кадоми онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ кору фаъолият карда, ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат намуда истодаанд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP