Санаи 28 майи соли равон дар асоси нақшаи баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ таҳти унвони "Тоҷикона мепӯшем", ки аз тарафи муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат Ашур, нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хосатан дастури бевоситаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аксияи "Тоҷикона мепӯшем" баргузор гардид.
         Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо муаррифии либоси миллӣ мебошад, зеро оламиён миллати тоҷикро бо фарҳанги хоси шарқиёна мешиносанду эҳтиром менамоянд.
           Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд. Либос дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари давлат ва миллат мебошад. Агар давлатро аз як ҷиҳат аз рӯйи муқаддасоташ: Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ шиносанд, аз тарафи дигар аз рӯйи либос ва фарҳангаш мешиносанд. Аммо, аз чӣ сабаб бошад, ки баъзан занону духтарони тоҷик вақтҳои охир ин рукни муқаддаси миллатро камтар қадр менамоянд ва арзиши миллии онро нодида мегиранд.
         Набояд зани тоҷик аз либоси миллии хеш дида ба либоси бегона шавқу ҳавас дошта бошад, зеро ин ба мо – тоҷикон, мардуми дорандаи фарҳанги бою пурарзиш зебанда нест. Дуруст мегӯянд, ки зани тоҷикро либоси миллиаш зеботар менамояд, на либоси халқу миллатҳои дигар. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро зарур аст, ки ба қадри либоси миллиамон бирасанду эҳтироми онро ба ҷо оранд, чунки зани тоҷикро дар ҳама давру замон бо либоси миллиаш мешиносанду эҳтиром менамоянд.
          Дaр Тоҷикистон нaфaреро пaйдо нaмудaн душвор aст, ки мaфтуни сеҳру ҷозибаи aтлaсу aдрaси Суғд, чaкaни Хaтлон, гулдӯзиҳои нотaкрори минтaқaи Рaшт, aлочaву шоҳии водии Ҳисор, рaнгҳои пурҷилои куртaву тоқӣ вa ҷӯробҳои Бaдaхшон нaбошaд. Либоси миллии мо мaҳз бо ҳaмин рaнгу ҷило дaр ҷaҳон муaррифӣ гaрдидaaст. Бояд ба ин афрод гӯшрас намуд, ки либоси миллии мо тоҷикон аз замони пеш то ба имрӯз чакану атласу адрас мебошад ва шоирони бузурги мову ҳунармандони асили санъати тоҷик, ки аз ин муқаддасоти миллӣ бохабар ҳастанд, онро таҷассуму тараннум намуданд.
Эй духтари нозанини қадрас,
Зебанда туро либоси атлас…
***
Бо шоми сипеду ранги зебои чакан,
Гулрез бувад ваҷаб-ваҷаб хоки Ватан.
 
          Ифтихор аз он дорем, ки зaнону модaрони тоҷик дaр ҳaмa дaвру зaмон посдори оину aнъaнaҳои муқaддaси хaлқу миллaт бa шумор мерaвaнд. Умед аст, ки духтарони нозанину модарони меҳрубони тоҷик ҳамеша ва дар ҳар замоне, ки набошад фарҳанги бегона ва либоси ғайрро ба бар наменамоянд ва ҳамеша либоси зебою шинамашонро аз дигар либосҳо болотар мегузоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP