Ваҳдати миллӣ маънои ягонагии фикрӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии тамоми гуруҳҳои ҷомеаро ифода мекунад. Он ҷараёни мураккаби иҷтимоӣ ва сиёсист, ки дар натиҷаи он миллатҳо аз рӯи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид мешаванд. Барои Тоҷикистон, ки солҳои душвори пас аз истиқлолро аз сар гузаронд, ваҳдати миллӣ на танҳо як арзиш, балки шарти асосии бақои давлат буд.
Дар таърихи навини Тоҷикистон, рӯзи 27 июни соли 1997 ҳамчун рӯзи имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин сана оғози марҳилаи нави ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар гардид. Бо раҳбарии Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон тавонист аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфта, роҳи созандагӣ ва ободкориро пеш гирад. Имрӯз ин таҷриба дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун намунаи мусбати ризоият ва ҳамгироии миллӣ эътироф шудааст.
Ваҳдати миллӣ пешрафту ободонӣ, рушди кишвар ва дӯстии байни афроди ҷомеа, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тамоми аъзои ҷомеа мебошад. Бинобар ин, вобаста ба тамоюлҳои носозгори ҷаҳони имрӯз, ки даргири аксари давлатҳо ва ҷомеаи башарӣ гардидааст, аз ақли солим кор гирифта, манфиатҳои миллӣ ва давлатии кишварро дар мадди аввал гузорем ва Ваҳдати миллиро ба мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Нагузорем, ки сулҳу ваҳдати бо талошҳо ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастомада, зарррае халалдор гардад. Мо арзиши ин сулҳу оромии мавҷуд дар кишварро хуб дарк мекунем ва онро азизу муҳтарам медорем. Бартарии ҷомеаи имрӯзи мо аз замонҳои дигар пеш аз ҳама дар он аст, ки баробарии занону мардон дар ниҳояти адолату эътирофи ҳуқуқҳо риоя мешавад.
Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери парчами сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави тараққиёти устувор ворид гаштааст, ҳар як шаҳрванди ин сарзамин бояд бо ифтихор аз гузашта, эътимод ба имрӯзу фардо барои тақвияти якпорчагии Ватан кӯшиш намояд. Ваҳдати миллӣ на танҳо сабақи таърихӣ, балки неъмати бузургест, ки онро бояд ҳамарӯза пос дошт, аз он ҳимоят кард ва ба наслҳои оянда ҳамчун мероси муқаддас интиқол дод.
Қодирзода Мубориз
Сардори муассисаи давлатии назорати
сектори хусусии назди МИҲД и ш.Кӯлоб