Солҳои 1928-1932 дар шаҳри Кӯлоб рӯзномаи «Маҳви бесаводӣ» чоп мешуд. Моҳи марти соли 1933 дар собиқ вилояти Кӯлоб рӯзномаҳои «Ҳақиқати Кӯлоб» ва соли 1944 «Кулябская правда» арзи вуҷуд карданд, ки ба ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Восеъ, Ҳамадонӣ (Москва), Дашти Ҷум, Шӯрообод, Ховалинг, ноҳияи Темурмалик (Совет), Балҷувон, Сари Хосор ва Данғара
хизмат мерасониданд ва онҳо рӯзномаҳоеанд, ки то ҳоло ба нашр расонида мешаванд ва рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» мероси ҳамон «Ҳақиқати Кӯлоб» аст, ки аз соли 1933 нашр шуда, соли равон 89 сола мешавад.
Хонандагони рӯзномаҳои минтақаи Кӯлоб солҳои шастум - ҳафтодум ва ҳаштодуми асри XX бо номи журналистони болаёқат Нураҳмад Одинаев, Шералӣ Яҳёев, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Карим Давлатов, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Акбар Муслимов, Абдулфайз Атоев, Аслон Исломов, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Мираҳмад Амиршоев, Нозирҷон Ёдгорӣ, Мисралӣ Сониев, Ғанӣ Давлатов, Саид Раҳмонов, Бӯрихон Амиров ва ғайра фахр мекарданд.
Баъди 19 соли барҳам хӯрдани вилоят, моҳи январи соли 1974 вилояти Кӯлоб аз нав барқарор гардид. Шодию хурсандии мардум, аз ҷумла журналистон ҳадду канор надошт. Кумитаи телевизион ва радиои вилоятӣ бо раисии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб 2 ноябри соли 1974 таъсис дода шуда, он 4 апрели соли 1975 ба кор шурӯъ кард. Аз 1 январи соли 1976 шумораи аввалини рӯзномаҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ» (муҳаррираш Қ. Холов), «Кулябская правда» (муҳаррираш Г. Гановичев) ба дасти хонандагони сершумор расиданд. Ба рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» журналистони бомаҳорат аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кор ҷалб карда шуданд. Рӯзномаҳо ҳафтае панҷ шумора чоп мешуданд. Базаи полиграфии матбааи вилоятӣ (директораш Б. Мирзоев) мустаҳакам гардид.
Қувваҳои эҷодии ҳар ду рӯзномаи вилоятӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи журналистика мустаҳакам мегардиданд. Мирзо Қосимов, Зуҳур Гадоев, Саидаброр Умаров, С. Муродалиев, Мирзо Сироҷов, Раҷабалӣ Назаров, Мирзо Фирӯзов, Абдураҳмон Толибов, Ашӯр Иброҳимов, Моҳитобон Шарифова, Адолат Амирова, Файзулло Убайдуллоев, Масамӣ Абдураҳмонов аз ҷумлаи журналистоне буданд, ки ҳаётро бештар омӯхта, услубҳои нави навиштаҷотро мунтазам ҷустуҷӯ намуда, мақолаҳои публитсистӣ, очерку лавҳаҳо ва репортажҳои пурмазмуну таъсирбахш менавиштанд.
Талаби замон буд ё тақдир, ки охири соли 1988 вилояти Кӯлобу Қӯрғонтеппаро барҳам дода, вилояти Хатлонро ташкил карданд. Фаъолияти рӯзномаҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ», «Кулябская правда» қатъ гардид. Рӯзномаи шаҳрии «Роҳи ленинӣ» ташкил шуда, муҳаррир Ш. Ёдгорӣ ва ҷонишини муҳаррир М. Қосимов таъин шуданд.
Дар рӯзномаи нави вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» Муқим Абдураҳмонов муҳаррир, С.Бобохонов, М. Сониев - ҷонишинони муҳаррир, Раҳмат Ташрифов котиби масъул таъин гардиданд. Рӯзнома ҳафтае панҷ шумора чоп мешуд. Дар шаҳри Кӯлоб бошад қароргоҳи мухбирони рӯзномаи вилоятии « Ҳақиқати Хатлон» ташкил шуд, ки ба ҳайати он Ҳ. Ғоибов (сардор), Қ. Холов, Н. Худойбахшов, С. Раҳмон дохил шуданд. Барои кор дар ин ҷо ҳамаи шароитҳо муҳайё буданд. Мухбирони қароргоҳ хеле сермаҳсул буданд.
Моҳи апрели соли 1990 вилояти Кӯлоб боз аз нав таъсис ёфт. Ба се забон се рӯзномаи вилоятӣ «Хатлон» (муҳаррираш Ҳақназар Ғоиб), «Кулябская паравда» (муҳаррираш Рустам Одинаев), «Элчӣ» (муҳаррираш Ҳайдар Ҷӯраев) аз чоп баромаданд. Бисёр журналистон, аз ҷумла Рустам Абдуллоев, Холбой Қурбонов, Аҳтам Саидшарифов, Қурбон Султонов, Турко Дикаев, Давлат Ҷумъаев, Гобеев Таймураз, Шералӣ Умаров, Иброҳим Ҷалилзода, Пӯлод Мадалиев, Ҷумаъхон Давлатов донишҳои назариявию идеявӣ ва маҳорати касбиашонро баланд бардошта, дар байни хонандагони рӯзномаҳо сазовори иззату эҳтиром гардида буданд.
Баъди муттаҳид карда шудани вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа аз моҳи феврали соли 1993 рӯзномаи «Хатлон» фаъолияташро дар шаҳри Кӯлоб қатъ намуд. Рӯзномаи «Кулябская правда» ба рӯзномаи минтақавӣ табдил ёфта, фаъолияташро дар шаҳри Кӯлоб давом дод. Ҳамзамон рӯзномаи шаҳрӣ бо номи «Навиди Кӯлоб» (муҳаррираш Ҳ. Ғоиб ва ҷонишинаш Қ. Холов) ташкил карда шуд, (соли 1993) ки ин давоми рӯзномаҳои «Ҳақиқати Кӯлоб», «Роҳи ленинӣ» ва «Хатлон» аз соли 1933 ҳисоб мерафт. Баробари нашр шудани рӯзномаи «Хатлон», рӯзномаҳои дигари вилоятӣ бо номи «Новый Хатлон», «Дӯстлик» чоп мешуд.
Дар таърихи матбуоти минтақаи Кӯлоб дар атрофи рӯзномаҳо оммаи васеи мухбирони ғайриштатӣ ҷалб шуда буданд. Номҳои Кӯлобӣ Мавлонов, Тӯра Мирзоев, Давлат Расулов, Давлаталӣ Шамсов, А. Салимов, Барот Мирзоев, Сӯҳбатхон Сайдаҳмадов ва бисёр дигаронро хонандагони рӯзномаҳо дар ёд доранд.
Солҳои 70-ум баъд аз ташкилёбии вилояти Кӯлоб (соли 1973) чунон ки ишора рафт, аз васоити вилоятии ахбори омма нахустин шуда Кумитаи телевизион ва радиои вилоят ба фаъолият шурӯъ кард. Омодагӣ ба кори кумита ҳанӯз моҳи ноябри соли 1974 шурӯъ гардида буд. Таъсисдиҳандаи он шоири маъруф ва журналисти боистеъдод Ҳақназар Ғоиб раиси кумита таъин гардид. ӯ тавонист дар як муддати кӯтоҳ корҳои ташкилӣ ва таҷҳизонидани биноро ба субут расонида, дар атрофаш одамони соҳибистеъдодро чун Саидҷон Ҳакимзода, Искандар Идиев (Искандари Хатлонӣ), Саид Раҳмонов, Бобоҷон Азизов, Салим Муқимов, Қумринисо Латифова, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Наср Бобоев ҷамъ оварад. Ҳамин буд, ки аз моҳи апрели соли 1975 радиои вилоят ба пахши барномаҳои худ оғоз кард.
Баъдтар дар Кумитаи телевизион ва радиои вилоят Муҳаммад Ғоиб, Сафар Амирхон, Хайриддин Қурбонов (Хайрандеш), Моҳитобон Шарифова, Соҷида Мирзоева, Латофат Амирова, Ашӯрбӣ Амирхонова, Адолат Амирова, Равшанмоҳ Гадоева, Аъзам Назаров, Обидҷон Домуллоҷонов ва дигарон ба фаъолият пардохта, барномаҳои радиоро басо ҷолибу шуниданибоб карданд.
Хушбахтона, имрӯз яке рӯзномаҳои бонуфузи мо «Кулбская правда» (муҳаррираш Ситора Одинаева) ҳар ҳафта мунтазам ба чоп расида истодааст ва хеле хуб аст, ки журналистони минтақа бо он ҳамкориҳои зич доранд. Аҳли қалами рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» ҳам ҷаҳд доранд, ки ҳамқадами замон бошанд.
Имрӯз ёдовар шудани номи бисёр рӯзноманигорони касбӣ, ки дар байни мо нестанд, мисли Шоирони халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар, Сафармуҳаммад Аюбӣ, шоирон Саидҷон Ҳакимзода, Искандари Хатлонӣ, журналистон Рустам Содиқ, Рустам Абдураҳимов, Қурбонхон Амиров, Умар Валиев, Аловуддин Давлатов, Абдулло Мурод, Кенҷа Исмоилов, Мисралӣ Сониев, М. Шарифова, Қамиш Каримов, Ҷалилзода, Машариф Орзуев, Адолат Амирова, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Раҳмат Ташрифзода, Турко Дикаев, Наср Бобо, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Нурмуҳаммад Одинаев ва дигарон рӯзи муносиб аст. Гӯри онҳо пурнур ва хонаи охираташон обод бод. Дар шаҳру навоҳӣ имрӯз номи рӯзноманигорон Рустам Одинаев, Темуршоҳи Файзалӣ, Саид Раҳмон, Абдурасул Раҳмон ҳамчун пирони кор маълуму машҳур аст.
Як идда қаламкашон дар байни аҳолӣ ном баровардаанд, ки Сафаралӣ Эргашев, Аҳмад Иброҳим, Аслиддин Достиев, Сайёфи Мизроб, Суҳробшоҳ Фаррухшоев, Алихон Зарифӣ, Ширинҷон Сафаров, Сулаймон Холов, Дилшод Назирмадов, Раҳматалӣ Назриев, Назирмад Сафаров, Бахтиёр Сафаров, Исломи Раҷабалӣ, Худойдоди Ислом, Муҳаммад Мусавӣ, Суннати Содиқ, Абдулмӯъмин Шерхонов, Зафар Муродов, Шамси Билол, Сайҷаъфар Маҳмадалиев ва дигарон аз ин қабиланд.
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ бо ин рӯзноманигорон ҳамкорӣ дошта, ҷаҳд доранд, ки ҳамқадами замон бошанд.
Рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» - нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг, идораи фарҳанги вилояти Хатлон вобаста ба талаботи рӯз ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ нашр шуда, ба хонандагон, ки асосан обуначиёнанд, хабару рӯйдодҳои ҷумҳурӣ, вилоят, мақомоти иҷроия ва ҳаёти шаҳру деҳотро ба табъ мерасонад.
Ҳадафи рӯзнома ташвиқу тарғиби қарору дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Паём»-и Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, сафарҳои расмии Сарвари давлат, ҳукумати ҷумҳурӣ, иҷрои супоришҳои раиси вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла инъикоси Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, инъикоси ҷашнҳои давлатӣ, рӯйдодҳои фарҳангӣ, маорифу тандурустӣ, варзиш, кишоварзӣ, ҳаёти мардум, ташаккули тарзи ҳаёти солим, инчунин гаравидани ҷавонон ба равияҳои ифротӣ, оид ба оқибатҳои ногувору нохуши равияҳо ва гурӯҳҳои террористӣ дар маркази нигоштаҳои рӯзнома қарор гирифтааст.
Дар рӯзнома аз ҳаёти аҳли заҳмат, собиқадорони ҷангу меҳнат, инсонҳои намунакор, навигарию рӯйдодҳои муҳими шаҳру деҳот, вилоят ва ҷумҳурӣ (хабарҳои аҳамияти умумиҷумҳуриявидошта) ба қадри имкон хабару мақолаҳо ба нашр расонида мешаванд.
Ҳайати эҷодии рӯзнома ба сифат, рангорангӣ ва мазмуннокии хабару мақола ва жанрҳои рӯзноманигорӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Кӯшиш дорем, ки дар саҳифаҳои рӯзнома бештар кору пайкори одамони номдор, истеҳсолотчиён, зиёиён ва дигар табақаҳои аҳолӣ ҷо дода шаванд.