Солҳои 1921-1924 минтақаи Кӯлоб аз тарафи Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ идора карда мешуд. Соли 1923 нахустин бор дар вилояти Кӯлоб интихоботи мақомоти Халқии Ҳокимияти Шӯравӣ (аз оқсақолҳои деҳот сар карда то Кумитаи иҷроияи вилоятӣ) гузаронида шуд. Дар Анҷумани нахустини шӯроҳои намояндагони коргарону деҳқонон (1-6 ноябри соли 1926) раёсати шӯрои вилояти Кӯлоб интихоб гардид, ки он ба А.Алиев, Бобо Саид, Доброволский ва И.Қурбонов шомил шуданд. Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагон 15 нафар аъзо дошт ( раис Бобо Саид). То нимаи дуюми соли 1926 вазифаву мансабҳои пешин, аз қабили муфтӣ, раис, қозӣ, арбоб, вакил, аминачӣ боқӣ монда буданд. Дар баробари ин дар тарзи идоракунӣ сохторҳои нав-вилоят, туман, кент, шӯроҳои ҷамоат ҷорӣ карда мешуданд, ки аз ҷониби кумитаҳои инқилобӣ идора мегардиданд. Бештари роҳбарони ин сохторҳо муздурони собиқ буданд. Нахустин сардорони кумитаҳои инқилобии ноҳияҳои Кӯлобу Мӯъминобод С.Назаров, Бобо саид, Балҷувон  Шаҳобуддин Тоиров, Ховалинг Мирзотӯра Раҳимов буданд.
Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои Комиссарони Халқии ҶМШС Тоҷикистон 7 июни соли 1926 дар бораи гузариш ба воҳидҳои нави маъмурӣ- ноҳияҳо ва ҳавзаҳо қарор қабул кард. гузариш ба секторҳои нав соли 1929 оғоз ёфт. Дар ҳайати Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони шаҳр ва вилояти Кӯлоб дар соли 1927 чунин шӯъбаҳо таъсис дода шуданд: милисаи халқӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, молия, савдо ва хӯроки умумӣ. Дар ибтидои соли 1928 КИМ ШКХ ҶМШС Тоҷикистон қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатии худро дар шаҳри Кӯло гузаронид. Яке аз мақсадҳои асосии қабули чунин қарор кӯмаку дастгирӣ кардани Кумитаи иҷроияи шаҳру вилояти Кӯлоб буд.
Роҳбарони Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ: Бобо Саид (1923-1926) С. Назаров (1943-1944), С.Ризоев (1944-1946), А. Абдулхайров (1946-1947), О. Юнусов (1948-1949), К.Кунавин (1950-1951), Р.Розиқов (1951-1953) А. Боиро (1953-1954), Х. Бобоҷонов (1955-1956), М. Вайсов (1957) М.Ҷумъаев 91957-1958), М. Бекматов (1958-1960), К. Бобохонов (1960-1964), О. Сарварова (1964-1974) Ҳ. Шарифов (1974-1975) У. Аҳроров (1975-1981) Т. Ғозиев (1982-1987), А. Мирзоев (1987-1988), Б. Мирзоев (1988-1990).
Пас аз истиқлолияти миллӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) сохтори идоракунии давлат низ дар ҷумҳурӣ тағйир ёфт. Дар нахустин сессияи Шӯрои намаояндаги  халқи шаҳри Кӯлоб мақомот таъсис дода шуд. Мақомот аз ду шохаи асосӣ: Мақомоти намояндагӣ ва Мақомоти иҷроия таркиб ёфтааст. Мақомоти иҷроия дорои 12 шӯъба (молия , маориф, фарҳанг, сохтмон ва меъморӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, савдо, хизмати пулакӣ ва соҳибкорӣ, тандурустӣ, комуналӣ, саноат, нақлиёт ва алоқа), 2 идора (сохмони асосӣ ва кишоварзӣ) кумита (идоракунии амволи давлатӣ, кор бо занон ва оила, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, иқтисод ва равобити иқтисодии берунӣ), дастгоҳи раиси шаҳр мебошад. Дастгоҳ дорои шӯъбаҳои зерин аст: ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, мактубҳо ва қабули шҳавандон, иҷтимоиву фарҳангӣ, алоқа бо созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, муносибати байни миллатҳо ва дин.
Раисони шаҳри Кӯлоб: Ш. Ашӯро (1991-1992), Т. Назиров (1992-1993), ҚРустамова (1994-1995), А. Абдураҳимо (1995-1997), Р. Амиров (1997-1998), Б. Муродов (1999-2003), А. Зардиев(2003-
 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP