Имрӯз дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кули Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бо ҷалби шарикони рушд, аз ҷумла Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар доираи "Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ" Бунгоҳи тиббӣ дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки Роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар меҳмонон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Зимни ба истифода додани Бунгоҳи тиббӣ Роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, изҳор доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа пешравиҳо дида мешавад, ки ин аз фазои сулҳу оромӣ сарчашма мегирад.
Тавре, ки мову шумо шоҳид шудем, бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд дар доираи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони деҳаи Кул ва кормандони соҳаи тибб Бунгоҳи тиббии замонавӣ бо тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст, ки ҳар як табиб метавонад пеш аз ҳама бо дилу нияти пок ба мардум хизмати софдилонаи таббӣ расонад.
Имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Кӯлоб дар ҳама соҳаҳо дигаргуниҳои куллӣ сурат гирифта истодаанд, ки ин барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон мусоидат менамоянд.
Дар идома раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо изҳору сипос аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати дастгириҳои ҳамаҷониба баҳри татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб миннатдории худро баён намуданд ва таъкид доштанд, ки мардуми сарбаланду муваффақи шаҳри Кӯлоб тамоми дастуру супоришҳои мушаххаси Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, дар оянда низ баҳри боз ҳам обод намудани ҳар як гӯшаи Ватанамон, аз ҷумла шаҳру деҳоти Кӯлоб чораҳои дахлдор андешида, содиқонаву софдилона хизмат менамоянд ва ҷашни муқаддаси миллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ истиқбол менамоянд.
Ҳамзамон, роҳбарият ва кормандони Бунгоҳи тиббӣ миннатдории худро ҷиҳати сохта ба истифода додани иншооти зарурӣ ва ин ҳам дар деҳаи Кул, ки барои истиқоматкунандагони ин ҷо саривақтӣ мебошад, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд ва изҳор намуданд, ки мо талош менамоем, ки ба мардум хизмати тиббӣ расонда, содиқонаву софдилона хизмат намоем.
 
                                                                                                    Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP