Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ва барои ман пурифтихор, пеш аз ҳама тамоми ҷавонони саодатманди Ватани маҳбубамонро ба ифтихори «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон», ки ҳамасола санаи 23-юми Май таҷлил мегардад, самимона шодбош намуда, ба ҳар як ҷавони ватандӯсту хештаншинос бахту иқболи баланд ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу ваҳдати сартосариро таманно дорам.
          Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои созандаашон баҳри таъмини амният ва зиндагии шоистаи ҳар як сокини кишвар мусоидати амиқ пайдо намуд.
      Имрӯз Тоҷикистони тозаистиқлол бо ташаббусу роҳнамоиҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон ҳам дар дохил ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми бузургро касб намуда истодааст, ки ин аз фазои сулҳу оромии Ватани маҳбубамон гувоҳӣ медиҳад.
Воқеан, имрӯз мо ҷавонони Тоҷикистон аз он ифтихор дорем, ки дар як ватани тинҷу осуда ва зери сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари одилу дурандеш, хирадсолору фарҳангсолор, раъяитпарвару ятимпарвар ва ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ва кору фаъолият дорем.
      Тавре, ки дар баромадҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медоранд, ки «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».
         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё намудани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва монанди инҳо тадбирҳои муассир андешида, тамоми кушишҳои худро равона сохта истодааст. Таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудани Роҳбарияти Олии кишвар ба масоили марбут ба сиёсати ҷавонон, ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро водор месозад, ки дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон, рушди фарҳанги миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, арзишу муқаддасоти миллӣ, пойдории сулҳу суббот тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии худро равона созад. Бо дарназардошти саҳми беназири ҷавонон дар пиёда сохтани ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар кишвар моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда шуд. Ҳамзамон бо иқдоми созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумуҳурии Тоҷикистон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардид, ки ин боиси ифтихори ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад. Ин иқдоми созанда, дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас гузошт. Ин ташаббуси наҷибона, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид.
          Имрӯз мо ҷавонони хуштолеъи замони соҳибистиқлолӣ истиқбол аз тамоми ташаббусҳои роҳнамунсози Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар арсаи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем ва аз ин ифтихор мекунем.
           Воқеан, Тоҷикистон кишвари ҷавон ҳаст ва 70 фоизи аҳолиро ҷавонони то сини 30 сола ташкил медиҳад. Имрӯз бо пуштибони аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони имрӯза дар тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ҳамчун як ҷавони ҷаҳондида, донишманд ва пешоҳанги ҷомеа кору фаъолият дошта, дар пешбурди ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ватанамон саҳми худро гузошта истоаанд.
         Маврид ба зикр аст, ки ман имрӯз бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватнадорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зери роҳнамоиҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хосатан раиси шаҳр муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр фаъолият дорам, ки ин барои ман мояи ифтихор ва сарфарозист. Зеро, ки роҳбарияти шаҳр дар ҳар як суханашон нисбати ватану ватандорӣ, хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, эҳтироми якдигар, аз ҷумла калонсолон, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ таъкид менамоянд, ки ин яке аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон бо пуштибонӣ аз сиёсати ҷавонправарона, талошу заҳматҳо, дастгириҳои ҳамешагии абармарди арсаи сиёсати сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ҷавонони мо дар тамоми самтҳои гуногуни мамлакат баҳри татбиқ намудани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқонаву софдилона хизмат карда истодаанд.
         Имрӯз ҷавонони мо бо иродаи қавӣ, дониши баланд, маҳорати касбӣ, ташаббускориву навоварӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дастболо гардида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардоранд, ки аз доштани ҳисси баланди худшиносию ифтихори ватандорӣ шаҳодат медиҳад.
       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз худ кардани донишу малака беҳтарин шароитҳои мусоиди таълиму тарбия, ташкил намудани озмӯнҳои фаннӣ, дар баробари ин роҳандозӣ намудани озмӯнҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон ватани азизи ман» ва дигар озмӯнҳоро барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии ҷавонон ва насли ояндаи миллат эълон намудаанд, ки ин метавонад дар оянда чеҳраҳои мондагорро тарбия намоянд.
         Воқеан, имрӯз ҳар як соҳибватан аз тоҷик буданаш ифтихор менамояд, зеро чунин роҳбари хирадманду одил ва дурандеш дорем, ки ҳастии худро барои бунёди як давлати мутамаддин бо номи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз сари нав бунёд намуд, истиқлоли воқеиро ба даст оварда, мардумро муттаҳид кард, шуълаи умедбахши зиндагиро барои ҳар як сокини кишвар расонид, модаронро дар оғӯш гирифт, насли созандаро чун падар роҳнамоӣ кард, ба дилҳо нуру зиёро овард, яъне дубора миллат сохт, ки имрӯз ин миллат дар арсаи ҷаҳонӣ дар симои абармарди арсаи сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохта шуд.
         Мо ҷавонон имрӯз Шуморо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯст медорем, имрӯз бо шарофати Шумо ва сиёсати ҷавонпарваронаи Шумо дар Тоҷикистон «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад ва мо дар фазои сулҳу оромии Ватани маҳбубамон чун фарзандони ин диёри бостонӣ болу пар мекушоем.
           Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо ҷавонони саодатманди Ватанро бахшида ба «Рӯзи ҷавонони ҷавонони Тоҷикистон» табрик намуда, ба Шумоён иқболи баланд ва муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.
 
  Вализода Султонҷон Ёқуб – мудири бахши бойгонӣ - матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, аъзои                      Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP